Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
ки аз панҷ мутаҳаррик ва як сокин иборат аст, ҳамчун: нашиканамаш.
Ва ҳол он ки ба ғайр аз сабаби хафиф, ки мисолаш сар, бар аст, ҳамаи ин усули боқимондаро боз ба ҷузъҳо ҷудо кардан мумкин аст. Чунон ки «рама»-ро, ки сабаби сақил аст, ба ду ҷузъи баробар, яъне «ра» ва «ма» тақсим кардан мумкин мебошад. Ватади мақрун «агар»-ро ба «а» ва «гар», инчунин ватади мафрук «нола»-ро ба ҷузъҳои «но» ва «ла», ҳамин хел фосилаи суғро «чи кунам»-ро ба порчаҳои «чи», «ку» ва «нам» ва фосилаи кубро «бидиҳамаш»-ро ба порчаҳои «би», «ди», «ҳа» ва «маш» тақсим намудан мумкин аст.
Вале мо дар вақти санҷиш ва тактеи шеър қолабҳои афоил ё арконро ба асоси камияти ҳиҷоҳо ва сохти онҳо истинод мекунем.
Чунки усули сабаб, ватад ва фосилаҳо усули схоластикии ғайриилмӣ буда, вале тактеъ ба асоси ҳиҷо ва камияти онҳо мувофиқи сохти забон ва воҳиди вазни шеъри форсу тоҷикӣ мебошад.
ҲИҶОҲОИ ШАШГОНА АЗ РӮИ КАМИЯТ ВА СОХТ
Аз рӯи қоидаи арӯзи навин ҳиҷоҳо ба асоси камият ва сохт ба шаш қисм ҷудо мешавад:
- Ҳиҷои кӯтоҳе, ки аз як садоноки кӯтоҳ ва як ҳамсадо иборат аст, ҳамчун ба (ба мактаб), би (бихон), гу (ғубор) ё ки танҳо аз як садоноки кӯтоҳ иборат аст, ҳамчун а (ана), и (инҷо), у (усул).
Пурсишҷонишинҳои якҳиҷои кӣ, чӣ ба имлои ҳозира бо й-и дароз навишта шавад ҳам, дар алифбои арабӣ ба шакли كى و چى (кӣ, чӣ) навишта шуда, дар вақти тактеъ аксаран кӯтоҳ шумурда мешавад.
- Ҳиҷоҳои дарози оддӣ, ки аз як садоноки дароз ва як ҳамсадо сохта мешавад: бо (бобо), бӣ (бибӣ), бӯ (хушбӯ), чӯ, рӯ, по, то.
Ё ки танҳо аз як садоноки дароз иборат аст, ҳамчун о (оре), й (инак), ӯ (ӯҳу), о (омад).
-
Ҳиҷоҳои дарози оддӣ, ки аз як садоноки кӯтоҳ ва ду ҳамсадо иборат аст, ҳамчун: бар, дил, сир, буз.
-
Ҳиҷоҳои дарози пурра, ки аз як садоноки кӯтоҳ ва се ҳамсадо сохта шуда, дорои қимати як ҳиҷои дарози оддӣ ва як ҳиҷои кӯтоҳ аст, ҳамчун даст, бист, дард, дурд, сард.
-
Ҳиҷоҳои дарози пурра, ки аз як садоноки дароз ва ду ҳамсадо сохта шуда, дорои қимати як ҳиҷои дароз ва як ҳиҷои кӯтоҳ мебошанд, ҳамчун: моҳ, роҳ, тир, тӯр, шир, мур (маъмур), дур (муқобили наздик), зӯр... Вале «ёр» барин калимаҳо мустасноанд ки аз «ё» ва «р» сохта шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё