Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

«Оммаи мардум мепиндоранд, ки шеъри мутакаллиф мутлақо он аст, ки бар вазни мушкил ва азоҳифи гарон гуфта бошад ё калимоти он ба зӯр ба ҳам баста шудааст ва маъонии он ба душворӣ фароҳам мегардад. Ин гумон хатост, аз баҳри он ки ҷумла санъатҳои шеърӣ ва навовардаҳои назм, ки дар фаслҳои гузашта баршумурдем ва онро мустаҳсаноти (ҳусну зебоиҳои) санъат ҳисоб кардем, аз ҳамин кабил мутакаллифоти ашъор аст, ки ҷуз ба имъони назар (диққати назар) ва идмони фикр (варзиши фикр) мисли он даст надиҳад ва монандӣ он муяссар нашавад. Аммо агар шоире илтизом кунад, ки чанд маънии гуногунро дар шеъри андак биёрад ва ё чанд исми мутағоир (зидди ҳам)-ро шуморад ва ё хоҳад барои мулзам кардани ягон муддаӣ (даъвогари лафзан) шеъри ғариб 1 ва назми мушкиле имтиҳони табъ намуда, дар зимни он ҳамчун санъати қалб ва тасҳифро 2 истеъмол кунад, хуруфи атал (бенуқта) ва ё манкут (нуқтадор)-ро лозим дорад, ин кор албатта аз навъи таАССУФ 3 холӣ набошад.

З-ин ҷунбиши шоҳи чархи фарзинрафтор
Дурам чу рух аз рух, зӣ рухи фаррухи ӯр.
Дил з-аспи тараб пиёдаву пили ғамат
Шахмот ба ҷон хоста бар натъи қимор.

Чун илтизом кардааст, ки ҷумла колои (донаи) шатранҷро дар ду байт биёрад, лоҷарам чандин рух барҳам (паси ҳам) афтодааст».

Шамси Қайс шеъри бо санъатҳои лафзӣ — калимабозиро шеъри мутакаллиф, яъне ғайриматбӯъ мешуморад, вале агар шоир тавонад, аз ғайри такаллуф ба таври табиӣ шеъри санъаткорона гӯяд, ин гуна шеъри боиси кушоди табъи хонанда мешавад.

Инчунини дар ин маврид сухани Шамси Қайсро, ки дар муқаддимаи нақдушеър дар боби тафвиф, яъне соф ва покиза аз гилуғиш будани шеър ва аз ҳар гуна омилҳои такаллуфоти зӯрбазӯракӣ холӣ будани он гуфтааст, ба таври мухтасар ва

1 Ғариб — аҷиб, нодир, ғайримукаррар.
2 Тасҳиф — дар навишти арабӣ бо тағйир додани нуқтаи ҳарфе ҳосил кардани калимаи дигаре. Чунон ки Саъдӣ дар калимаи «бӯса» — «тӯша» гуфтааст.

Маро бӯса, — гуфто, — ба тасҳиф деҳ
Ки дарвешро тӯша аз бӯса беҳ.

Дар алифбои арабӣ фарқ миёни «бӯса» ( ) ва «тӯша» ( ) танҳо дар нуқтаҳосту бас. Яъне тасҳифи (тағйири) «бӯса» «тӯша» аст ва тасҳифи «тӯша» «бӯса» мебошад. Мазмуни байт он ки маро мегӯяд: бӯса ба тасҳиф деҳ, ки барои дарвеш бӯса лозим нест, тӯша лозим аст, чунки шиками гушнаро бӯса не, балки тӯша сер мекунад. Саъдӣ ишқро моддӣ карда нишон медиҳад: ишқ ҳам ба шиками сер нигоҳ мекунад. Байги зерин низ шоҳиди ин матлаб аст:

Чунон қаҳтсоле шуд андар Димишқ,
Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ.

3 Таассуф (бо айн ва сод) ба маънои такаллуф ва кори зӯракӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ