Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дар калимаҳо овардааст, ки гӯё муносибати миёни тасаввури хазон ва овози баргҳои хушкро дар зеҳни шунаванда бедор мекунад:
Хезеду хаз оред¹, ки айёми хазон аст,
Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.
Он барги ризон аст, ки бар шохи разон² аст,
Гӯё ба масал перахани рангрезон аст,
Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману боғ на гул монд у на гулзор.
Мисол аз Ҳофиз:
Сарви чамони ман чаро майли чаман намекунад,
Ҳамдами гул намешавад, ёди суман намекунад?
Зи зарат кашид зевар, ба зарат кашид дар бар,
Мани бенавои музтар чӣ кунам, ки зар надорам³
Мисоли танофури калима дар баъзе мисрав ва байтҳои як қисм шоирони муосирамон низ мушоҳида мешавад. Чунончи:
Ҳама ҳастанд баҳри якдигар,
Нашавед даст бар гиребоно,
Лек ҳамсояколхоз ҳанӯз
Нанишондааст туту тоқоно.
(Суҳайлӣ).
Дар мисраи охир паҳлуи ҳам омадани ҳиҷоҳои «муда» ва «буда», инчунин ҳиҷоҳои «аш» ва «шоҳ» дар шеър сиқлат ворид кардааст ва боиси танофури калима аст.
Монанди ҳамин дар мисоли зерини қатор омадани ҳарфи «ш» монеи салосати шеър мегардад:
...Боз як сол ба охир бирасид,
Сесаду шастушаш нав бигзашт.
Нозу неъмат, қадаҳи солинавӣ —
Ҳама ногоҳ фаромӯшам гашт.
(Ғаффор Мирзо).
Барои тақвияти муддаҳои худ дар ин бора аз «Маҷмаъ-ус-саноӣ» фикраҳои зеринро нақл менамоем: «Танофур иттимои алфозест, ки талаффуз ба онҳо мушкил бошад ва алфози мутанофирро ба як дам ду-се мартаба натавон гуфт, ки дар за-
__________________ ¹ Ҳаз — ҳайвонест, ки мӯяш гарм ва нарм буда аз пӯсти он пӯстин медӯзанд.
² Разон — токҳо, ангурҳо.
³ Ниг.: «Чашбномаи Ҳофиз», нашриёти «Дониш», Душанбе, 1971, саҳ. 19.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё