Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Гул ба гул, хор ба хор (гул ба ҷои ҷавон ва хор ба ҷои пир истиора шудааст).

  2. Ин қадар аз пушти амалатон напарред (истиора бо феъл ташкил шудааст).

  3. Ба ҷанги зану шӯ остона хандидааст (бо феъл ташкил шуда, муваққатӣ будани ҷанги зану шӯйро нишон медиҳад).

  4. Чашми рӯз накафида ба кор рафт (бо исм ва феъли ҳол ифода шудааст).

  5. Қори шаб — хандаи рӯз (бо исм ташкил шудааст).

  6. Шоҳи ҷавоният нашканад (истиораи пӯшида буда, бо исм ва феъл ташкил ёфтааст).

  7. Хунук рӯн касро мелесад (бо феъл).

  8. Монанди ибораҳои «Рӯи анор барин сурхаш куртаи атласаш кати ҷанг мекунад» бисёр аст, ки маънои «рӯи сурхи анормонад бо куртаи атласи сурх баҳам рақобат мекунанд» гуфтан аст.

Ин мазмунро М. Турсунзода ба ин тарз ба кор бурдааст:

Рӯят, ки ҳамеша лоларанг аст,
Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.

Камоли Хуҷандӣ ин мазмунро, яъне феъли мураккаби «ҷанг андохтан»-ро дар ғайри маънои аслӣ — дар маънои истиорагӣ ба таври хеле хушрӯ ва дилҷӯ истеъмол намудааст;

Нусбат макун он орази зебо ба гули сурх,
Гулро ба гул аз боди сабо ҷанг маяндоз.

Бояд қайд кард, ки дар «Тарҷумон-ул-балога», «Ҳадоиқ-ус-сеҳр», «Ал-мӯъҷам» ба истиора мавқеи бисёр тангу маҳдуд дода шуда, қисми муҳими он, ки иборат аз истиораи биттасреҳ (истиораи равшан) мебошад, бо номи ташбеҳи муканно (киноягӣ) дар қатори ташбеҳ зикр шудааст ва истиора дар доираи танг монда, танҳо истиораи муканно (пӯшида) баён шудааст у бас. Аммо дар «Ғиёс-ул-луғот» ва асарҳои дигари мутааххирин ба истиора мавқеи муҳим ва васеъ дода шуда, истиораи равшан, ки онро дар боби ташбеҳ ба номи ташбеҳи муканно зикр мекарданд, бо номи истиораи биттасреҳ зикр шудааст, ки хеле ба ақлу мантиқ наздик аст.

Ҳақиқатан ҳам истиора ба ҷои чизе ба орият, яъне ба таври амонат зикр кардани чизест ва онро аз ташбеҳ фарқ кунондан лозим аст.

Дар «Мезон-ул-авзон — лисон-ул-қалам» барои ташбеҳи пӯшида (киноягӣ) байти зеринро мисол овардааст:

Гоҳ бар моҳи дуҳафта гарди мушк орӣ падид,
Гоҳ мар-хуршед-ро дар голия пинҳон кунӣ.

  1. Таълифи Абдулқаҳҳор бинни Исҳоқ мулаққаб ва мутахаллис ба Шариф буда, доир ба арӯз, қофия ва бадеъ аст, ки мухтасари «Ал-мӯъҷам» мебошад, ин асар дар Теҳрон соли 1337 ҳиҷрии шамбӣ чоп шудааст.
пешина
аз 303
навбатӣ