Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дарозии ҳиҷоҳо ба касрати ҳамсадоҳо низ вобастааст. Ҳатто, баъзе ҳиҷоҳои баста мавҷуд аст, ки бо вуҷуди кӯтоҳии садонокҳояшон, агар дорои се ҳамсадои қатор бошанд, ҳиҷои дароз ба шумори мераванд. Ҳамчун: дард, зард, бист, шуст ва ғайра.
Кашиши ҳиҷоҳо, яъне ба ғайр аз дарозӣ ва кӯтоҳии ҳиҷоҳо, ба навъи ҳамсадоҳо вобаста нест, магар дар мавриди ҳарфи «н», ки баъд аз садонокҳои дароз қарор гирифтааст. Ин хусусият дар қисми «Мавқеи ҳарфи «н» дар арӯз» эзоҳ хоҳад ёфт.
ҲИҶО ВА УСУЛ
Агар калимаро ба ҷузъҳо тақсим кунем, майдатарин ҷузъи он овози воҳидест, ки ба танҳоӣ ё дар сурати таркиб бо якчанд овози дигари калима пораҳо ҳосил мегардад. Ҳар кадоми ин овозҳои воҳид, ё ки мураккабро донишмандони пешина муқаттаъ меномиданд, мо ҳиҷо меномем. Пас воҳиди вазн ҳиҷост.
Арӯзиён барои санҷидани шеър поя — рукнҳои 8-гона (ё даҳгона) таъин кардаанд. Баъд онҳоро ба дигар пораҳое, ки аҷзо ва усул низ меноманд, таркиб мекунанд. Аҷзо ҷамъи ҷузъ ва усул ҷамъи асл аст, ки колабҳои якуминдараҷагӣ буда аркон ё афоил аз он таркиб меёбад. Инчунин усулро аз ҳарфҳои сокин ва мутаҳаррик тартиб додаанд 1.
Усулро арӯзиёни пешина ба ҳамин тариқа тартиб ва тақсим намудаанд: «Мадори авзони арӯз бар ин се рукн (усул) ниҳодаанд: сабаб, ватад, фосила. Ва сабабро ду навъ ниҳодаанд: сабаби ҳафиф ва сақил. Сабаби ҳафиф — як мутаҳаррик ва як сокин, чунон ки: нам. Сабаби сақил — ду мутаҳаррики мутаволӣ, чунон ки: ҳама. Ватад низ ду навъ аст: мақрун ва мафрук. Ватади мақрун — ду мутаҳаррик ва сокине дар охир, чунон ки: агар. Ва ватади мафрук — ду мутаҳаррик бар ду тараф ва сокине дар мобайн, чунон ки нола. Ва фосила ду навъ аст: суғро ва кубро. Фосилаи суғро — се мутаҳаррик ва сокине, чунон ки чи кунам. Ва фосилаи кубро — чаҳор мутаҳаррик ва сокине, чунон ки бидиҳамаш» 2.
Ба ин усули шашгона баъзе арӯзиён се усул (ё ки ҷузъ) ҳамроҳ кардаанд, ки ба таври зер аст: сабаби мутавассит, ки аз як мутаҳаррик ва ду сокин сохта шудааст, монанд ёр, кор; ватади касрат, ки аз ду мутаҳаррик ва ду сокин сохта мешавад, ҳамчун: фароз, дароз. Инчунин фосилаи узмо мебошад,
1 Ҳарфи мутаҳаррик он аст, ки ягон ҳарфи ҳамсадо ба воситаи аломати забар — а, ё зер — и ё пеш — у ба ягон ҳамсадо ҳамроҳ мешавад. Ҳамчун: ب (бад) چ (чил) ر (пур), ки дар ин сурат ҳарфҳои б, ч, р мутаҳаррик (ҷунбанда) ва ҳамсадоҳои д, л, р сокин (истанда) шумурда мешаванд.
2 Ал-мӯҷғам, саҳ. 29.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё