Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
АРӮЗ ВА ВАЗН
Пеш аз ҳама бояд ҳамин лаҳзаро эзоҳ намоем, ки ба калимаи «арӯз» бисёр маъноҳо медиҳанд. Яке аз онҳо ин аст: арӯз илмест, ки шеърро бар он арз карда, нуқсонҳояш бо санҷидани рукнҳо дуруст мешавад. Пас арӯз ба маънои умумӣ вазни шеър аст. Арӯзиёни пешина вазнро чунин таъриф мекунанд: вазн иборат аз ҳайатест, ки аз тартиби ҳаракоту саканот ва таносуби он дар адад ва миқдор ҳосил мешавад, чунон ки нафс аз идроки он лаззати махсус ёбад ва он лаззатро ин ҷо завқ мегӯянд.
Агар ба ҷои он ҳайат, ки аз ҳаракоту саканот ва таносуби он иборат мебошад, ҳайате ояд, ки аз тартиботи ҳарфҳо ва таносуби онҳо ҳосил шуда бошад, шеър ном мегирад. Вагарна дар илми мусиқӣ иқоъ¹ мемонад.
Ба ибораи дигар, вазн ченак ва андозаи як навъ аз навъҳои ашъори гуногунсохт мебошад. Арӯз дорои нуздаҳ баҳр буда, дар дохили ҳар як баҳр шоҳаҳои бисёре мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо вазни қонунӣ ва ҷудогонае дошта, ба воситаи рукнҳои муайяни солим ва музоҳаф санҷида мешавад.
Р у к н. Барои санҷидани вазни шеър арӯзиён мизон таъин кардаанд. Ин мизон ба таври муайян аз рукнот иборат аст. Рукн поя гуфтан аст. Ҷамъи рукн аркон аст. Аркон аз моддаи феъл ташкил шудааст. Арконро афоилу тафоил ҳам меноманд. Лекин мо фақат рукн, ё шакли ҷамъаш — арконро истеъмол мекунем. Мавзун ва мувофиқ афтодани мисраъҳои як байт ба воситаи санҷидани рукнҳои матлуб аз рӯи камияти ҳиҷоҳо ҳосил мешавад. Рукнҳо ду навъанд: рукнҳои солим ва рукнҳои музоҳаф, ки аз рукнҳои солим гирифта мешавад. Рукнҳои солим 8 хел буда, дорои хусусияти ҷудогонаи имлоӣ мебошанд:
Дар алифбои нави мо дар имло ва китобат й («и»-и дароз) танҳо дар охири калимаҳо ба кор мераваду бас. Вале дар арӯз, яъне рукнҳои он й («ё»-и маъруф) ва инчунин «у»-и дароз (вови маъруф) на танҳо дар охири калима, балки ба аввалу миёнаи калима низ меояд. Аз ин рӯ мо лозим донистем, ки барои рукнҳои арӯзӣ, ки мизони вазни шеър аст, баъзе аломатҳои шартии таъин намоем.
Барои ифодаи «у»-и дароз (вови маъруф) ва ҳам «у»-и пурра (вови маҷҳул) «ӯ» менависем. Инчунин дар вақти ифодаи дарозии дар аввал ва миёнаи рукнҳои солим ҳам «й» (и-и дароз) менависем; 1) фаӯлун, 2) фоилун, 3) мафойлун, 4) муфтаилун, 5) мафоилатун, 6) мустафъилун, 7) фоилотун, 8) мафъӯлоту.
Аз рукнҳои ҳаштгона ду рукни мафоилатун ва мутафоилун дар санҷиши вазнҳои шеъри форсу тоҷик ба кор намеравад.
¹ Иқоъ — ба тартиб андохтани оҳанги суруд, ки маънои онҳо фосилаи маълум мавҷуд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё