Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Лӯлӯ¹ аз наргис фурӯ бориду гулро об дод,
В-аз тагарги² рӯҳпарвар молиши унноб³ дод.
Лӯлӯ киноя аз ашк, наргис киноя аз чашм, гул киноя аз рухсора, тагарг киноя аз чакраҳои ашк ва унноб киноя аз лаб аст. Шоир мехост гӯяд, ки аз чашми гирён ашк рехту рухсораро тар кард ва чакраҳои оби дида ба лаб расид. Вале ӯ ин матлабро дар ҷомаи сухани образноки бадеӣ ва ба воситаи истиора баён кардааст. Рухсору лаби ёрро тар кардани оби дида ба назари шоир чунин намудааст, ки гӯё наргис аз лӯлӯ гулро об дода истодааст ва жола уннобро молиш медиҳад. Бинобар ин шоир ҳодисаи аслӣ (аз ашк тар шудани лабу рухсори ёр)-ро баён накарда, он манзараеро, ки ин ҳодиса ба пеши назари ӯ ҷилвагар намуд, тасвир кардааст. Яъне ба ҷои ашк лӯлӯро гирифтааст, ба ҷои чашм наргисро, ба ҷои рӯй гулро, ба ҷои донаҳои ашк тагаргро ва ҷои лаб уннобро гузоштааст. Инҳо (лӯлӯ, наргис, гул, тагарг, унноб) истиорашаванда ҳастанд, муносибате, ки онҳо байни худ доранд, як лавҳаи бадеиро ба вуҷуд меорад, ки тамоми латофат ва зебоиҳои ҳодисаи аслӣ (яъне аз ашк тар шудани лабу рухсори маҳбуба)-ро хеле барҷаста нишон дода метавонад. Ин байт зоҳиран гӯё пейзаж аст ва як манзараи табиатро тасвир мекунад, вале аслан шоир ҳолати дилбарро ба як ҳодисаи табиат монанд кардааст ва ё дурусттар, ин, ки ба воситаи як манзараи табиӣ ҳолати дилбарро тасвир намудааст. Тасвири манзараи зебои табиат ба муаллиф имконият додааст, ки ҳолати ёри худро дар пеши назари хонанда беҳтар ва барҷастатар ҷилвагар намояд.
Мисоли дигар:
Нест лаъли ӯ бурун аз чашми гавҳарбори ман,
Оре, оре гавҳари мақсуд бар соқӣ чарост?
(Камол)
Дар ин байт лаъл ба ҷои лаб гузашта ва ба ҷои резандаи ашк калимаи гавҳарбор омадааст.
Ё ки дар ин байти Мулҳам:
Маро аз гиряи шабҳо нашуд ҷуз дарди сар ҳосил
Ба хуни дил абас парвардаам ин тифли бадхӯро.
Тифли бадхӯ ба ҷои оби дида омадааст. Шоир оби дидаро ба тифли бадхӯ аз он ҷиҳат монанд кардааст, ки ба чашм намеистад, балкӣ чун кӯдаки тирён бесаранҷом буда, ба тарафи доман медавад — мечакад.
Дар ин шеъри Ҳофиз тӯтиёи Ҳинд киноя аз шоирони форсзабони Ҳинд ва қанди форсӣ киноя аз шеъри Ҳофиз аст:
¹ Лӯлӯ — дур, марворид.
² Тагарг — жола.
³ Унноб — навъе аз санҷид, меваи дарахти челон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё