Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
як ҳиҷон дарози оддии рукн (рукни рақами 4) ояд, ҳарфи охири аз тақтъи сокит аст.
Чу Гаршосбро дод Луҳросб тахт.
ки дар вазни фаӯлун фаӯлун фаӯлун фаӯл V — — / V — — / V — — / V ~ омада, ҳарфи ҳамсадои охирин (б) аз тақтъи содиқ аст.
Аз ҳамин қабил аст калимаи дӯст ва ҳиҷои охирини калимаи некӯст дар ин байт:
Некӯст руҳат, чафо на некӯст, макун,
В-он лонки душман аст, бо дӯст макун.
Ё ки ин гуна ҳиҷоҳо дар охири мисраъ воқеъ шуда монад, ҳамсадои охир сокит аст ва ба тақтъи дохил намешавад. Чунон ки дар ин мисол дида мешавад:
Кор(д) бардошта, кори у бигзор(д)
ки бар вазни фоилотун мафоилун фаълон омадааст.
Дар ин байтҳои Ҳофиз (ки бар вазни мафӯлу фоилоту ма-фойлу фоилун аст) аз охири калимаҳои дӯст, нест, куҷост ҳар-фи охирин аз тақтъи берун аст:
Боғи биҳишту сояи тӯбию қасри ҳур,
Бо хоки кӯи дӯс(т) баробар намекунам.
Зоҳид ба таъна гуфт: бирав, тарки хуш кун,
Мӯҳтоҷи чанг нес(т), бародар, намекунам.
Ҳофиз зи тоби фикрати беҳосили бисӯх(т)..
Соқи куҷос(т), то занад обе бар оташам.
Хулоса, ҳар як ҳарф, ки дар охири ҳиҷои дароз ва пурра, хоҳ дар байни шеър, хоҳ дар охири шеър ояд ва хоҳ дар та-лаффуз нағунҷад, аз тақтъи сокит шумурда мешавад. Вале гоҳо чунин воқеъ мешавад, ки мувофиқи талаби вазн ҳарду ҳамсадои охири ин гуна ҳиҷоҳо дар байни шеър ба тақтъи до-хил мешаванд. Масалан, дар мисоли зерин ду ҳамсадои охи-ри калимаи бохт муқобили ду ҳиҷои кӯтоҳи рукни омада, ҳар кадом дар талаффуз ба худ ҳаракае — садоноки кӯтоҳе пайдо карда ду ҳиҷои кӯтоҳи ҳампаҳлуро ташкил кардаанд:
Бохт дил бо ту меҳр.
ки бар вазни муфтаилун фоилон аст ва ҳамсадоҳои х, т-и бохт ба муқобили та ва и (айнӣ максур)-и рукни муфтаилун омадааст. Яъне калимаи бохт дар тақтеъ бо рукни муфтаилун шакли бохитиро мегирад. Дар сурати васл, яъне ҳамсадои охирини ҳиҷоҳои пурра ба садоноки сари калима рост меояд, ки он гоҳ ба тақтеъ дохил мешавад:
Дӯс(т), машмор он ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё