Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо дараҷоти зӯҳд дар ҳаққи он чи ба тарки вай бигӯянд, ҳам мухталиф аст, ки кас бошад, ки ба тарки баъзе аз дунё бигӯяд ва тамомӣ он аст, ки ҳар чӣ нафси вайро дар он ҳаззе аст, ки вайро зарурате нест ва дар роҳи охират бад-он ҳоҷат нест, ба тарки он бигӯяд: ки дунё иборат аст аз ҳузузи нафс аз молу ҷоҳ ва хӯрдану пӯшидан ва гуфтану хуфтан ва бо мардумон нишастан ва дар маҷлис ва ривояти ҳадис ва ҳар чӣ барои шурби нафс бувад, ҳама аз дунё аст, илло он ки мақсуди даъват бувад ба Ҳақ таъоло. Абӯсулаймони Доронӣ гӯяд: «Дар зӯҳд бисёр сухан шунидаам, валекин зӯҳд ба наздики мо он аст, ки он чи туро аз Худои туъоло машғул кунад, ба тарки он бигӯӣ». Ва гуфт: «Ҳар кӣ ба никоҳ ва сафар ва ҳадис набиштан машғул шуд, рӯй ба дунё овард, вайро пурсиданд, ки: «Илло ман аталлоҳа биқалбин салимин» чист?» Гуфт:
«Салим диле бувад, ки ҷуз Худои таъоло ҳеч чиз дар вай набувад». Яҳё ибни Закариё — алайҳимоссалом — палосе пӯшидӣ, то нармии ҷома вайро ба роҳат надорад, ки он ҳаззи нафс аст, пас модари вай дархост, то ҷомаи пашмин дарпӯшад, ки тани вай аз палос реш шуда бувад, дарпӯшид, пас ваҳй омад: «Ё Яҳё, дунё бар ман ихтиёр кардӣ?» Бигирист, боз палос пӯшид. Бидон, ки ин ниҳояти ҳад аст ва кас бад-ин дараҷа нарасад, валекин дараҷаи ҳар касе ба қадри он аст, ки ба тарки он бигуфтааст ва чунон ки тавба аз баъзе дуруст бувад, зӯҳд низ аз баъзе дуруст бувад, бад-он маънӣ, ки бе савоб ва бе фоида набувад, аммо он мақоме, ки дар охират мавъуд аст, тоибро ва зоҳидро, он касеро барад, ки аз ҷумла даст бидорад, ё аз ҳама тавба кунад.
(Пайдо кардани он чи зоҳидро бад-он қаноат бояд кард дар дунё) Бидон, ки халқ дар ҳовия афтодаанд ва водиҳоро ниҳоят нест, лекин муҳим дар дунё шаш чиз аст: хӯрданиву пӯшиданӣ ва маскану ханурхона ва зану молу ҷоҳ:
Муҳими аввал таом аст дар ҷинс ва қадру нонхӯриш назар аст: аммо ҷинси камтарин чизе бувад, ки ғизо диҳад ва агар ҳама сабӯс бувад ва миёна нони ҷавину говурсин ва меҳин нони гандумин бувад нобехта; чун бехта шуд аз зӯҳд берун шуд ва ба танаъъум расид, аммо миқдори камтарин даҳ ситер бувад ва миёна ним ман ва ақсари муддӣ ва тақдири шаръ дар ҳаққи дарвеш ин аст, агар бар ин зиёдат кунад, зӯҳд дар меъда фавт шавад ва аммо нигоҳ доштани мустақбалро бузургтарин дараҷа он аст, ки беш аз он ки гуруснагӣ дафъ кунад ҳеч чиз нигоҳ надорад, ки асли зӯҳд кӯтоҳии амал аст ва миёна он бувад, ки қуввати моҳе ё чиҳил рӯз нигоҳ дорад ва камтарин дараҷа он аст, ки як сол нигоҳ дорад, агар зиёдат як сол нигоҳ дорад, аз зӯҳд маҳрум монад, ки ҳар кӣ умеди умри беш аз як сол дорад, аз вай зӯҳд рост наёяд — ва расул салавотуллоҳу алайҳи як сола барои иёл биниҳодӣ, аз он ки эшон тоқати яксола надоштандӣ, аммо барои хеш шабонгоҳҳеч нагузоштӣ. Ва нонхӯриши камтарин сиркаву тара аст ва миёна равған ва он чи аз вай кунанд ва меҳин гӯшт ва агар бардавом хӯрад, зӯҳд рафт ва агар дар ҳафта як ё ду бор беш нахӯрад, аз дараҷаи зӯҳд ба кулият берун наафтад. Аммо вақти хӯрдан: бояд ки дар рӯзе як бор беш нахӯрад ва агар дар ду рӯз як бор хӯрад, тамомтар бувад, аммо чун рӯзе ду бор хӯрад, ин зӯҳд набувад. Ва ҳар кӣ хоҳад, ки зӯҳд бидонад, бояд ки аҳволи расул салавотуллоҳу алайҳи бидонад: Оиша мегӯяд, ки: вақт будӣ, ки ба чиҳил шаб дар хонаи расул салавотуллоҳу алайҳи чароғ набудӣ ва таом набудӣ, магар хурмову об. Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ талаби фирдавс кунад, вайро нони ҷавин ва хуфтан бар саргиндон бо сагон бисёр бувад ва бо ҳавориён: нони ҷавин ва тара хӯред ва гирди гандум нагардед, ки ба шукри он қиём натавонед кард».
Муҳими дуввум ҷома аст; зоҳидро бояд ки ҷома яке беш набувад, чун бишӯяд, бояд ки бараҳна бувад, чун ду шуд, зоҳид набувад ва камтарини ин пироҳане ва кулоҳе ва кафше ва бештарин он ки боз ин дасторе ва изорпое бувад. Ва аммо ҷинси камтарин палос1 бувад ва миёна пашми дурушт ва олӣ пунба бувад дурушт, чун нарм ва борик бошад, зӯҳд набувад. Ва дар он вақт, ки расул салавотуллоҳу алайҳи фармон ёфт, Оиша гилеме ва изоре биёвард ва гуфт: «Ин будааст хосаи вайу бас». Ва дар хабар аст, ки: «Ҳеч кас ҷомаи шаҳват дарнапӯшад, ки на Худои таъоло аз вай эъроз кунад, агарчи дӯст бувад наздики вай, то он гоҳ ки берун накунад». Ва қимати ду ҷомаи расул салавотуллоҳу алайҳи понздаҳ дирҳам беш набудӣ ва гоҳ будӣ, ки ҷомаи вай чунон шухгин будӣ, чун ҷомаи равғангир ва як роҳҷомае оварданд вайро ба ҳадя ва бар он илме буд, дарпӯшиду пас бигуфт: «Ин ба наздики Абӯҷаҳам баред ва он гилеми вай биёваред, ки ин илм2 чашми маро машғул бикард». Ва як бор широки наълайни вай нав бикарданд, гуфт он кӯҳна бозоваред, ки ин нахоҳам: ки дар намоз чашми ман бад-ин бознигарид ва бар минбар
1 Палос ҷомае муин ва дурушт бошад.
2 Илм: нақшу нигор порча аст.
ангуштаре аз ангушт бияндохт. Бад-он ки чашмаш бар он афтод. Ва як бор ӯро наълайни некӯ оварданд, Худойро таъоло саҷда кард ва берун омад ва аввал ларвешеро, ки бидид, ба ӯ дод ва гуфт: «Некӯ омад ба чашми ман тарсидам, ки Худои таъоло маро душман гирад ва суҷуд аз он кардам». Ва Оишаро гуфт: «Агар хоҳӣ, ки маро дарёбӣ ба қадри зоди мусофирӣқаноат кун, ҳеч пироҳан берун макун, то пора наниҳӣ бар ҷома». Умар разийаллоҳу анҳу чаҳордаҳ пора бардӯхта буд ва Алӣ разийаллоҳу анҳу ба рӯзгори хилофат ба се дирам пироҳан харид ва аз остин ҳар чӣ аз даст гузашта буд, дур кард ва гуфт шукри он Худойро, ки ин хилъати ӯст. Яке мегӯяд: ҳар ҷома, ки бар Суфёни Саврӣ буд, қимат карданд ба як дираму чаҳор донг баромад. Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар кӣ бар ҷомаи таҷаммул қодир бувад ва тавозӯъи Худойро даст бидорад, ҳақ аст бар Худои таъоло, ки вайро абқаре1 биҳишт бар тахтҳои2 ёқут ба дил диҳад». Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу гуфт: «Худои таъоло аҳд фурӯ гирифт бар аиммаи ҳудо, ки ҷомаи эшон ҷомаи камтарин мардумон бувад, то тавонгар бад-ӯ иқтидо кунад ва дарвеш дилшикаста нашавад: Фазолат ибни Амир амири Басра буд, вайро диданд пойбараҳна мерафт бо ҷомае мухтасар, гуфтанд: омири шаҳрӣ, чунин макун! Гуфт: «Расул салавотуллоҳу алайҳи моро аз танаъъум наҳй кардааст ва фармудааст, ки гоҳ гоҳ пойбараҳна равед. Муҳаммад ибни Восеъ дар наздики Қутайба ибни Муслим рафт бо ҷомаи суф, гуфт: «Чаро суф пӯшидӣ?» Хомӯш буд, гуфт: «Чаро ҷавоб надиҳӣ?» Гуфт: «Нахоҳам, ки гӯям аз зӯҳд, ки бар хештан сано карда бошам, ё аз дарвешӣ, ки аз Худои таъоло гила карда бошам». Сулаймонро алайҳиссалом гуфтанд: чаро некӯ напӯшӣ? Гуфт:
«Бандаро бо ҷомаи некӯ чи кор?» Чун фардо озод шавам, аз ҷомаи некӯ дарнамонам. Умар ибни Абдулазиз палосе дошт ба шаб, ки намоз кардӣ ва ба рӯз надоштӣ, то халқ набинанд. Ҳасани Басрӣ, Фарқади Сабақиро гуфт: «Мепиндорӣ, ки туро бад-ин гилеме, ки дарпӯшидӣ фазл аст бар дигарон? Шунидам, ки дӯзахиён бештар гилемпӯшон бошанд».
Муҳими саввум маскан аст ва камтарини ин он аст, ки ба расми хос ҳеч ҷое надорад ва ба гӯшаи масҷиде ва работе қаноат кунад ва бештар он ки ҳуҷраҳое дорад ба мулк ё ба иҷорат, ба қадри ҳоҷат, ки баланд набувад ва нигор карда набувад ва беш аз миқдори ҳоҷат набувад ва чун сақфи беш аз шаш газ рафъ кард ва ба гач кард, аз зӯҳд бияфтод. Ва дар ҷумла мақсуди маскан он аст, ки сармо ва гармо ва борон боздорад, ҷуз ин талаб
1 Порчаи ҳарири бисёр олӣ.
2 Тахти ҷомадон аст.
набояд кард. Гуфтаанд, ки: аввал чизе, ки аз тӯли амал, пас аз расул салавотуллоҳу алайҳи падид омад, бино кардан ба гач бувад ва дарзи ҷома бознавиштан1, ки дар он аҳд беш аз як дарз набудӣ — ва Исо разийаллоҳу анҳу манзарае баланд карда буд, расул салавотуллоҳу алайҳи бифармуд, то боз кард2. Ва як роҳ ба гунбаде баланд бигузашт, гуфт: «Ин кирост? Гуфтанд: фулонро, пас аз он мард ба наздики расул алайҳиссалом омад, дар вай наменигарист, то он кас сабаби он бозпурсид, ба ӯ бигуфтанд, он гунбадро бозкард, он гоҳ расул салавотуллоҳу алайҳи бо ӯ дил хуш кард ва ӯро дуо гуфт. Ва Ҳасан мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки расул салавотуллоҳу алайҳи дар ҳама умр хиште бар хиште наниҳод ё чӯбе бар чӯбе. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар кӣ Худои таъоло ба вай шарре хоҳад, моли вай дар обу хок ҳалок кунад». Ва Абдуллоҳ ибни Умар мегӯяд, ки расул салавотуллоҳу алайҳи ба ман баргузашт, гуфт: «Ин чист, ки мекунӣ?» Гуфтам: хонаест табоҳ шуда, мараммат мекунам: кор аз он наздиктар аст, ки мӯҳлат пазирад, яъне, ки марг ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар кӣ бино кунад беш аз ҳоҷат дар қиёмат, вайро таклиф кунанд, то он баргирад». Ва гуфт: «Дар ҳама нафақатҳо музд аст, илло дар он чи бар обу хок кунанд». Ва Нӯҳ алайҳиссалом хонае кард аз най, гуфтанд: агар аз хишт будӣ, чи будӣ?
Гуфт: «Касеро, ки мебибояд мурд, ин бисёр аст. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар биное, ки банда кунад, дар қиёмат бар вай вубол аст, илло он ки вайро аз гармову сармо нигоҳ дорад». Ва Умар разийаллоҳу анҳу дар роҳи Шом кӯшке дид аз хишти пухта, гуфт: «Ҳаргиз надонистам, ки дар ин уммат ин бино кунанд, ки Ҳомон кард аз баҳри Фиръавн, ки хишти пухта ӯ хост». Ва гуфт: «Ав қид ли йо ҳомону алаттини». Ва дар асар аст, ки: чун банда бино аз шаш газ зиёдат боло ниҳад, фариштае мунодӣ кунад аз осмон, ки: ё фосиқтарини ҳама фосиқон, куҷо меоӣ, яъне, ки туро ба замин фуруд мебояд шуд ба гӯр, аз ҷониби осмон куҷо меоӣ? Ва Ҳасан мегӯяд: «Дар хонаҳои расул салавотуллоҳу алайҳи ҳама даст ба сақф расидӣ». Ва Фузайл мегӯяд: «Аҷаб аз он надорам, ки бино кунанд ва мегузоранд, аз он аҷаб дорам, ки мебинанд ва ибрат намегиранд».
Муҳими чаҳорум ханури хона аст. Дараҷаи аъло дар он дараҷаи Исо салавотуллоҳу алайҳи будааст, ки ҳеч надошт, магар шонае ва кӯзае, якеро дид, ки бо ангуштон маҳосин шона мекард, шона бияндохт, яке дигарро дид, ба даст мехӯрад ва кӯза бияндохт ва миёна он, ки аз ҳар
1 Ду дарза дӯхтан ба ҷои шалол кардан.
2 Боз кардан: хароб кардан.
чӣмуҳим бувад, яке дорад аз чӯбу сафол ва агар аз мису биринҷ бувад, на зӯҳд бувад ва салаф ҷаҳд карданд, то як чиз дар чанд чиз ба кор доранд ва расулро салавотуллоҳу алайҳи болише аз адим буд ва ҳашви1 он лиф буд ва фарши вай гилеме ду ту карда. Ва Умар разийаллоҳу анҳу як рӯз паҳлӯи вай дид нишони ҳасири хурмо гирифта, бигирист, гуфт чаро мегирйӣ? Гуфт: «Қайсару Кисро дар неъматҳои Худои таъоло ва душманони вай ва ту расул ва дӯсти Худой дар ин душхориҳо», гуфт:
«Хурсанд набошӣ бад-он, ки моро дар охират бувад ва эшонро дар дунё?»

пешина
аз 176
навбатӣ