Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо феъли «гиристан» ба ҷои боридан ва «хандидан» ба ҷои шукуфтан омадааст.

Аз шӯриши охи ман ҳама шаб
Бодоми ту дӯш ногунуда.
(Хоқонӣ)

Дар ин мисол бодом ба ҷои чашм истифода шуда, ғунудан (хобидан), ки хосаи чашм аст, ба бодом нисбат дода шудааст, вагарна дар сурати ҳақиқӣ ғунудан аз доираи хусусияти бодом берун аст.

Дар ин байти устод Рӯдакӣ ба ҷуз он ки истиора бо феъл ташкил ёфтааст, санъати ташбеҳ, тазод, талмеҳ, ташхис, таносуби калом ва як навъ намуди санъати мусаҷҷаъ низ вуҷуд дорад:

Биҳандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигирид абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

  1. Бо зарфи ҳол (феъли ҳол) ташкил меёбад:

Аз он гулшан дили густохи мо гул чида меояд,
Ки чашми боғбон он ҷо зи худ пӯшида меояд...
Канори баҳр киштиро камингоҳи хатар бошад,
Аз он доим нафас аз дил ба лаб ларзида меояд.
Ба мӯе метавон сад кӯҳро бардоштан, Соиб,
Зи дил то бар забон як нуктаи санҷида меояд.

Дар ин шеър феълҳои гул чида, пӯшида, ларзида, ки қофия шуда омадаанд, феълҳои ҳолианд, ки дар ғайри маънои аслӣ, ба маънои истиорагӣ омадаанд.

Даме ки дилбарам монандӣ гул хандида меояд, Умеди тоза дар дил, нури нав дар дида меояд.
Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.
Баҳори рӯзгораш рангу бӯи сад чаман дорад, Руҳаш гул-гул шукуфта, хотираш болида меояд.
Камоли ҳусни ишқу обрӯ акнун насиби ӯст, Гули боғи муроди хештанро чида меояд.
Ба ҳар ҷо, ки равад, бо як нигоҳи сеҳрангезаш Тамоми ақлу ҳуши ошиқон дуздида меояд.
(М. Турсунзода)

Печида, болида, чида, дуздида дар маънои маҷозии истиорагӣ кор фармуда шудааст.

Ғайр аз инҳо дар забони халқ дар миёни гуфтугӯи оддӣ низ мисолҳои истиораи равшан ва пӯшида бо исм, бо феъл, бо сифат ҳар замон ба гӯш расида меистад:

  1. Тулум омад (яъне одами фарбеҳ омад).
пешина
аз 303
навбатӣ