Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Мисол аз Мунчик (аз ғоиб ба хитоб):

Хуррам баҳор хонд ошиқ туро, ки ту
Лоларуху бунафшаҳату ёсумантанӣ.
Моро ҷигар ба тири фироқи ту хаста гашт,
Эй сабр, бар фироқи бутон нек чавшанӣ!

Мисоле аз Камол (аз ғоиб ба хитоб):

Чашм агар ин асту абрӯ ин⸍у нозу ишва ин, Алвидоъ, эй зӯҳду тақво, алфироқ, эй ақлу дин!

Руҷӯи лирикӣ

(Қатъ)

Баъзан нависанда дар асарҳои достонӣ аз тасвири воқеа ё аҳволи рӯҳияи қаҳрамон ба ҳаяҷон омада, якбора ҳикояи худро қатъ менамояд ва ба тарафи дигаре гардиш карда, хитобан ба хонанда ё ягон предмети дигар сухан кардан мегирад. Ин усулро руҷӯи лирикӣ (ё ки қатъ) номидан мумкин аст.

Масалан, Ҳилолӣ дар «Лайлию Маҷнун» қарори падари Қайсро дар бораи ба мактаб супурдани фарзандаш ҳикоя карда, ногаҳон аз тасвири ҷараёни воқеа гардиш менамояд ва ба хонандаи хурдсол чунин муроҷиат мекунад:

...Эй тифл, зи илм баҳра бардор,
К-аз лавҳу қалам шавӣ хабардор.
Тифле, ки қалам гирифт бар даст,
Дасти ҳамаро ба чӯби тар баст.
В-он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,
Ҳаргиз сиёҳ аз сафед нашнохт.

Ин байтҳо байти руҷӯи лирикист. Шоир пас аз ин боз ҳикояро давом медиҳад.

Ҳилолӣ баъд аз тасвири вафоти Лайлӣ ва Маҷнун боз ба хонанда муроҷиат мекунад, вале ин дафъа хитоби ӯ бе нидо шурӯъ шудааст:

Ёрон, ки ҳама вафот ёбанд,
Аз мурдани худ наҷот ёбанд.
Алкисса, ки он ду ёр бо ҳам,
Рафтанд, вале равем мо ҳам...
З-ин турфа нашъаманди дилафрӯз
Фардо равад он, ки омад имрӯз.
Зинҳор дар ин дурӯза манзил
Чун бехабарон мабош ғофил.
Ту хуфтаву умр меравад тез,
Ногоҳ ачал расад, ки «бархез!»
Бархез, ки рӯзгор бигзашт,
Бишитоб, ки вақти кор бигзашт!
Ғофил зи ҷаҳон мабош з-ин пас!
Хуш дор, ки ғофилӣ ҳамин бас!

пешина
аз 303
навбатӣ