Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
тағйири баъзе лаҳзаҳои ифода ин ҷо нақл мекунем, ки аз фоида холии нахоҳад буд:
«Бояд бинои шеър бар вазни хуш ва лафзи ширин, иборати матин, қофияҳои дуруст, таркиби саҳл, маънии латиф ниҳода шавад, чунон ки шеър ба фаҳмҳо наздик бошад, дар идрок истихроҷи (сарфаҳм рафтани) маъмуни он ба андешаи бисёр ва амаони фикр (бо дурандешии фикр) эҳтиёт наяфтад. Аз истироти дур, маҷозоти ғайримашҳур, ташбеҳоти дурӯғ, таҷнисоти мукаррар холи бошад, ҳар байт дар лутф ва маъни ба нафси худ қоим бошад. Ҷуз аз рӯи маъни ва тартиби калом ба дигаре мӯҳтоҷ ва мавқуф набошад. Лафз ва калимаҳо ба ҷои худ афтад ва ҷумлаи шеър яктарз ва якшева (якхела) бошад. Иборат гоҳ баланд ва гоҳ паст нашавад. Маъни гоҳ суст ва гоҳ музтариб (беқарор) нагардад.
Ба таври сазовор паҳлуи ҳам омадани калима ва таркибҳо риоя шуда бошад, инчунин аз калимаҳои бегонаву дури ғайрилуғати фурс (форсӣ) дар он мустаъмал набошад, балки аз саҳеҳ ва машҳури луғати дари ва он чи аз калимаҳои арабии мустаъмал, ки дар гуфтугӯ ва навиштаҷоти порсигӯёни фозил ҷорист, таркиб ёфта бошад».
Мақсади асосии мо — баёни муҳассаноти зотӣ ва аразии калом, то ба дараҷаи ҷомаи амал пӯшиду зеваре ба худ баст, акнун вазифаи мо иборат аз он хоҳад буд, ки бо назари нақдӯшшеъри балоғати маъни ва фасоҳати лафз кӯшише кунем, ки сара аз сақат ҷудо шавад.
Ҳусни калом ба ду ҷудо мешавад: зотӣ ё ки аслӣ ва аразӣ ё ки фаръӣ. Ҳусни зотӣ он аст, ки сухан бо калима ва таркибҳои фасеҳу балиғе мувофиқи забони адаби ва мутобиқи забони гуфтугӯии халқ ороста бошад ва бояд хонанда барои фаҳмидани он ба фарҳангҳо мӯҳтоҷ нагардад. Ҳусни аразӣ иборат аз он аст, ки латофати санъатҳо дар сухан ҷилвагар бошад. Ҳар нависандае, ки ба иҷрои ин шарт амал мекунад, каломаш болиғу фасеҳ аст.
Нуқсонҳои фасоҳатшикани калима бисёранд. Бояд калима аз нуқсонҳои зерин озод бошад: танофури ҳуруф, калимаҳои ғайримаънусу бегона, шаклҳои архаистист, хилофи қиёс, духӯра ва калимаҳои маҳаллии шевагӣ.
НУҚСОНҲОИ ФАСОҲАТШИКАНИ КАЛИМА
- Танофури ҳуруф
Агар дар калима маҳраҷи ҳарфҳо ба ҳам наздик бошад, дар талаффуз вазниние пайдо мешавад, ҳамчун калимаи ҳеъ-ҳаҳ, ки номи гиёҳест, ё ки қалдирғоҷ ба маънои фароштурук ва қурбоққа ба ҷои ғук. Инчунин дар мисолҳои зерин:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё