Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Истиораи пӯшида

Баъзан нависанда истиорашавандаро зикр накарда ба ҷои он ягон узв, ягон сифат, хулқ, хислат ва аломати онро ба таври изофат ба соҳибистиораи худ мебандад. Масалан, дар ибораҳои сари хуш, қадами фикр, дасти саодат, ки баъзан дучор меоянд, хуш, фикр, саодатро шахс фарз карда, сар, қадам, дастро, ки як узв ё амали инсон аст, ба таври изофат ба соҳибистораи худ нисбат додаанд. Инчунин панҷаи зулм гӯем, зулмро ба як ҷонвари даррандаи хунхор монанд карда, панҷаро ба таври изофат ба зулм мебандам. Ё ки худи истиорашаванда ба соҳибистиораи худ ба таври изофат баста мешавад, ки инро истиораи изофӣ ва ё истиораи киноягӣ низ мегӯянд.

Масалан, дар ҷумлаи зерин: «Лекин дар пешоний, гирди лаб ва кунҷи чашмонаш дасти қаттолу бераҳми умр, андак бошад ҳам, аз гузаштаи худ осор мондааст» (Ҷ. Икромӣ).

Ин ҷо ибораи «дасти қаттолу бераҳми умр» истиора аст, зеро умри инсон гӯё одаме тасаввур шудааст, ки даст дорад. Нависанда нагуфтааст, ки дар пешоний, гирди лаб ва кунҷи чашмони қаҳрамон андак чин пайдо шуда буд, балки сухани образноке сохта, пайдо шудани очинғро кори дасти бераҳми умр ҳисоб кардааст.

Ё ки шеъри зеринро гирем:

Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,
Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во шуд.
Шумо, эй булбулони боғи мактаб,
Саҳаргоҳон набояд хуфт ҳар шаб,
Шумо ҳам дар наво оед бояд,
Ки то аз боғи маъни гул кушояд.
Саҳаргоҳон гулистони дабистон
Тароватбахш бошад чун гулистон.

(С. Айнӣ)

Дар байти дуюм, дар таркиби «булбулони боғи мактаб» калимаи булбулон ба ҷои талабагон истиора шудааст, ки нисбат ба таркиби боғи мактаб истиорашаванда мебошад. Инчунин «боғи мактаб» низ таркиби истиораи изофӣ буда, истиорашаванда — боғ бо соҳибистиораи мактаб ба таври изофат баста шудааст. Пас, таркиби «боғи мактаб» ҳам истиораи пӯшида аст. Инчунин «боғи маъни» истиораи пӯшида буда, боғ, ки истиорашаванда аст, ба соҳибистиораи худ — маъни баста шудааст.

Чунон ки гуфта шуд, истиора аз ташбеҳ дида дар ифода кардани мақсад ба таври мӯҷаз ва латиф хизмат мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ