Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
қозӣ гуфта мешуд, таъсири матлубро ба хонанда намебахшид, вақте ки калимаи гург ба назар вомехӯрад, дар тасаввури хонанда ва шунаванда як лавҳаи бераҳмӣ, даррандагии гург ва ба муқобили ӯ манзараи ҷабру ситам дидани аробакаш ҷилвагар мегардад, бинобар ин, аз як тараф, дар дили хонанда нисбат ба қозикалон ва одамони ӯ ҳисси нафрат ҳосил шавад, аз тарафи дигар, нисбат ба аробакаши зулмдида ҳисси ғамхорӣ, раҳмдилӣ пайдо мешавад.
Истиораи равшан
Агар соҳиби истиора вогузор шавад, яъне зикр наёбаду танҳо истиорашаванда мазкур гардад, онро истиораи равшан ё истиораи биттасреҳ меноманд.
Яке аз намудҳои истиора аз он иборат аст, ки дар ҷумла ва байт ба ҷои чизе калимаи дигаре зикр меёбад. Масалан, дар ин байти Низомӣ:
Барафрӯхт он моҳ чун офтоб,
Фурӯ рехт бар гул зи наргис гулоб.
Дар ин байт калимаҳои «моҳ», «гул», «наргис» ва «гулоб»
ба маънои аслии худ наомадааст. Моҳ ба ҷои дилбар, гул ба ҷои рӯй, наргис ба ҷои чашм ва гулоб ба ҷои ашк омадааст.
Шоир гуфтан мехоҳад, ки аз чашми наргисмонанди дилбар ба рӯи ӯ, ки мисли гул аст, ашк рехт. Лекин ташбеҳшавадаҳо — ёр, рӯй, чашм ва ашк, ки дар айни замон соҳибистиора ҳастанд, зикр нашудаанд, моҳ, гул, наргис ва гулоб ҷои онҳоро гирифта истиора шудааст.
Дар байти зерини Асадӣ низ истиора ҳаст:
Маҳаш мушксову шакар майфурӯш,
Ду наргис камонкаш, ду гул дирӯпӯш
Дар ин ҷо моҳ ба ҷои рӯй, мушк аломати зулф, шакар ба ҷои лаб, наргис ба ҷои чашм, камон ба ҷои абрӯ, ду гул ба ҷои ду рухсора, дирӯ1 ба ҷои зулф омадааст ва калимаҳои сондан, майфурӯшӣ, кашидан, пӯшидан аз феълҳои таносубии онҳост.
Дар ин байт соҳибистиораҳо, ки рӯй, лаб, чашм, абрӯ, рухсора, зулф аст, номбар нашудаанд. Шоир худи ин предметҳоро номбар накарда, ба ҷои онҳо калимаю ибораҳоеро овардааст, ки сифати ин предметҳоро ба хубӣ фаҳмонда метавонад.
Дар байти зерин (аз «Ҳафт кулзум»):
1 Дирӯ — зиреҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё