Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ва боз:
Аз мӯя чу мӯ, зи нола чун нол
Мерафт назорагӣ зи дунбол.
Ва боз:
Эй ғам, ки ба шабҳои фироқи ту шудастам,
Аз мӯя чу мӯя шуда, аз нола чу нол.
Васлӣ низ ба ин мазмун дастдарозӣ кардааст:
Аз мӯя чу мӯй гаштаму аз нола шудам нол,
Умрест надидам рухи он зӯҳраҷабинро.
-
Хайём гуфтааст:
Душман ба ғалат гуфт, ки ман фалсафиям,
Эзид донад, ҳар он чи ӯ гуфт, наям!
Лекин чу дар ин гамошён омадаям,
Охир кам аз он ман бидонам, ки кинам? -
Саъдӣ гуфтааст:
Ман онам, ки ман донам.
Саъдӣ мазмуни болоии Хайёмро дар ҷумлаи кӯтоҳу мӯъҷазе ифода карда бошад ҳам, Хайём фикри раддияи худро пурра ва ҳартарафа дар муқобили душмани мутаассиби даври худ ҳамчун тири заҳромезе равона кардааст. Дар ин замина дар ҳар давр бисёре аз шоирон ва нависандагони номии пешқадам ба муқобили бадхоҳони мутаассиб ашъори тезутунд сурудаанд, ки зикри онҳоро лозим намедонем.
Вале дар сурати тасодуф шеъри зерини шоир Қутбӣ Киром ба назар расид, ки дар байти нахустини он фикри хайёмона ва саъдиёна мушоҳида мегардад:
Одами хому раҳомад нестам,
Нағз медонам, ки ман худ кистам.
То ба даст орам диле дар зиндагӣ,
Борҳо афтода аз нав хестам.
Он ҷо ки аён аст, чӣ ҳочат ба баён аст. Муқоисаро ба худи хонанда ҳавола менамоем.
Чунон ки зикр ёфт, ба ҷуз ашъоре, ки бо мақсади назира ва ҷавобия суруда шудаанд, шоирони пешина аз камоли бисёр аз ёд донистани ашъори мутақаддимин ва муосир мазмуни дигареро ҳатто бо айни ибора ва ҷумлаҳо дар арсаи баён меоварданд. Мумкин аст, ки дар сурати тасодуфи маҳз мазмуни шоири дигаре ба вуқӯъ меанҷомид.
Аз ин рӯ сирка ва таворӯдро аз ҳам тамйиз додан басо мушкил аст. Бо истиснои баъзе мазмунҳои бикр ва обношуста умуман мазмунҳо ҳазорон бор хонда ва такрор ёфтааст, ки зикри байни зерини Бедил дар ин маҳал муносиб менамояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё