Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Даст дар гарданам ҳамоил кард,
Гиряи пургудоз аз дил кард.
(Ғаффор Мирзо).
Калимаи мураккаби «пургудоз» дар забони классикӣ, адабӣ ва дар забони халқ низ дида намешавад. Ин калима дар ин маҳал ба сурати «ҷонгудоз» дида мешаваду бас. Дар ин мис-раъ ҷавоби калимаи «пургудоз» мавҷуд нест, вале иборат аз «гиряи ҷонгудоз» ҷавоб дорад, ки иборат аз ҷон аст ва дар айни замон аз рӯи таносуб калимаҳои гиря, ҷонгудоз ва дил муносиб хоҳанд афтод.
Чунон ки дар ин байти Ҷомӣ дида мешавад:
Аз шарҳи сӯзу дарди ман, эй ҷон, гудохтӣ,
Пеши кӣ гӯям ин алами ҷонгудозро.
Таркибҳои «дар гудоз», «чашмангудоз», «душмангудоз» ва монандӣ инҳо дида шавад ҳам, таркиби «пургудоз» ҳанӯз ба назар нарасидааст.
Ҳар ду гирёнему ҳар ду зарду ҳар ду даргудоз,
Ҳар ду сӯзонему ҳар ду фарду ҳар ду мумтахан1.
(Манучеҳрӣ).
Наҳангони шамшери чашмангудоз
Ба гарданкашӣ карда гардан фароз.
(Низомӣ).
Ҳофиз зи ғусса сӯхт: бигӯ ҳолаш, эй сабо,
Бо шохи дӯстпарвару душмангудози ман.
(Ҳофиз).
- Таъкид
Таъкид дар луғат ба маънои печидагӣ ва гиреҳдор будан меояд. Таъкид ду навъ мешавад: лафзӣ ва маънавӣ. Чунонки дар заъфи таълиф зикр ёфт, таъкиди лафзӣ иборат аз кали-маҳоро мувофиқи тартиби маълуми дастури забон паси ҳам ба ҷои худ начидан ва фаҳми маъноро душвор гардондан аст. Мисол аз Саъдӣ:
Дар ҳалқаи корзорам афганд,
Он найза, ки ҳалқа мерабудам.
Яъне он найза, ки барои ман ҳалқа мерабуд, маро дар кор-зор афганд. Тарки таркиби «барои ман» ва омадани бандак-ҷонишини мафъулин «ам» ба охири феъли «мерабуд» мазмун-ро гиреҳбанд карда, ба таъкид дучор кардааст.
1 Мумтахан — хор кардашуда, озмудашуда, ин ҷо ба маънои мел-ҳаткашида омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё