Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар мисраи 1-ум хонанда тасаввур мекунад, ки мумтозияти ин байт дар пурсишҳои пайдарпай мебошад. Вале бояд мулоҳиза кард, ки ин суолҳо ба таври хеле мутаносибе воқеъ шуда, гӯшро ба эҳтизоз ва изтироб меандозанд ва дар ҳақиқат ин суолҳои кӯтоҳкӯтоҳ ва қатъӣ қодиранд, ки ҳаяҷони бадеӣ бахшанд, ба ҷӯшу хурӯш дучор кунанд, эҳсосоти қалбӣ ҳосил намоянд, оҳанги дилкашу фораме падид оваранд.

Байти зерини Ҳофиз низ дорои айни имтиёз мебошад.

Қорон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш,
Кай равӣ? Раҳ зи кӣ пурсӣ? Чӣ кунӣ? Чун бошӣ?

Дар ҳар ҷое ки монандӣ ин ашъори барҷастаи санъаткорона на ба назар вомехӯрад, бо иловаи санъат хушоҳангӣ ва мусиқидонии онҳо писандидаи аҳли завқу адаб аст. Аз ин рӯ шеърҳои санъатдор дар айни ҳол ҳатман бояд дорои оҳанги мусиқӣ ва самимият бошанд.

НАҚДУ ШЕЪР

Шеъри писандида ва такаллуфӣ

Дар дебоча доир ба соддагӣ, софӣ, мавзунӣ ва балогати мазмунии шеър музокира рафт ва дар қисми асосии асар аз бисёр қисмҳои санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ таърифу эзоҳ ва намунаҳо аз саромадони сухан, инчунин қисман аз муосирон оварда шуд. Вале мо хостем, ки ин маҷмӯаро танҳо бо таърифу эзоҳи санъатҳои ҷудогона ва мисоли онҳо маҳдуд накунем.

Чунон ки гуфта будем, саромадони сухан ва адабиётшиносони форсу тоҷик дар бораи шартҳои шеъру шоирӣ ва балогати сухан низ бисёр фикрҳои муҳим гуфтаанд, ки ба адибони ҷавони тоҷик хотиррасон намудани баъзеи онҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Ин аст, ки ҳоло дар хотимаи ин қисм дар хусуси шеъри писандида ва нописандида талаботи гузаштагонро зикр намуда, баъд аз он барои исботи муддао ва қаноат ҳосил намудани хонандагон ва махсусан ба мақсади тарбияи бадеии ҷавоншоирон доир ба ҳашв ва заъфи таълиф, танофури ҳуруф, сиркоти шеърӣ чанде маълумот додан мехоҳем.

Шамси Қайсии Розӣ шеъреро, ки бо такаллуф, яъне бо санъатҳои лафзӣ гуфта шудааст, мутакаллиф меномад ва шеъреро, ки ба таври содда, мавзун, дар камоли софӣ ва бо калимаҳои маънус (забонзади мардум) гуфта шуда бошад, матбӯъ — яъне писандида меномад.

Шамси Қайсии Розӣ дар «Ал-мӯҷам» мегӯяд (бо каме тағйири ифода ва ибора аз саҳ. 431):

1 Мутакаллиф — шеъри сохта, ғайритабиӣ ва мушкилфаҳм.

пешина
аз 303
навбатӣ