Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
шоир бояд, ки шеъри шоиронро ғорат накунад (надуздад) ва маънии эшонро ба тағйири вазн ва ихтилофи алфоз дар шеъри хеш ба кор набарад, ки мулки мардум ба тасарруфи фосид тамаллук напазирад ва сухани дигарон ба хештан бастан далолат бар фазл накунад.
Сирқоти шеърӣ (шеърдуздӣ) чаҳор навъ аст: интиҳол, салх, илмом ва нақл.
- Интиҳол сухани дигаронро ба худ бастан аст ва он чунон бошад, ки касе шеъри дигареро қасдан аз они худ мекунад ва шеъри худ мегардонад, бе тағйиру тасарруф дар лафз ва маънои он ё ба тасарруфе андак, чунон ки байте бегона ба миёни он дарорад ё тахаллӯсро гардонад.
Мӯиззӣ гуфтааст:
Тавотури1 ҳаракаташ ба дидани душман
Ҳамон кунад, ки зумуррад ба дидани афъӣ.
Адиб Собири Тирмизӣ аз ӯ бурдааст:
Ба сабри ман, санамо, он лаби ҷу буссади2 ту
Ҳамон кунад, ки зумуррад ба дидани афъӣ.
Булфараҷи Рӯиӣ гуфтааст:
Гуфта бо зоирон3 сарири дараш:4
Марҳабо, барнагузар, хоҷа, фуруд ою дарой!
Анварӣ аз ӯ бурдааст:
Гуфта бо ҷумлаи зуввор сарири дари ту:
Марҳабо, барнагузар, хоҷа, фуруд ою дарой!
Фаррухӣ гуфтааст:
Аз ниҳеби ханҷари хунхори ту рӯзи набард
Хун берун ояд ба ҷои хай5 адӯро аз масом6.
Заҳир аз ӯ бурдааст:
Бадандешро аз тафи қаҳри ту
Ба ҷои арақ хун чакад аз масом.
- Салх — пӯст боз кардан, пӯст кандан ва дар шеър ин навъ сириқа (дуздӣ) чунон мебошад, ки маънӣ ва лафзро фаро гирад ва таркиби алфози он гардонад (дигар кунад) ва бар ваҷҳи дигар адо кунад.
1 Тавотур — пай дар пай шудан.
2 Буссад — марҷон.
3 Зоир — зиёратчӣ.
4 Сарири дар — овози ғиж-ғижи дар.
5 Хай — арақи бадан.
6 Масом — сӯрохҳои таги мӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё