Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба шӯҳӣ зад тараб — ғам офариданд,
Муқаррар шуд асал — сам офариданд.

Осори шоирони мо он гоҳ дилчасп ва диққатрабо хоҳад буд, ки мавзӯъҳои доир ба ҳаёти иҷтимоиро дар либоси образ, таркиб ва ифодаҳои нозук ба таври пухта ва парваришёфта ифода намояд.

Чунон ки дида шуд адабиётшиносии гузаштаи форс-тоҷик на танҳо дар бораи мустаҳсаноти шеърӣ — он чи ки нафосати шеърро фароҳам меорад, таълимоти мукаммале ба вуҷуд овардаанд, балки нуқсонҳои шеърии замони худро низ омӯхта ва муайян карда, барои пешгирии онҳо фикрҳои муҳим пеш рондаанд. Шамси Қайс ҳатто аз шеъри устод Рӯдакӣ айб ёфтааст ва ба аҳли адаб гӯшрас намудани онро зарур шуморидааст, ки мисолаш дар боло гузашт. Ин рафтори объективии мунаққидони пешина имрӯз барои мо дарси ибрат аст.

Мо дар хотима кӯшиш кардем, ки на фақат як қисми таълимоти гузаштагонро доир ба иллатҳои шеър баён намоем, балки аз нуктаи назари талаботи онҳо баъзе нуқсонҳои шеърии шоирони муосир, хусусан ҷавононро хотиррасон кунем. Мо ин ҷо бисёр мисол оварда натавонистем ва фақат бо он порчаҳое, ки даст буд, қаноат кардем. Вале таҳлили ҳамин мисолҳо низ нишон медиҳад, ки таълимоти гузаштагон дар бораи пешгирӣ кардани шеър аз иллатҳо ҳанӯз аз бисёр ҷиҳатҳо аҳамияти худро гум накардааст.

Танқиди адабии мо то ҳол ба чунин нуқсонҳои шаклии асарҳои бадеӣ аҳамият надода истодааст. Дар мақолаҳои танқидии матбуоти ҷумҳурӣ дар бораи он иллатҳое, ки мунаққидони гузашта вайрон шудани муносибати сухан, заъфи таълиф, ҳашв, сакта ва ғайра номҳо додаанд, ҳеҷ сухан намеравад. Таҳлили ҷузъиёти шеър ҳоло дар мо расм нашудааст, мунаққидон ҳар як калимаю ибора ва ташбеҳу истиораро таҳлил намекунанд ва ҳусну кубҳи онро нишон намедиҳанд ва ҳол он ки ҳамаи инҳо барои мубориза дар роҳи нафосати шеър ва балоғати мазмун бағоят зарур аст. Таҳлили муфассали шеър барои тарбияи завқи салими хонандагон ва нависандагони ҷавон аҳамияти калон дорад.

Мо умедворем, ки мақолаҳои ин қисм, хусусан хотимаи он диққати мунаққидонро ба сӯи ин масъалаҳои муҳим хоҳад кашид. Агар маҷмӯа дар ин роҳ заррае кӯмак карда тавонад, мо вазифаи худро иҷро шуда ҳисоб мекунем.

1 Сам — заҳр аст. Агарчи асал гуворо бошад ҳам, бисёр хӯрдани он заҳр мегардад.

пешина
аз 303
навбатӣ