Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан
  1. Нақл он аст, ки дар ин боб шоир маънии шоири дигар бигирад ва аз бобе ба боби дигар барад ва дар он парда берун орад.
    Чунин ки Мухторӣ гуфтааст:

Куҷо он зи кабое дарида дӯхта чатр,
Кунун бибояд чатраш дариду дӯхт кабо.

Разини Найшопурӣ ба боби мадҳ бурдаасту гуфта:

Ба азми хизмати даргоҳи ту ба ҳар тараф
Басо мулк, ки аз тоҷ мениҳанд камар.

Аз нақлҳои нодир он аст, ки Рӯдакӣ гуфтааст:

Агар гул орад бор, он рухони ӯ на шигифт
Ҳароина чу ҳама май хӯрад, гул орад бор,

Дақиқӣ онро бар ҳамон вазн ва қофия нақли лоиқ кардааст:

Агар сар орад бор, он синони ӯ на шигифт,
Ҳароина чу ҳама хун хӯрад, сар орад бор

Арбоби маъонӣ гуфтаанд, ки чун шоиреро маъние даст диҳад ва онро либоси иборат нохуш пӯшонад ва ба лафзи суст адо кунад, вале дигаре ҳамон маъниро фаро гираду ба лафзе хуш ва иборат писандида берун орад, он маъни мулки ӯ гардад. Фақат ба аввалӣ фазилати пешгӯӣ дода мешаваду бас.
Чун ин ки Рӯдакӣ гуфтааст:

Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,
Бе сад ҳазор мардуми танҳо.

Яъне бо сад ҳазор мардум ту фардӣ (ягонаӣ) ба ҳунар ва дониш дар миёни эшон ва бе сад ҳазор мардум ту бисерӣ ва гӯё ба ҷои сар ҳазор мардумӣ ва агарчи маъни некӯст, ибораташ суст аст.
Унсурӣ аз вай бурдааст:

Агарчи танҳо бошад, ҷаҳон ҳама бо ӯст,
В-агарчи бо ӯ бошад ҳама ҷаҳон танҳост.

Байти Унсурӣ агарчи дар он басте (васеъ) кардааст, некӯтар ва ширинтар аз байти Рӯдакист. Ба ӯ эҷози он бас аст. Ин маъни мулки Унсурӣ шуд ва ба Рӯдакӣ танҳо фазилати пешгӯӣ монд.
Ҳамчунон ки дар байти Муиззӣ ва нақли Анварӣ гуфтаем:

Чун заминро шарафи мавлиди ту ҳосил шуд.

Агар шоири дуввум маънии шоири аввалро татимма (тамомкунанда) наёрад, ки ба он равнақи маъни афзояд ва либоси иборате балегтар ва ширинтар аз он напӯшонад, ӯ дузди маъонӣ бошад ва эҳсон аввалинро бувад.

пешина
аз 303
навбатӣ