Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфт: «Бошам». Гуфт: «Пас бидон, ки чунин аст». Ва яке дар хонаи Бӯзар шуд ва дар ҳамаи хона ҳеч чиз набуд, гуфт дар ин хонаи ту ҳеч чиз нест?
Гуфт: «Моро хонаест, ки ҳар чӣ ба даст ояд, он ҷо фиристем», яъне он ҷаҳон, гуфт то дар ин манзил бошед, чора набошад аз матоъе, гуфт:
«Худованд хонаи моро ин ҷо нахоҳад гузошт». Ва чун Умар ибни Саъд амири Ҳамс буд ба наздики Умар расид, гуфт чист аз дунё бо ту? Гуфт:
«Асое дорам, ки бар вай такя занам ва морро бад-он бикушам ва анбоне дорам, ки таом дар вай ниҳам ва косае дорам, ки аз он ҷо об хӯрам ва таҳорат кунам, чи ҳар чӣҷуз ин аст, аз дунё ҳама табаъи ин аст, ки ман дорам». Ва расул — салавотуллоҳу алайҳи ва саллам аз сафаре бозомад, ба дари хонаи Фотима шуд, пардае дид дар хонаи вай ва ҳалқае симин дар дасти вай, бозгардид аз кароҳияти он, чун Фотима бидонист, он ҳалқаро ба дираме ва ним бифурӯхт ва боз он парда ба ҳам ба садақа бидод, пас расул алайҳиссалом дил бар вай хуш кард ва гуфт: «Некӯ кардӣ». Ва дар хонаи Оиша разийаллоҳу анҳо пардае буд, расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар гоҳ, ки чашми ман бад-ин парда афтад, дунё ба ёд омадан гирад, бибаред ва ба фулон кас диҳед». Ва Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд, ки: «Расул салавотуллоҳу алайҳи бар гилеме ду ту хуфтӣ, як шаб фироше нав фурӯ кардам, ҳама шаб бар хештан ҳамепечид, дигар рӯз гуфт: дӯш хоб аз ман бибурд, ҳамон гилем бозовар». Ва як роҳ зар оварда буданд, ҳама қисмат кард, шаш динор бимонд, ҳама шаб бехоб буд, то ба охири шаб он ба касе фиристод ва ба хоби хуш даршуд, он гоҳ гуфт: «Чӣ гуна будӣҳоли ман, агар бимурдаме ва ин шаш динор бо ман?!»
Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Ҳафтод касро аз саҳоба дарёфтам, ки ҳеч кас ҷуз аз як ҷома надошт, ки пӯшида буд ва ҳаргиз миёни хеш ва хок ҳиҷоб накардандӣ, паҳлӯ бар хок ниҳодандӣ, ки бихуфтандӣ ва он ҷома бар хештан афкандандӣ».
Муҳими панҷум никоҳ аст. Саҳли Тустарӣ гӯяд ва Суфён ибни
1 Чизе чун панба ва ҷуз он дар болиш ва тушак резанд.
Уййина ва ҷамъе гуфтаанд, ки: дар никоҳ зӯҳд нест, чи зоҳидтарин халқ расул салавотуллоҳу алайҳи буд ва занонро дӯст доштӣ ва нӯҳ зан дошт.
Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу бо зӯҳди вай чаҳор зан дошт ва дувоздаҳ сиррият1; ва бидон, ки он хоста бошанд, ки раво набувад, ки касе даст аз никоҳ бидорад, то вайро лаззати мубошират набувад бар тариқи зӯҳд: ки никоҳ сабаби фарзанд аст ва дар вай фоидаи бисёр ва бақои насл аст, ки ҳамчунон бувад, ки касе нону об нахӯрад асло, то вайро лаззате набошад ва бад-ин вай ҳалок шавад ва бад-он насл мунқатеъ шавад. Аммо агар касеро никоҳ аз Худои таъоло боз хоҳад дошт, нокардан авлотар; ва агар шаҳват ғолиб бувад, зӯҳд он бувад, ки зане хоҳад, ки бо ҷамол набошад ва шаҳватнишон бошад на шаҳватангез. Аҳмади Ҳанбалро зане медоданд некӯ ва гуфтанд: ин зан хоҳаре дорад аз ин оқилтар, лекин якчашм аст, он оқилтарин бихост. Ҷунайд мегӯяд: «Он дӯсттар медорам, ки муриди мубтадӣ дил нигоҳ дорад аз се чиз: касб ва никоҳ ва набиштани ҳадис»; ва гуфт: «Дӯст надорам, ки сӯфӣ хоҳанд ва нависад, ки андеша пароканда шавад».
Муҳими шашум молу ҷоҳ аст ва дар рукни муҳликот бигуфтаем, ки ин ҳар ду заҳри қотил аст ва он қадар, ки ҳоҷат аст, тарёқ аст ва он дунё нест, балки ҳар чӣ лобуд дин аст, ҳам аз дин аст. Халил салавотуллоҳу алайҳи аз дӯсте воме хост, ваҳй омад, ки чаро аз Халил худ нахостӣ? Гуфт:
«Бор Худоё, донистам, ки дунё душман дорӣ, тарсидам, ки аз ту дунё хоҳам», гуфт: «Ҳар чӣ бад-он ҳоҷат бувад, аз дунё набувад». Ва дар ҷумла чун шаҳавот ва зиёдатҳо дар боқӣ кард ва аз молу ҷоҳ ба қадри лобуд кифоят кард ва дили вай аз он гусаста бувад, дунёро дӯст надошта бошад ва мақсуд ин аст, ки чун бад-он ҷаҳон шавад, сараш нагунсор набувад ва рӯй бозпас набувад, ки ба дунё менигарад ва касе бознигарад, ки дунё осоишгоҳи вай буда бошад, аммо чун дар ҳаққи вай чунин таҳоратҷой бошад, ки ҷуз ба вақти ҳоҷат вайро нахоҳад, ки вай ба марг аз ин ҳоҷатгоҳ бираст, куҷо ба вай илтифот кунад? Аммо касе, ки дил дар дунё мебандад, масали вай чун касе бошад, ки ҷое, ки вайро нахоҳанд гузошт, силсилаҳо аз он ҷо бар гардани хеш маҳкам мекунад ё мӯи сари хеш бар он ҷо мебандад ва маҳкамтар мекунад, то чун аз он ҷо гиранд, ба мӯи хеш овехта бимонад. То он гоҳ, ки ҳама аз бех канда наёяд, аз он ҷо нараҳад ва он гом ҷароҳати он бо вай бимонад, Ҳасан мегӯяд: «Қавмеро дарёфтам, ки эшон ба бало шодтар аз он буданд, ки шумо ба неъмат ва агар шуморо дидандӣ гуфтанд: наянд илло шайтон ва агар шумо эшонро дидед,
1 Каниз.
гуфтед: наянд илло девонагон ва ин қавм рағбат дар бало аз он мекарданд, то дили эшон аз дунё ва хоста гусаста шавад, то ба вақти марг ба ҳеч овехта набошанд».
АСЛИ ПАНҶУМ
(Дар ният ва сидқу ихлос)
Бидон, ки аҳли басират макшуф шудааст, ки халқҳама ҳалок шудаанд, илло обидон ва ҳама обидон ҳалок шудаанд, илло олимон ва ҳама олимон ҳалок шудаанд, илло мухлисон ва мухлисон бар хатари азиманд:
пас бе ихлос ҳама ранҷҳо зоеъ аст; ва ихлосу сидқҷуз дар ният набошад, ҳар кӣ ният надонад, ихлос дар вай чун нигоҳ дорад ва мо дар як боб маънии ният шарҳ диҳем ва дар боби дигар ҳақиқати ихлос ва дар боби дигар ҳақиқати сидқ.
(Боби аввал — дар ният)
Аввал бояд ки фазли ният бидонӣ: ки рӯҳи ҳама аъмол ният аст ва ҳукм вайрост ва назари Ҳақ таъоло аз амал ба ният аст; ва расул салавотуллоҳу алайҳи аз ин гуфт, ки: «Худои таъоло ба сурат ва моли шумо нанигарад, ба дил ва кирдори шумо нигарад». Ва назар ба дил аз он аст, ки маҳали ният ӯст ва гуфт — салавотуллоҳу алайҳи, ки: «Кор ба ният аст ва ҳар касеро аз ибодати худ он аст, ки нияти он дорад: ҳар кӣҳиҷрат кунад, яъне ки шаҳри хеш бигузорад ва ба ғазо шавад ё ба ҳаҷ шавад, барои Худои таъоло, ҳиҷрати вай барои Худост ва ҳар кӣ барои он кунад, то моле ба даст орад, ё зане никоҳ кунад, ҳиҷрати вай барои Худой нест, бад-он аст, ки меҷӯяд». Ва гуфт: «Бештари шаҳидони уммати ман бар бистар ва болин миранд». Ва гуфт: «Банда бисёр кирдорҳои некӯ кунад ва ҳалоки он рафъ кунанд, Худои таъоло гӯяд аз саҳифаи вай бияфканед, ки на барои ман кардааст, фулон амал ва фулон амал вайро бинависед; гӯянд Бор Худоё, вай ин накардааст, гӯяд нияти ин кардааст». Ва гуфт: «Мардумон чаҳоранд: яке моле дорад ба ҳукми илм харҷ мекунад, дигаре гӯяд, агар ман низ доштаме чунин кардаме, ҳар ду дар музд баробаранд; ва дигаре моле дорад на ба шарти нафақа мекунад, дигаре гӯяд, агар ман низ доштаме чунин кардаме, ҳар ду дар базаҳ баробаранд: яъне ки ният ҳамчунон аст, ки бо амал ба ҳам». Ва Анас мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки расул — салавотуллоҳу алайҳи ва саллам дар ғазои Табук берун омад ва гуфт: «Дар Мадина мардумон бисёранд, ки дар музд бо мо шариканд, аз он ки ба узр бозмондаанд ва нияти эшон ҳамчун нияти мост». Ва дар бани Исроил яке ба кӯҳе рег бигузашт, вақти қаҳт буд, гуфт: «Агар ин ҳама гандум будӣ, ман ҳама ба дарвешон додаме». Ваҳй омад бар расули он рӯзгор, ки бигӯй вайро, ки Худои таъоло садақоти ту пазируфт ва чандон савоб дод туро, ки агар ту доштӣ ва садақа бидодӣ, ҳамон будӣ. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар киро нияти вай дунё бувад, дарвеше дар пеши чашми вай бошад ва аз дунё бишавад, ошиқи дунё ва ҳар киро ҳиммат ва нияти охират бошад, Худои таъоло вайро нигоҳ дорад ва аз дунё бишавад ва зоҳид бувад дар вай». Ва гуфт: «Чун мусулмонон ба масоф биистанд бо куффор, фариштаҳо номаҳо набиштан гиранд, ки:
фулон кас ҷанг ба таассуб мекунад, фулон кас ба ҳиммат он ҳамекунад, ки гӯянд, ки фулон дар роҳи Худой кушта шуд, ҳар кӣҷанг барои он кунад, то зулмати тавҳид ғолиб шавад, вай дар роҳи Худост». Ва гуфт: «Ҳар кӣ никоҳ кунад ва дар ният дорад, ки кобин надиҳад, зонӣ аст ва ҳар кӣ вом хоҳад ва ният кунад, ки бознадиҳад, дузд аст».
Ва бидон, ки уламо гуфтаанд, ки: аввал нияти амал биёмӯзед, он гоҳ амал кунед. Ва яке мегуфт маро амале биёмӯзед, ки шабу рӯз бад-он машғул бошам, то ҳеч вақт аз хайр холӣ набошам, гуфтанд: чун хайр наметавонӣ кард, нияти хайр мекун бардавом, то савоби он ҳосил меояд.
Ва Абӯҳурайра мегӯяд: «Халқро рӯзи қиёмат бар ниятҳои эшон ҳашр хоҳанд кард». Ва Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Биҳишти ҷовид бе охир бад-ин амал рӯзе чанд нест, бар нияти некӯст, ки онро охир нест».
(Ҳақиқати ният)
Бидон, ки аз одамӣҳеч ҳаракат ба вуҷуд наёяд, то се ҳоҷат дар пеш набошад: илм ва иродат, яъне: дониш ва хосту тавоноӣ, масалан, чун таоме набинад, нахӯрад ва чун бидид, агар боист ва хост ҳам набувад, он ҳам нахӯрад, агар хост бувад, чун даст мафлуҷ бувад, ки кор накунад, нахӯрад, ки қудрат надорад. Пас, ин се ҳоҷат дар пеши ҳамаи ҳаракот меравад, лекин ҳаракат табаъи қудрат аст ва қудрат табаъи хост ва иродат аст, ки боист қудратро ба кор дорад ва боист табаъи илм нест, ки бисёр чиз бинад ва нахоҳад; лекин илм хостан низ сурат набандад, ки чизе, ки надонад, чун хоҳад ва ният аз ин ҳар се иборат аз хост аст, на аз қудрат ва илм; ва хост он аст, ки вайро ангезад ва дар кор дорад: гоҳ бувад, ки яке бувад ва гоҳ бувад, ки ду ғараз дар як чиз фароҳам ояд, аммо он ки яке бувад, онро холис гӯянд ва масали ин он бувад, ки касе нишаста бувад, шере қасди вай кунад, бархезад ва биравад, ғараз ва нияти вай як чиз беш нест ва он гурехтан аст ва ҳамчунин касе аз дар ояд мӯҳташам, вайро бар пой хезад ва ҳеч ғарази дигар нест, илло икроми вай, ин холис бувад.
Аммо он ки ғараз ду бошад, аз се навъ бувад: яке он ки ҳар ғаразе чунон бувад, ки агар танҳо будӣ, фаро кор доштӣ, чунон ки хешованде дарвеш дираме хоҳад, бидиҳад барои хешовандӣ ва дарвешӣ ва аз дили хеш донад, ки агар дарвеш набудӣ, ҳам бидодӣ ва агар дарвеш будӣ ва хешованд набудӣ, ҳам бидодӣ, ин ду ғараз бувад дар ният ба ширкат.
Дигар навъ он ки донад, ки агар хешованд будӣ, на дарвеш ё дарвеш будӣ, на хешованд, надодӣ, лекин чун ин ҳар ду фароҳам омад, вайро фаро додан дошт ва масали аввал чунон бувад, ки ду тан санге баргиранд ва ҳар яке танҳо худ бар он қодир бувад ва масали ин дигар чунон бувад, ки ду заиф биёварӣ бо якдигар санге баргиранд, ки ҳар яке аз он оҷиз бошанд. Саввум навъ он ки як ғараз заиф бувад ва фаро кор надорад ва яке қавӣ, чунон ки танҳо ба кор дорад, лекин ба сабаби он яке кор осонтар бошад, чунон ки касе ба шаб намоз кунад танҳо, валекин чун қавме ҳозир оянд, бар вай осонтар бувад ба нишоттар бошад, аммо барои назари эшон намоз накунад, агар умеди савоб нестӣ ва масали ин чунон бувад, ки марди қавӣ санге бартавонад гирифт, лекин заифе бо вай низ ёрӣ диҳад, то осонтар шавад ва ин ҳар яке ҳукме дигар дорад, чунонки дар ихлос гуфта ояд ва мақсуд он аст, ки бидонӣ, ки маънии ният ғарази боис ва муҳаррик бошад. Ва ин гоҳ холис бувад ва гоҳ омехта.

пешина
аз 176
навбатӣ