Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
бон вазнин наояд, чунончи, ин алфоз: Хоҷа, ту чӣ тиҷорат кардӣ? Кам касе бошад, ки дар як дам се бор гӯяд, ки забонаш налаҷсад ва баъзе гуфтаанд, ки мӯҷиби сикл (вазнинӣ) иҷтимои ҳуруфи қарибулмахраҷ аст дар як ҷо, чунончи, дар ин мисраъ воқеъ аст: «Ба қурби қабри ғарибон гузар кунӣ, чӣ шавад».
Ин ҳодисаро дар забони халқ тезгӯяк ё ки забоншиканак мегӯянд. Аксар вақт ҷавонон дар сӯҳбат барои имтиҳони тез гуфтан ва забон нагирифтан мегӯянд:
-
Се шаби сешанбе, се сабад шафтолу
Ин тутча читу тутча. -
Дар ҳавлича як тутча.
-
Шаст сада шинондем, шаст шамшод
-
Ели аспам лойолуд.
-
Ҳашв
Ҳашв дар луғат чизест, ки бо он чизи дигареро пур мекунанд, пур кардани кӯрпа, болин бо пахта. Вале дар адабиёт гапи барзиёдро ҳашв мегӯянд 1.
Дар асарҳои бадеӣ гоҳо дар байт ва ягон каломи насрӣ баъзе калима ва ибораҳои барзиёд чун гиреҳ пайдо мешаванд. Шоир ба ифодаи ягон мазмун сар мекунад ва пеш аз анҷом ёфтани сухан калима ва иборае меоварад, ки дар сурати зикр накардани он ҳам мазмун тамом мешавад ва эҳтиёҷ ба он намемонад. Гоҳо ин ҳашв ба салосати сухан сакта мерасонад ва гоҳо ҳамчун ҳусни сухан воқеъ мешавад, аммо баъзан на зарар дорад ва на ҳусни суханро меафзояд.
Бинобар ин ҳашвро ба се ҷудо кардаанд: ҳашви малеҳ, ҳашви миёна ва ҳашви қабеҳ.
- Ҳашви малеҳ он аст, ки сабаби ҳусни калом, боиси равнақ ва малоҳати сухан мешавад ва маъниро боз ҳам нозуктару балеғтар мегардонад. Чунон ки дар ин мисол дида мешавад:
Боғи умрат, ки тоза бод мудом,
Чашми бад дур, равзаест ба бор.
(«Маҷмаъ-ус-саноев»).
1 Ҳашв — дар луғат ба маънои пасту нокас, огандагӣ ва чизе, ки бо он даруни чизеро пур мекунанд, гоҳо маънои пат ва ҷоҳои дурушти абрешим ва ресмонро, ки матоъро нуқсдор мекунад, низ мефаҳмонад. Чунон ки Саъдӣ мегӯяд:
Қабо гар ҳарир асту гар парниён.
Ба ночор ҳашваш бувад дар миён.
Анварӣ мегӯяд:
Аз чӣ хезад дар сухан ҳашв — аз хатобинии табъ,
Аз чӣ афтад пурс бар дебо — зи ноҷинсии лос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё