Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар ин байти Озод Аминзода:
Гар накунӣ ҷониби ман як нигоҳ,
Пераҳан аз хуни ҷигар мекунам.
Аз хуни ҷигар перохан кардан ғайритабиӣ мебошад. Бояд чунин мегуфт: Курта тар аз хуни ҷигар мекунам.
Меравед? Ин чӣ омадан? Ёрон!
Магар аз баҳри оташ омадед?
(Ф. Ансорӣ).
Дар забони халқ «барои алавгирӣ омадед, ки даррав меравед?» мегӯянд. Дар замонҳои пеш гӯгирд набуд, барои пухтани ош ва афрӯхтани чароғ барои оташ гирифтан ба хонаҳо мерафтанд. Дар натиҷа ин ибора пайдо шудааст. Аммо ибораи «барои оташ омадан» маънои пурраи «оташ гирифтанӣ омадан»-ро ифода карда наметавонад. Маънои барои хабар гирифтани оташ омадан, ки оташ ҳанӯз дармегирад ё не, ё ин ки ба гарм шудан омаданро ҳам фаҳмонда метавонад, бинобар ин мақол маънои пурраи халқиашро намедиҳад. Ибора ва зарбулмасалҳои халқиро на ба тарзи ноқиси шикаста, балки дар сурати боз ҳам зарифтар ва ба обуранги ҷозибадоре истифода намудан лозим аст, чунон ки Низомӣ ҳамон ибораро хеле дилкашу ширин дар шеър хӯрондааст:
Ба расин Хусравӣ бинвохтандаш,
Зи Хусрав ҳеҷ вонашнохтандаш.
Ҳамегуфтанд: Хусрав бо никӯӣ
Ба оташ хостан рафтаст гӯӣ,
Биёвард оташе чу субҳи дилкаш
В-аз он оташ ба дилҳо дарзад оташ.
Хоқонӣ низ ибораи «об бину мӯза каш»-ро ба ин нағзӣ кор фармудааст:
Эй бо ту маро дӯстии серӯза,
В-аз хизмати васли ту кунам дарӯза 1.
Гуфтам, ки чаро ту обро нодида
Эй ҷони ҷиҳон, сабук кашидӣ мӯза.
Ҳилолӣ ибораи «ба девор гап задан»-ро дар байти худ чунин омехтааст:
Гӯям, эй шӯх, ба девор ғами дил пас аз ин,
Ба ту гуфтан чу ҳамон асту ба девор ҳамон.
Дар ин мисол:
1 Дарӯза — гадой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё