Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Қисми дуввум — дар тоот ва ният аз ин дар ду ваҷҳ асар дорад: яке он ки асли вай ба ният дуруст ояд ва дигар он ки ҳарчанд ният бештар мешавад, савоб музоаф ҳамешавад; ва ҳар кӣ илми ният биёмӯзад, ба як тоат чанд нияти некӯ битавонад кард, то он ҷумла тоат шавад: масалан чун дар масҷид эътикоф кард, ният кунад, ки ин хонаи Худой аст ва ҳар кӣ дар ин хона шавад, ба зиёдати Худой шуда бувад, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфтааст: «Ҳар кӣ дар масҷид шуд, ба зиёрати Худой рафт». Ва ҳақ аст бар ҳама кас, ки зоирро икром кунад; ва дуввум — он ки интизори дигар намоз ҳамекунад, ки дар хабар аст, ки: «Мунтазири намоз дар намоз аст»; саввум он ки ният кунад, ки бад-ин чашму гӯш ва забон ва дасту пой аз ҳаракот боздорад ва ин навъе аз рӯза аст, ки дар хабар аст, ки:
«Нишастан дар масҷид руҳбонияти ман аст»; чаҳорум он ки шуғлҳо аз хештан дур кунад, то ҳамагии худ ба Ҳақ таъоло диҳад ва ба фикру зикри муноҷот машғул шавад; панҷум он ки аз мухолитат ва шарри мардумон саломат ёбад; шашум он ки агар дар масҷиде мункире бинад, наҳй кунад ва агар хайре бинад, бифармояд ва агар касе намози бад кунад, ӯро биёмурзад; ҳафтум он ки бошад, ки аҳли динеро бинад, бо вай бародарӣ гирад дар дин, ки масҷид оромгоҳи дин аст; ҳаштум он ки аз Худои таъоло шарм дорад, ки хонаи вай гуноҳ кунад ва бад андешад ва бад-ин қиёс кунад ҷумла тоотро, ки дар ҳар яке ният бисёр тавон кард, то савоб музоаф шавад.
Қисми саввум мубоҳот бувад ва ҳеч оқил мабод, ки ғофилвор чун баҳоим дар мубоҳот меравад ва аз нияти некӯғофил монад, ки хусрони он азим бувад: ки аз ҳама ҳаракот суол хоҳанд кард ва дар ҳама мубоҳот ҳисоб хоҳад буд, агар ният бад бувад, бар вай бувад ва агар нек бувад, вайро бувад ва агар не, сар ба сар бувад; валекин вақт зоеъ карда бошад, ки бад-он сарф карда бошад ва аз вай фоида нагирифта ва хилоф карда бошад ин оятро, ки: «Ва ло танас насибака мина-д-дунё», яъне ки дунё гузарон аст, ту насиби худ аз вай биситон, то бо ту бимонад ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Бандаро бипурсанд аз ҳар чӣ карда бошад, то он қадар, ки сурма дар чашм кунад ё боре кулӯх бо ангушт бимолад ё даст фаро ҷомаи бародаре кунад».
Ва илми нияти мубоҳот низ дароз аст, бибояд омӯхт ва мисоли ин он ки ба вай хуш ба кор доштан мубоҳ аст ва раво бувад, ки касе рӯзи одина ба кор дорад ва қасди вай тафохур бувад ба тавонгарӣ ё риёи халқ ё ҷой ҷустан дар дили занони бегона бар андешаи фасод ва аммо ниятҳои некӯ он бувад, ки қасди ҳурмат дошт ва таъзими хонаи Худой кунад ва нияти роҳате кунад, ки ба ҳамсоягони вай расад, то осуда шаванд ва он ки ба вай нохуш аз худ дур кунад, то ранҷур нашаванд ва қодири маъсияти ғайбат наяфтанд ва нияти он кунад, ки димоғро қувват диҳад, то софӣ шавад ва бар фикру зикр қодиртар шавад, ин ва амсоли ин ният фароз ояд касеро, ки қасди хайрот бар вай ғолиб бувад ва аз ин ҳар яке қурбате бувад ва бузургони салаф чунин будаанд, ки қасд кардаанд, то эшонро бар нон хӯрдан ва ба таҳоратҷой шудан ва бо аҳл сӯҳбат кардан дар ҳар яке нияте бувад: ки ҳеч чиз холӣ аз он нест, ки на сабаби хайре аст. Чун он хайр мақсуди худ созад, он савоб ҳосил ояд, чунон ки аз сӯҳбати аҳл нияти фарзанд кунад, ки такассури уммати Мустафо салавотуллоҳу алайҳи бувад ва нияти роҳати аҳл кунад ва нигоҳ дошти эшон ва хеш аз маъсият.
Ва Суфёни Саврӣ як рӯз ҷома бошгуна дарпӯшида буд, вайро гуфтанд, даст фаро кард, то рост кунад, пас бозистод ва гуфт: «Ин барои Худой дарпӯшидам, нахоҳам, ки на барои Худой бигардонам». Ва Закариё алайҳиссалом ҷое муздур буд, қавме дар наздики вай шуданд ва нон мехӯрданд, эшонро нагуфт, ки бихӯред, то тамом бихӯрданд, он гоҳ бигуфт: «Агар тамом нахӯрдаме, аз кори эшон оҷиз омадаме ва тамом накардаме ва аз барои суннати фаризае даст бидоштаме. Суфёни Саврӣ нон мехӯрд: яке дар шуд, вайро нагуфт бихӯр, то тамом бихӯрд, пас гуфт:
«Агар на он будӣ, ки вом карда будам, туро гуфтаме бихӯр». Ва гуфт: «Ҳар кӣ касеро гӯяд, ки бихӯр ва ба дил онро кореҳ бошад, агар он кас нахӯрад, як базаҳ бикард ва он нифоқ аст ва агар бихӯрад, ду базаҳ кард: яке нифоқ ва дигар он ки вайро дар хӯрдани чизе афканад, ки агар донистӣ, нахӯрдӣ, бо вай хиёнат кард».
(Пайдо кардани он ки ният дар ихтиёр наёяд) Бидон, ки марди салимдил чун бишунавад, ки дар ҳар мубоҳе нияте мумкин аст, бошад, ки ба дил ё ба забон гӯяд, ки ният кардам, ки никоҳ кунам барои Худой ё нон хӯрам барои Худой ё дарс кунад ё маҷлис барои Худой ва пиндорад, ки ин ният бувад, ин ё ҳадиси забон бувад ё ҳадиси нафс, ки ният кашише ва майле бошад, ки дар дил падид ояд, ки он мар варо дар кор дорад чун мутақозӣ, ки илҳоҳ кунад, то тан ба иҷобати он бархезад ва он кор бикунад ва ин он вақт пайдо ояд, ки ғараз падидор ояд ва ғолиб шавад, чун ин мутақозӣ набошад, ният ба ҳадис чунон бувад, ки касе сер бувад, гӯяд ният кардам, ки гурусна бошам, ё аз касе фориғ бувад, гӯяд, ки вайро дӯст дорам ва ин муҳол бувад, ҳамчунин касе, ки шаҳват вайро фаро сӯҳбат дорад, гӯяд ният кардам, ки сӯҳбат барои фарзанд кунам, беҳуда бувад ва чун боиси вай бар ақди шаҳват бувад, гӯяд ният кардам, ки ақд барои суннат кунам, ин беҳуда бувад, балки бояд ки аввал имон ба шаръ қавӣ бошад, он гоҳ дар ахбор, ки омадааст дар савоби никоҳ ба сабаби фарзанд тааммул кунад, то ҳирси он савоб дар ботини вай ҳаракат кунад, чунон ки вайро фаро никоҳ дорад, он гоҳ ин худ ният бувад, бе он ки вай бигӯяд ва ҳар кӣҳирси фармонбардорӣ вайро бар пой ангехт, то дар намоз истод, ин худ ният бувад, ба забон гуфтан, ки ният кардам, беҳуда бувад, чунон ки гурусна гӯяд, ки нон хӯрам, барои гуруснагӣ беҳуда бувад. Ки чун гурусна бувад, худ хӯрдан барои он бошад ночор ва ҳар ҷое, ки ҳаззи нафс падид ояд, нияти охират душхор фароз ояд: магар ки кори охират бар ҷумла ғолиб афтода бошад. Пас мақсуд он аст, ки ният он аст, ки ба дасти ту нест, ки ният хостааст, ки фаро кор дорад ва кори ту ба қудрати ту ҳаст, то агар хоҳӣ, бикунӣ ва агар нахоҳӣ, накунӣ, аммо хости ту ба дасти ту нест, то агар хоҳӣ, хоҳӣ ва агар нахоҳӣ, нахоҳӣ, бал хост бошад, ки офаринад ва бошад, ки наёфаринад ва сабаби падид омадани вай он бувад, ки туро эътиқод афтад, ки ғарази ту дар ин ҷаҳон ё дар он ҷаҳон дар коре бастааст, то бошад, ки хоҳони он гардӣ; ва касе ки ин асрор надонист, фавоиди бисёр тоат даст бидорад, ки ният ҳозир наёбад.
Ибни Сирин бар ҷанозаи Ҳасани Басрӣ намоз накард ва гуфт: «Ният намеёбам». Суфёни Савриро гуфтанд бар ҷанозаи Ҳумод ибни Сулаймон намоз накунӣ ва аз уламои Куфа буд? Гуфт: «Агар ният бувад, кардаме».
Ва касе аз Товус дуо хост. Гуфт: «То ният фароз ояд ва чун аз вай ривояти ҳадис хостандӣ, будӣ, ки накардӣ ва вақт будӣ, ки ногоҳ ривоят кардӣ ва гуфтӣ дар интизори ният бошам, то фароз ояд». Ва яке мегуфт моҳест, то дар онам, ки ният дуруст кунам дар ибодати фулон бемор, ҳанӯз нашудааст.
Ва дар ҷумла то ҳирси дин бар касе ғолиб набувад, вайро дар ҳар хайре ният фароз наёяд, балки дар фароиз низ ба ҷаҳд фароз ояд ва бошад, ки то аз оташи дӯзах бознаандешад ва хештанро бад-он натарсонад, фароз наёяд. Ва чун касе ин ҳақоиқ бидонист, бошад, ки фазоил бигузорад ва ба мубоҳот шавад, ки дар мубоҳ ният ёбад: чунон ки касе дар қассос ният ёбад ва дар афв наёбад, қассос дар ҳаққи вай фозилтар бошад ва бошад, ки нияти намози шаб наёбад ва нияти хоб ёбад, то бомдод пагоҳ бархезад, хоб вайро фозилтар, балки агар аз ибодат малул шавад ва донад, ки агар соате бо аҳли хеш тафарруҷ кунад ё бо касе ҳадис ва таййибат кунад, нишоти вай бозояд, он тайибат вайро фозилтар аз ин ибодати бо малол.
Абӯддардо мегӯяд: «Ман гоҳ гоҳ хештанро ба лаҳву осоиш диҳам, то нишоти ҳақ бозояд». Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд: «Чун дилро бардавом ба карра фаро коре дорӣ, нобино шавад»; ва ин ҳамчунон бувад, ки табиб бошад, ки беморро гӯшт диҳад — агарчи маҳрур бувад — то қуввати вай бозояд ва тоқати дору дорад ва касе дар сафи қаттол ба ҳазимат шавад1 , то хасм аз паси ӯ биравад ва он гоҳ ногоҳ баргардад ва бар вай занад ва устодон чунин ҳилатҳо бисёр кунанд, дар роҳи дин ҳама ҷангу мунозира аст бо нафс ва бо шайтон ва ба талаттуф ва ба ҳилат ояд ва он наздики бузургони дин писандида ояд, агарчи уламои ноқис роҳ бад-он набаранд.
– ФАСЛ –
(Бандаи писандида ҳар чӣ кунад барои Худой кунад) Чун бидонистӣ, ки маънии ният боиси он аст бар амал, бад-он ки кас бувад, ки боиси вай бар тоат бими дӯзах аст ва кас бувад, ки боиси вай неъмати биҳишт аст ва ҳар кӣ коре барои биҳишт кунад, бандаи шикаму фарҷ аст, худро мекушад, то ҷое афтад, ки кори шикам ва фарҷ муҳайё дорад ва он ки барои бими дӯзах кунад, чун бандаи бад аст, ки илло аз бим кор накунад ва ин ҳар дуро барои Худои таъоло бас коре нест, балки бандаи писандида он бувад, ки он чи кунад, барои Худой кунад, на барои биҳишту дӯзах ва масали он чунон бувад, ки ба маъшуқи хеш нигарад, барои маъшуқ нигарад, на барои он то маъшуқ вайро симу зар диҳад, он ки барои симу зар нигарад, мақсуди вай симу зар аст. Пас, ҳар кӣҷамолу ҷалоли ҳазрати Илоҳият маҳбуб ва маъшуқи вай нест, аз вай чунин ният сурат набандад ва он кас, ки чунин шуд, ибодати вай тафаккур бувад дар ҷамоли ҳақ ва муноҷот бувад бо вай, агар тоате кунад, низ барои он кунад, ки фармон бурдани маҳбуб низ дӯст дорад ва он ки хоҳад, ки танро низ риёзат диҳад ва дар бандагӣ ва агар маъсияте даст бидорад, аз он бидорад, ки донад, ки мутобеъати шаҳавот вайро ҳубоб кунад аз лаззати мушоҳидат ва муноҷот ва ориф ба ҳақиқат ин бувад.
Аҳмад ибни Хазруя ҳақро субҳонаҳу ва таъоло ба хоб дид, ки гуфт:
«Ҳама мардумон аз ман металабанд, магар Бӯязид, ки маро металабад», Шиблиро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Бо ман итоб кард, ки як роҳ бар забони ман бирафт, ки: чӣ зиён аст пеш аз он ки биҳишт фавт шавад». Гуфт: «На, чӣ зиён аст беш аз он ки дидори ман фавт шавад?» Ва ҳақиқати ин дӯстӣ ва ин лаззат дар асли муҳаббат гуфта ояд, иншоаллоҳи таъоло.
1 Ҳазимат: фирор дар ҷанг.
Боби дуввум
(Дар ихлос ва фазилату ҳақиқат ва дараҷоти он) Аммо фазилати ихлос: бидон, ки Худои таъоло гуфт: «Ва мо амиру илло лийаъбудуллоҳа махлисина лаҳу-д-дина». Ва гуфт: «Ало лиллоҳи-ддину-л-холисун», гуфт: «Халқро нафармудаанд, илло ибодат ба ихлос ва дини холис Худойросту бас». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки:
«Худои таъоло мегӯяд, ихлос сиррест аз асрори ман, дар дили бандае, ки вайро дӯст дорам, ниҳодаам». Ва Муозро гуфт, ки: «Амал ба ихлос кун, то андаке кифоят бувад». Ва ҳар чиз, ки дар дами риё овардаем, ҳама дар ихлос аст, ки назари халқ яке аз сабабҳост, ки ихлосро бибарад ва сабабҳои дигар низ ҳаст. Ва Маъруфи Кархӣ хештанро ба тозиёна мезад ва мегуфт: «Йо нафсу ухлус махаллуси — ихлос кун, то халос ёбӣ». Ва Абӯсулаймон мегӯяд: «Хунук он ки як хутва1 дар ҳама умр ба ихлос вайро дуруст ояд, ки бад-он ҷуз Худойро таъоло нахоста бошад». Ва Абӯайюби Сиҷистонӣ мегӯяд: «Ихлос дар ният душхортар аз асли ният. Ва якеро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Ҳар чӣ барои вай карда будам, дар каффаи ҳасанот дидам, то як дона нор, ки аз роҳе баргирифта будам ва то гурбае, ки дар хонаи мо бимурда буд; ва як риштаи абрешим, ки дар кулоҳи ман буд дар каффаи саййиъот дидам: ва харе мурда буд маро қимати он сад динор; он дар каффаи ҳасанот надидам, гуфтам эй субҳоналлоҳ, гурбае дар ҳасанот буд ва харе набуд?»

пешина
аз 176
навбатӣ