Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин байт яке аз калимаҳои синонимии (ҳулду ҷинон) барзиёд аст. Инчунин дар байти дигар яке аз ду калиман муродифии «равону ҷон» барзиёд аст:

Мевазад бӯи хуш аз алтофи ӯ
Дар равони мурда ҷон ояд ҳаме.

Дар ин байти Абдулмалики Баҳорӣ яке аз ду калимаи «талъати рӯй» барзиёд аст, зеро ҳар ду ҳам ба маънои чеҳра мебошад:

Ёд кардам талъати рӯи туро,
Хандаи лаъли сухангӯи туро.

Дар ин мисол, ки аз Шералӣ Мастон аст, ҳашви қабеҳ вуҷуд дорад:

Моро дағал мабин, ки мо бисёр суфтаем,
Байти навему ҳеҷро холо нагуфтаем,
Чун сатрҳои гумшудаи шеъри Рӯдакӣ
Дар хилвати ниҳони худ бедор хуфтаем.

Дар ин мисол яке аз калимаҳои таркиби изофии «хилвати ниҳон» зонд аст, зеро ҳарду калима як маъно дорад.
Қомату боло синоними қад буда бо изофат як ҷо овардани онҳо аз қабили ҳашви қабеҳ ба шумор меравад:

Ҳамехоҳам туро он ҷо бибинам,
Чӣ хуш бо қомати болову ҳандон.

(Гулчеҳра).

Бояд чунин гуфта мешуд: Чӣ хуш бо қомати зебову ҳандон...

...Ки шояд бар машоми ту расонад
Шамими боди наврӯзии баҳорӣ.

Зарурати шеърӣ ҳатто Фирдавсии бузургро маҷбур кардааст, ки гоҳе калимаҳои барзиёдеро дохили мисраъ гардонад, калимаҳои таъкидшуда барзиёд буда, ҳашв ҳисоб меёбад:

Дар ин сол як шаб ниёйишкунон
Ба хоб андарун шуд ситойишкунон.

Яке духтар овард тобандачеҳр
Зи хуршед тобандатар бар сипеҳр.

Ба хуни далерон ба дашт-андарун
Чу дарё замин мавҷзан шуд зи хун.

Дар бораи сиркоти шеърӣ

Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-мӯҷҷам» гуфтааст (мухтасаран ва бо каме тағйири ибораҳо):
«Пайравӣ ба некӯгӯен некӯ ояд, на ба бадгӯен. Инчунин

пешина
аз 303
навбатӣ