Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
муқобили услуби бедилӣ баромад ва шоиронро ба содданависӣ ташвиқ намуд. Пас аз Инқилоби Октябр шоирони пешқадами шӯравии тоҷик барои ба вуҷуд овардани назми реалистӣ ба муқобили баъзе тарзҳои пештараи тасвир мубориза эълон карданд. Онҳо аз паи ҷустуҷӯи тарзу воситаҳои нави реалистона афтода, дар ин кор муваффақиятҳои намоён ба даст оварданд ва ҳоло бо роҳи навиюварӣ пеш рафта истодаанд.
ИСТИОРА
Истиора дар луғат ба маънои ба орият гирифтани чизе меояд, вале дар адабиёт як намуди маҷоз буда, ба ҷои як калима истифода шудани калимаи дигар мебошад.
Дар истиора дар асоси монадии ду ҳодиса калимае ба худ маънои маҷозӣ мегирад. Яъне истиора ба ташбеҳ хеле наздик аст, дурусттараш ин, ки дар асоси инкишофи минбаъдаи ташбеҳи пӯшида ҳосил шудааст. Лекин фарқи истиора аз ташбеҳ ин аст, ки дар истиора ташбеҳшаванда зикр намеёбад, балки танҳо ташбеҳкунанда номбар мешавад.
Масалан, агар гӯем, ки «қомати ёри ман мисли сарв аст», ин ҷумла ташбеҳ дорад, зеро ки қомати ёр ба дарахти сарв монанд карда шудааст. Вале агар гӯем, ки «сарви ман омад», дар ин ҷумла «сарв» истиора аст, зеро ба ҷои калимаи «ёр» омадааст. Азбаски қомати ёр мисли сарв аст, мо нагуфтем, ки «ёри ман, ки қомати ӯ мисли сарв аст, омад», балки мухтасаран гуфтем, ки «сарви ман омад» ва дар ин ҷо «сарв» киноя аз ёр аст. Ба ин тариқ, «сарв», ки дар ҷумлаи аввал ташбеҳкунанда буд, дар ҷумлаи дуюм чун худи ташбеҳшавандаро гирифт ва ба истиора мубаддал шуд.
Истиора аз ду қисм иборат аст: соҳибистиора ва истиорашаванда. Бояд дар миёни соҳибистиора ва истиорашаванда алоқаи монандӣ дар атвор, кирдор, сифату хислат мавҷуд бошад. Масалан:
«Магар қозикалон намедонист, ки гургонаш ба аробакаш тӯҳмат карда истодаанд, медонист ва дида истода онҳоро ба ин даъво ҳақдор мешумурд, чунки худаш пуштибони ин гургон буд» (С. Айнӣ).
Дар ин мисол калимаи «гургон» ба ҷои одамони балохӯри қозикалон, ки дар торочу ваҳшоният ба гург монандӣ доранд, омадааст. Пас гургон истиорашаванда ва одамони қози соҳибистиора мебошанд.
Истиора аз ташбеҳ дида мӯҷаз ва барҷастатар буда, дар ифодаи эҳсосот ва тасвири ягон лавҳаи ҳаёт ва табиат беҳтарин воситаи бадеӣ мебошад.
Дар мисоли боло калимаи гургон ба ҷои одамони балохӯри ваҳшии қозикалон омадааст. Агар гургон нагуфта одамони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё