Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Агар ин тарз ғуновуварӣ ва нашри калимаҳо батартиб давом кунад, лаффу нашри мураттаб меноманд. Лекин агар лаффу нашр ба тартиб нарафта, ба таври омехта равад, лаффу нашри мушававаш номида мешавад:
То лола доғ бар дилу то гул нишаста бар гил,
Ин зад ба ҷома чоке в-он бар замин кулоҳе.
(Камол).
Дар ин байт калимаи «лола», ки дар аввали мисраи якум аст, бо ибораи «кулоҳ ба замин задан», ки дар охири мисраи дуюм омадааст, изоҳ шудааст. Инчунин калимаи «гул»-ро, ки дар охири мисраи якум мазкур аст, бо ибораи «ба ҷома чок задан» дар аввали мисраи дуюм изоҳ карда шудааст.
Аз баҳри бӯсае з-ин лабаш ҷон ҳамедиҳам,
Инам ҳамеситонаду онам намедиҳад.
(Ҳофиз).
Феъли «ҳамеситонад» ба ҷон ва феъли «намедиҳад» ба бӯса вобаста мебошад. Яъне ғуновуварӣ ва паҳн кардани калимаҳои ба тартиб воқеъ нашудааст.
Парвона зи ман, шамъ зи ман, гул зи ман омӯхт
Афрӯхтану сӯхтану ҷома даридан.
(Халқӣ).
Дар ин ҷо изоҳи парвона дар мисраи 1-ум баъди калимаи афрӯхтан омадааст, ки изоҳи шамъ буда, дар мисраи дуюмӣ баъд аз калимаи парвона омадааст.
Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
К-он шоҳиди бозорӣ в-ин парданишин бошад.
(Ҳилолӣ).
Аз замин чӣ меҷӯй в-аз фалак чӣ мехоҳӣ?
Гунбази тилисм аст он, ҷодари хаёл аст ин.
(Сайидо).
Иқболи ҷаҳон бигзарад, идбор намонад,
Охир аламу айши гулу хор намонад.
(Бедил).
Санъати шумур
(Сиёкулаъдод)
Санъати шумур аз он иборат аст, ки шоир дар порчае маҳз барои латофат ва назокати сухан чанд чизро танҳо-танаспоби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё