Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

Дар ин порча шоир аз вафоти қаҳрамонони худ мутаассир гардида, аз дасти аҷал додгӯён сӯзу гудози худро баён менамо- яд, вале бо як рӯҳияи некбинӣ ба хонанда муроҷиат мекунад, ки зиндагиро дар бекорӣ набояд гузаронд.

Ин байтҳо низ байтҳои руҷӯи лирикии аст ва пас аз он боз давоми ҳикоя меояд.

НИДО

Нидо аз он хитобҳои музтарибона иборат аст, ки тазоҳури ҳаяҷони қалбӣ ва эҳсосоти амиқи рӯҳии шоир аст. Чунончи, нидои ҷигарсӯзи Маҷнун ба сари қабри падар (аз Низомӣ, их- тисоран):
Чандон зи мижа сиришки хун рехт,
К-андози замин ба хун баромехт.
Гуфт:
— Эй падар, эй падар, куҷой?
К-афсар ба сарам намекамои?
Эй ғамхӯри ман, куҷот ҷӯям?
Темори ғами ту бо кӣ гӯям?
Ман бепадари надида будам,
Талх аст кунун, ки озмудам.
Фарёд, ки дурам аз ту, фарёд!
Фарёдрасе на ҷуз ту, фарёд!

(Бибноиша): Ин чӣ мусибат аст ба сари ман, дар ин ду рӯз ба сари пури дидан ман чиҳо омада бошад?! Агар ба хонаи шумо намерафт, албатта мебоист ба ин ҷо бозмегашт, магар ба дарае афтода талаф шуд?! Ё ки аз нотавонии ӯ фоида бурда гургонаш дарониданд, ё деве заҳматаш расонд ва ё дар ка- мингоҳе ғанима будааст, ки аз ӯ интиқом кашид?!... Во балам! Во Одинаҷонам! Во чашму чароғам! Во қуввати дилам! Во ра- фиқи шаби танҳоиям! Во парастори рӯзи бемориям! Вой, Вой! Вой!». (С. Айнӣ, «Одина»).

Мисоле аз Ҳаким Карим:
Баҳор, боз омадӣ!
Биё!
Марҳабо!
Биё, ман акиюн душмани ту наям, ту нозанини ман ҳастӣ!
Баҳор, маро бубахш!
Магар ёдат намеояд?
Замоне буд, ки ману ту ҷангӣ шудем. Туро на тоб дошта- му на тоқат.

Солҳои сол шуоъҳои хуршеди мунавварат монандӣ ҳанҷа- ри тез синаамро чок карданд.

Сабзаҳои навхезат ба рӯҳи пажмурдаи ман ғизо надоданд.

Паррандаҳои хушхонат суруди мотами маро суруданд.

Инсоф кун! Магар ман гунаҳгор будам?

— Ҳеҷ! Ту ҳам не!

Ҳазорон бор не. Гунаҳгор дигарон буданд, дигарон.

пешина
аз 303
навбатӣ