Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Чунон ки Рӯдакӣ мегӯяд:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашта рӯзгор
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Бӯшакур, аз ӯ бурдааст:

Магар пеш биншонадат рӯзгор,
Ки беҳ з-ӯ наёбӣ ту омӯзгор.

Рӯдакӣ гуфтааст:

Ришу сиблат ҳаме ҳизоб кунӣ,
Хештанро ҳаме азоб кунӣ.

Абӯтоҳири Хусравонӣ аз ӯ бурдааст:

Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,
Ки ҳаме ришро ҳизоб кунад.
Ба ҳизоб аз аҳал ҳаменараҳад,
Хештанро ҳаме азоб кунад.

  1. Илмом қасд кардан ва наздик шудан аст ба чизе ва дар сиркоти шеър он аст, ки маъниеро фаро гирад ва ба иборати дигар ва ваҷҳе дигар ба кор орад.
    Чунон ки Азракӣ гуфтааст:

Садаф зи бими ялон даршавад ба коми наҳанг
Зи хун ба ранги явоқит1 ранг карда лаол2.

Ё-и «лаолӣ»-ро барои зарурати шеър андохтааст.
Анварӣ аз ӯ бурдааст ва некӯтар аз ӯ гуфта:

Қаҳри ту гар тилоя3 ба дарё кашад, шавад
Дур дар самими ҳалқи садаф донаи анор.

Шаҳоби Муайяди Насафӣ гуфтааст:

Ҳамеполуд хун аз ҳалқаи танги зиреҳ берун,
Бар он гуна, ки оби нор полой4 ба парвезан5

Заҳир аз ӯ бурдааст ва беҳ аз ӯ гуфта:

Тӯй, ки бар тани хасми ту диръи довудӣ,6
Зи захми теғи ту парвезане бувад хунбез.

1 Явоқит — ёқутҳо.
2 Лаол — луълӯҳо, дурру марворид; дар асл ҷамъи лӯлӯ ба шакли лаолӣ меояд.
3 Тилоя — муқаддимаи лашкар, дидбони лашкар.
4 Полой — аз феъли полудан ва полоидан буда, ба маънои соф кардан аст.
5 Парвезан — элак, галбер ва ин ҷо софӣ, яъне чизе, ки бо воситаи он моеъро соф мекунанд.
6 Диръи довудӣ — зиреҳи довудӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ