Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Зиҳоф. Кор бо ин ҳашт рукн тамоми намешавад. Барои эҷоди вазнҳои нав сохтани рукнҳои нав лозим шудааст. Рукнҳои нав ба воситаи зиҳофот ба амал меояд. Зиҳоф — дар фарҳангҳо ба маънои расидани тир наздики нишона мебошад. Ин калима дар истилоҳи арӯз ба маънои тағйироти рукнҳо буда дигаргунии раво ҳисоб меёбад ва шакли ҷамъаш азоҳиф, азҳоф, зиҳофот мебошад.
Пас ба воситаи амалиёти гуногуни зиҳофот рукнҳои ҳосилшуда нисбат ба рукни солим, ки дар ҳукми реша мебошад, рукни музоҳаф ном гирифта, вазни бо он рукнҳо сохташударо вазни фаръӣ меноманд.
Ҳамаи рукнҳои музоҳаф ба 85 мерасад. Ҳар як рукни музоҳаф бо кадом амал ихтироъ шуда бошад, бо ҳамон амал ном мегирад. Амалиёти рукнсозӣ аз рукнҳои солим ба воситаи афзоиш, ҳазф (партофтан) ва табдил сурат мегирад. Амалиёти афзоиш ва ҳазф аз аввали рукн ва ё охири рукн илал (иллатҳо) ном дорад, ки ба маънои тағйир аст. Аз рӯи нишондоди Муҳаммад Ғиёсиддин (муаллифи «Ғиёс-ул-луғот») ҳамаи ин амалиёти мураккаботи чадида ба 47 мерасад. Вале аз рӯи нишондоди Ваҳиди Табрезӣ (муаллифи «Ҷамъи мухтасар») ва Қайси Розӣ (муаллифи «Ал-мӯъҷам») 35-то буда, аз ин 13-тоаш эҷодкардаи арӯзиёни аҷам ва 22-тои он эҷодкардаи арӯзиёни араб аст, вале дар «Ҷамъи мухтасар» маъмултарини онҳо, яъне 29 зиҳоф зикр ёфтааст.
Аз рӯи нишондоди Парвези Нотили Хонларӣ («Вазни шеъри форсӣ», сах. 207) шумораи ҳамаи зиҳофоте, ки миёни арабу аҷам муштарак аст, аз чиҳилупанҷ мегузарад.
Амалиёти рукнсозӣ, чунон ки дар боло зикр ёфт, аз рӯи таълимоти схоластикии печ дар печ ва ғайриилмию аз мантиқ дур сурат гирифта, ба асоси алифбои арабӣ бино ёфтааст. Аз ин рӯ шарҳу эзоҳи он айнан ба таври нишондоди арӯзиёни қадим басо мушкил аст.
Ба тартиби навини ҳамаи зиҳофоти муштараки байни арабу аҷамро ба се гурӯҳ ҷудо мекунем: ҳазф, афзоиш, табдил ва чун намуна зикри чанде аз онҳоро меоварем.
ҚОИДАИ ҲАЗФ
(партофтан)
- Ҳазфи як ҳиҷои кӯтоҳ, ки бо ин роҳ зиҳофоти зерин ҳосил мегардад:
-
Салм — чунончӣ: аз фаӯлун фаҷлун мемонаду аслам ном мегирад.
-
Ҳарм — аз мафоилун як ҳиҷо кам шуда, мафъӯлун мемонаду аҳрам ном мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё