Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба гетӣ чун фарзанд пайванд нест,
Ки ширинтаре ҳам чу фарзанд нест.

  1. Ҷомӣ ин мазмунро бурдааст:

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ғайри фарзандон ба дил пайванд нест.

  1. Дақиқӣ гуфтааст:

Гӯянд сабр кун, ки туро сабр бардиҳанд,
Оре, диҳад валек ба умри дигар диҳад.

  1. Ҳофиз ин мазмунро ба хубтарин сурате дохил кардааст:

Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.

  1. Низомӣ гуфтааст:

Чу баргардад мизоҷ аз истиқомат,
Ба душворӣ ба даст ояд саломат.

  1. Саъдӣ ин мазмунро дар либоси зеботаре ороиш додааст:

Чун муҳаббат шуд эътидоли мизоҷ,
На азимат1 асар кунад, на илоҷ.

  1. Низомӣ гуфтааст:

Дар ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Шоҳин ин мазмунро дар қолаби дагале ифода кардааст:

Имрӯз, ки мавсуми тавоф аст,
Поёни шаби сиёҳ соф аст.

  1. Низомӣ гуфтааст:

Агар Фарҳод шуд, Ширин бимонад,
Чӣ ғам аз зардгул, насрин бимонад

  1. Ҷомӣ ин мазмунро низ дар либоси дигаре нағз ифода кардааст:

Агар рехт гул, боғ поянда бод,
В-агар рафт меҳр, моҳ тобанда бод.

  1. Ҳофиз гуфтааст:

Ҳаллоҷ бар сари дор ин нукта ҳуш сарояд,
Аз Шофиӣ мапурсед амсоли ин масоил.

1 Азимат — дуо.

пешина
аз 303
навбатӣ