Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

асбоби ҷангро номбар мекунад: теғ, ханҷар, гурз ва каманд. Баъд амале, ки бо ёрии ин асбоб воқеъ шудааст, баён меё-бад: буриду дариду шикасту бубаст, яъне Рустам бо теғ бу-рид, бо ханҷар дарид, бо гурз шикаст, бо каманд бубаст. Дар мисраи охир шоир ба суоли «чиро?» ҷавоб дода калимаҳои сару синаву пову дастро мутобиқи феълҳои буридан, дари-дан, шикастан ва бастан овардааст. Дар натиҷа маънои ин ду байт ҳамин мешавад, ки Рустам дар ҷанг бо теғ сари паҳ-лавононро бурид, бо ханҷар синаи онҳоро дарид, бо гурз пои онҳоро шикаст ва бо каманд дасти онҳоро бибаст (яъне асир кард).

Гарчанд ки ин порча аз мураккабтарин намунаҳои санъати лаффу нашр аст, хеле содда ва табиӣ баромадааст. Шоир аз қаҳрамони худ Рустам ба завқ омада, бо ҷӯшу хурӯш су-хан меронад, дар ҳар мисраи чор калимаи соддаю кӯтоҳро паси ҳам қатор оварда, ба ин восита суръат ва шиддати ҷанг-ро ифода мекунад, чолокӣ ва пурзӯрии қаҳрамони худро зо-ҳир менамояд. Ин гуна табиӣ ва пурмазмун зуҳур кардани лаффу нашр дар адабиёт кам воқеъ шудааст.

Мисоли дигар аз «Матлаъ-ул-улум».

Зи ишқи туст чу зулфу миёну ваъдаи ту
Қадаҳ дутову танам логару шабам мамдуд1.

Калимаҳои зулф, миён ва ваъда, ки дар мисраи аввалин гум шудаанд, дар мисраи соний бо калимаҳои «қадам дуто», «танам логар», «шабам мамдуд» нашр ёфтаанд. Яъне шоир ба ёр мегӯяд, ки мисли зулфат қадам дуто шуд (хам шуд), мисли миёнат танам логар шуд (борик шуд), мисли ваъдаи ту шабам дуру дароз омад.

Мисол аз Қаззории Уммӣ, ки лаффу нашр бо истиора як ҷо омадааст:

Эй шукуфта гулбуни пайваста бо хуршед сар,
Турфа беҳу турфа шоҳу турфа баргу турфа бар,
Беҳу шоҳу барг аз сим асту моҳу мушку уд,
Моҳи гирду сими хому мушки нобу уди тар.

Мисоли дигар аз Возеҳи Бухороӣ:

Дили рақибу лаби шикваю дари ошиқ
Ба як ишораи абрӯ шикасту басту кушод.

Сайфи Фарғонӣ:

Шаккару гул дошт он дилдору ман аз васли ӯ Доштам то вақти субҳ ин дар даҳан, он дар кавор.

1 Мамдуд — дароз кашидашуда.

пешина
аз 303
навбатӣ