Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

– ФАСЛ –
(Чаро нияти мӯъмин беҳтар аз кирдори вай аст) Бидон, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфтааст: «Ниййату-л-мӯъмини хайрун мин амалиҳи — нияти мӯъмин беҳтар аз кирдори вай аст». Ва бад-ин он нахостааст, ки нияти бе кирдор беҳтар аз кирдори бе ният, ки ин худ пӯшида намонад, ки кирдори бе ният ибодат набувад ва нияти бе кирдор тоат, балки маънӣ он аст, ки тоати вай ба тан аст ва ба дил ва ин ду ҷузв аст ва аз ин ҳар ду яке, ки ба дил аст, беҳтар ва сабаби ин он аст, ки мақсуд аз амал ин аст, то сифати дил бигардад ва мақсуд аз ният ва амали дил он нест, то сифати тан бигардад ва мардумон чунон пиндоранд, ки ният барои амал мебояд ва ҳақиқат он аст, ки амал барои ният мебояд, ки мақсуд ҳама гардиши дил аст ва саодат ва шақоват вайрост ва тан, агар дар миён хоҳад буд, валекин табъ аст, ҳамчун уштур, агарчи ҳаҷ бе вай нест, валекин ҳоҷӣ вай нест ва гардиши дил худ як чиз беш нест, он ки рӯй аз дунё ба охират оварад, балки аз дунё ва охират ба Худои таъоло оварад ва рӯи дил беш аз хост ва иродат нест, чун ғолиб бар дили вай дунё бувад, рӯй бо дунё бувад. Ва алоқати вай ба дунё хости вай бувад ва дар ибтидои офариниш чунин аст, чун хости Ҳақ таъоло ва дидори охират ғолиб шуд, сифати вай бигузашт ва рӯй бо дигар ҷониб кард, пас аз ҳама аъмол мақсуд гардиши дил аст, аз суҷуд на мақсуд он аст, ки пешонӣ бигардад, то аз ҳаво бар замин расад, бал он ки сифат бигардад ва аз табаррук ба тавозӯъ майл кунад ва мақсуд аз Аллоҳу акбар на он аст, ки забон бигардад ва биҷунбад, бал он ки дил аз таъзими хеш бигардад ва муаззами Худои таъоло шавад ва мақсуд аз санг андохтан дар ҳаҷ на он аст, то ҷои сангреза зиёдат шавад ё даст ҳаракат кунад, балки он ки дил бар бандагӣ рост биистад ва мутобеат ва тасарруфи ақли хеш дар боқӣ кунад ва тавъи фармон шавад ва инони хеш аз дасти хеш берун кунад ва ба дасти фармон диҳад, чунон ки гуфт: «Лаббайка биҳуҷҷатин ҳаққан ва наъаббудан ва риққан». Ва мақсуд аз қурбон он нест, то ҷони гӯспанд бишавад, бал он ки палидии бухл аз синаи ту бишавад ва шафқат ба ҷонварон ба ҳукми табъ надорӣ ва ба ҳукми фармон дорӣ, ки чун гӯянд гӯспанд бикуш, нагӯӣ, ки ин бечора чи кардааст ва таъзиб вайро чаро кунам, лекин он хештан ҷумла дар боқӣ ва ба ҳақиқат нест шавӣ, ки худ нестӣ, чи банда дар ҳаққи хеш нест бувад ва ҳасти Худованд бувад ба ҳақиқат ҷумла ибодот чунин аст, лекин дилро чунон офаридаанд, ки чун дар вай иродате ва хосте падид ояд, чун тан ба мувофиқати он бархезад, чун даст сари ӯ фуруд оварад, он раҳмат қавитар шавад ва огоҳии дил зиёдат шавад ва чун маънии тавозӯъи он сифат дар дил собиттар ва маҳкамтар шавад: масалан чун раҳмати ятим ояд, сар низ тавозӯъи хеш бикунад ва ба замин наздик шавад, он тавозӯъ дар дил муаккадтар гардад.
Ва нияти ҳама ибодот хости хайрот аст, ки рӯй ба дунё надорад, ба охират дорад ва амал бад-он ният он хостро собит ва муаккад бикунад, пас амал барои таъкиди хост ва ният аст, агарчи ҳам аз ният хезад ва чун чунин аст пайдо бувад, ки ният ба ҳар ният беҳтар аз амал бувад, чи ният худ дар нафси дил аст ва амал аз ҷои дигар сироят хоҳад кард ба дил, агар сироят кунад, ба кор ояд ва агар накунад ва ба ғафлат бувад, ҳабта бувад ва нияти бе амал аз ин бувад, ки ҳабта набошад ва ин ҳамчунон бувад, ки дар меъда дарде бошад, чун дору бихӯрад, ба вай расад ва агар бар сина тилло кунад, то асар ба вай сироят кунад, ҳам суд дорад, лекин он чи ба нафси меъда расад, лобуд беҳтар бошад, ки он чи ба сина расад. Мақсуд аз вай на сина аст, балки меъда аст, лоҷарам ҳабта бувад, агар ба вай сироят накунад ва он чи ба меъда расад, агарчи ба сина нарасад, ҳабта набошад.
Пайдо кардан он чи маъфув бошад аз ҳадиси нафс ва васвосу андешаи бад ва он чи бад-он бигиранд ва маъфув набувад Бидон, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Уммати маро афв кардаанд аз ҳар чӣҳадиси нафс бувад ва андар ҳар ду саҳеҳ аст, ки: «Ҳар кӣқасди маъсият кунад ва накунад малоикаро гӯяд бар вай манавис ва агар қасди хайр кунад, як ҳасанат бинавис, агарчи накунад ва чун бикунад, даҳ бинавис — ва дар баъзе аз ахбор аст, ки тазъиф мекунад, то ба ҳафтсад». Ва аз ин ҷо гурӯҳе пиндоштанд, ки ҳар чӣ ба дил равад аз қасд ва андеша, бад-он маъхуз набувад ва он хатост: ки пайдо кардем, ки асл дил аст ва тан табъ ва Худой субҳонаҳу ва таъоло мегӯяд: «Агар он чи дар дил дорӣ, пайдо кунӣ ё пинҳон дорӣ, ҳисоби он бикунад — ин тубду мо фи анфусикум ав тухфуҳу йуҳосибкум биҳиллоҳу». Ва мегӯяд, ки: «Аз чашму гӯш ва дил ҳар се бипурсанд — инна-с-самъа ва-л-басара ва-лфувода куллу увлайка кона ъану масъулан». Ва мегӯяд: «Дар савганд ба лағви забон нагиранд, ки ба дил қасд карда бошад — Ло йувохизукумуллоҳу би-л-лағви фи имоникум ва локин йувохизукум бимо ъаққадтуму». Ва хилоф нест, ки кибру риё ва уҷбу ҳасад бад-ин ҳам бигиранд ва ин ҳама аъмоли дил аст.
Пас, ҳақиқат дар ин фасл он аст, ки бидонӣ, ки он чи бар дил равад, бар чаҳор дараҷа аст: ду беихтиёр аст ва бад-он маъхуз нест ва ду боихтиёр ва бад-он маъхуз аст ва масали ин он ки дар хатар ояд, масалан чун дар роҳе ҳамеравӣ, ки зане ҳамеояд, агар бознигарӣ, бибинӣ, ин хотирро ҳадиси нафс гӯянд; дуввум он ки рағбате дар табъ биҷунбад, ки бознигарӣ, инро майли табъ гӯянд ва он ҳаракати шаҳват бувад; саввум он ки дил ҳукм кунад, ки боз бояд нигарид ва ин он ҷо ҳукм кунад, ки биме ва шарме монеъ набошад, ки на ҳар чӣ шаҳват тақозо кунад, дил ҳукм кунад, ки бибояд кард, балки бошад, ки гӯяд, ки ин нокарданӣ аст ва инро ҳукми дил ном кунед; чаҳорум он ки қасд кунад ва азм кунад ва ин азм зуд мусаммим шавад, агар он ҳукми дилро рад накунад, бад-он ки ба Худой ё ба халқ битарсонад, то он ҳукмро ботил кунад. Пас, он ду ҳолати аввал, ки онро ҳадиси нафс ва майли табъ гуфтем, бад-он маъхуз набувад, ки он ба дасти вай нест ва Худои таъоло мегӯяд: «Ло йукаллифуллоҳу нафсан илло вусъаҳу»1 ва ин ҳадиси нафс чунон бувад, ки Усмон ибни Мазъун расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: ин нафс мегӯяд, ки хештан хасӣ2 бикун, то аз шаҳват бираҳӣ, гуфт, ки: хасӣ кардани уммати ман рӯза аст, гуфт:
«Нафс мегӯяд, ки занро талоқ деҳ». Гуфт: «Оҳиста бош, ки никоҳ суннати ман аст». Гуфт: «Нафси ман мегӯяд, ки ба кӯҳ шав чун роҳибон». Гуфт:
«Макун, ки руҳбонияти уммати ҳаҷ ва ғазост». Гуфт: «Нафси ман мегӯяд низ гӯшт махӯр». Гуфт: «На, ман гӯшт дӯст дорам ва агар ёфтаме, хӯрдаме ва агар аз Худои таъоло хостаме, бидодӣ». Пас ин хотирҳо, ки вайро дар роҳ омадааст, ҳадиси нафс бошад ва ин маъфув бувад, ки азм накарда бувад, ки бикунад ва мушовират аз он мекард. Аммо он ду, ки дар ихтиёр ҳамеояд ва он ҳукми дил аст, бад-он ки ин карданӣ аст ва қасди дил ба кардани он, тадаййуни ҳар ду маъхуз бошад, агарчи накунад ба сабаби шарм ва ҳарос ва оиқе дигар на барои Худои таъоло ва маънии он ки банда маъхуз бувад на он аст, ки касро аз вай хашм ояд, лекин маънӣ он аст, ки бад-ин қасд, ки кард, дили вай сифате гирифт, ки аз ҳазрати Илоҳият дур афтод ва ин шақоват аст, ки аз пеш шарҳ кардем, ки саодати вай он аст, ки рӯй аз дунё ва аз худ бо Ҳақ таъоло оварад ва рӯи вай хости вай аст ва алоқати вай он аст, ки ба ҳар хосте ва қасде, ки мекунад, ки ба дунё тааллуқ дорад, алоқати вай бо дунё маҳкам мешавад ва аз он чи мебояд, дуртар меафтад ва маънии он ки маъхуз шуд ва малъун шуд, ин ки гирифтатар шуд ва дуртар шуд ва ин корест ҳам аз вай ва бо вай ва дар вай; аммо на кас аз тоати вай шодист ва на аз маъсияти вай хашм, то вайро ба интиқом бигирад, валекин бар қадри афви халқ иборат чунон ояд; ва ҳар кӣ ин асрор бидонист, ҳеч шак намонад вайро, ки бад-ин аҳвол дил маъхуз бувад ва далел бар ин он ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Чун ду мард бо якдигар ба шамшер ҷанг карданд ва яке кушта ояд, кушанда ва кушта ҳар ду ба дӯзах бошанд», гуфтанд: кушта боре чаро?
Гуфт: «Барои он ки мехост, ки бикушад, агар тавонистӣ». Ва дигар гуфт:
«Марде моле на ба илм нафақа кунад ва дигаре гӯяд, агар ман доштаме, ҳамчунон кардаме, ҳар ду дар базаҳ баробаранд». Ва ин ҳам қасди дил беш нест: агар касе бар ҷомаи хоб зане ёбад ва бо вай сӯҳбат кунад, бар гумони он ки бегонае аст базаҳкор шавад, агарчи он зани вай аст, балки ба таҳорат намоз кунад, савоб бувад, чун пиндорад, ки таҳорат дорад ва агар пиндорад, ки таҳорат надорад ва намоз кунад, базаҳкор шавад, агарчи бо ёд ояд, ки таҳорат доштааст, ин ҳама аҳволи дил аст. Аммо агар қасди маъсияте кунад ва он гоҳ накунад аз бими Ҳақ таъоло, вайро ҳасанате
1 Худо бар ҳар кас ба андозаи тавоноии ӯ таклиф мекунад.
2 Инсон ё ҳайвоне, ки байзаашро дароваранд.
бинависанд, чунон ки дар хабар аст: «Чун қасд бар мувофиқати табъ аст ва даст бидоштан бар хилофи табъ муҷоҳидае аст, ки асари он дар равшан гардонидани дил беш аст, аз асари он қасд дар торик кардани дил». Ва маънии набиштани ҳасана ин бувад ва маънии он хабар ин аст; аммо агар ба сабаби аҷз даст бидорад, онро ҳеч каффорат набувад ва он зулм аз ӯ наяфтад ва бад-он маъхуз бувад, ҳамчун кушта, ки ба сабаби аҷз аз куштани хасми хеш бозмонад ва кушта ояд.
(Пайдо кардани он чи ба ният бигардад аз аъмол) Бидон, ки аъмол се қисм аст: тоот ва маъосӣ ва мубоҳот ва бошад, ки аз ин ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ал-аъмолу би-н-ниййоти»
пиндоранд, ки маъсият низ ба нияти хайр аз ҷумлаи хайрот шавад ва ин хатост, балки ин қисми ниятро дар вай асар нест, валекин нияти бад вайро хабистар гардонад. Мисоли ин чунон аст, ки касе ғайбат кунад барои шодии дили касе ё масҷид ва работ ва мадраса кунад аз моли ҳаром ва гӯяд нияти ман хайр аст ва ин қадар надонад, ки қасди хайр кардани башар шарри дигар бошад, агар донад худ фосиқ аст ва агар пиндорад, ки ин хайре аст ҳам фосиқ аст, ки талаби илм фариза аст ва бештари ҳалоки халқ аз ҷаҳл аст ва аз ин гуфт Саҳли Тустарӣ, ки: ҳеч маъсият азимтар аз ҷаҳл нест ва ҷаҳл ба ҷаҳл аз ҷаҳл азимтар, ки чун надонад, ки надонад, ҳаргиз наёмӯзад ва он ҳиҷоб ва садди вай гардад; ва ҳамчунин таълим кардани шогирдеро, ки донӣ мақсуди вай он аст, то аз қазо авқоф ва моли айтом ва моли султони дунё ба даст оварад ва ба мубоҳот ва мунофисат машғул шавад, ҳаром аст ва агар мударрис гӯяд:
нияти ман нашри илм аст, вай дар фасод ба кор дорад ман маъхузи нияти хеш бошам, ин ҷаҳли маҳз бошад ва ҳамчун касе бошад, ки шамшере ба касе бахшад, ки роҳ занад ва ангур ба касе бахшад, ки хамр кунад ва гӯяд мақсуди ман саховат аст ва Худои таъоло ҳеч хулқ дӯсттари саховат надорад, ин аз ҷаҳли вай бувад, балки чун донад, ки роҳ хоҳад задан шамшер аз дасти вай берун бояд кард, чӣ гуна раво бувад, ки ба вай диҳад? Ва ҳама салаф ба Худои таъоло паноҳидаанд аз олими фоҷир ва ҳар шогирде, ки аз вай асари маъсият дидаанд, маҳҷур бикардаанд, то Аҳмади Ҳанбал шогирде қадимро маҷуре кард ба сабаби он, ки беруни сарой дар коҳгил гирифта ва гуфт: «Нохун аз шоҳроҳи мусулмонон фаро гирифтӣ, нашояд илм омӯхтан». Пас, маъсият ба ният хайр нагардад, балки хайр он бувад, ки фармон бар он бувад.

пешина
аз 176
навбатӣ