Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфтанд: он ҷо шуд, ки фиристодӣ: чун шунидӣ, ки бимурд, гуфтӣ:
аллаънатуллоҳ ва агар гуфтӣ фисабилиллоҳ бозёфтӣ; ва садақае бидодам барои Худой, валекин мардумон менигариданд, он назари мардумон маро хуш омад: он на маро буд ва на бар ман, Суфёни Саврӣ гуфт:
«Давлате бузург ёфт, ки он на бар вай буд». Яке мегӯяд ба ғазо мешудам дар дарё, рафиқе аз они мо тубрае мефурӯхт, гуфтам бихарам ва ба кор медорам ва ба фулон шаҳр бифурӯшам, суде бувад, он шаб ба хоб дидам, ки ду шахсе аз осмон фуруд омадандӣ, яке дигарро гуфт, ки: бинавис номи ғозиёнро ва бинавис, ки фулон ба тамошо омадааст ва фулон ба тиҷорат омадааст ва фулон ба риё омадааст ва он гоҳ дар ман дарнигарист ва гуфт, ки: бинавис, ки фулон ба тиҷорат омадааст, гуфтам:
Аллоҳ, Аллоҳ дар кори ман назаре кун, ки ман ҳеч чиз надорам ба бозоргонӣ, чӣ гуна омадам, ман барои Худой омадаам, гуфт: «Ё шайх, он тубра на барои суд харидӣ?» Гуфт: «Ман бигиристам ва гуфтам: зинҳор ман бозоргон наям», он дигарро гуфт бинавис ба ғазо омадааст дар
1 Гом, қадам.
роҳтубрае харид, то суд кунад, то Худои таъоло ҳукми вай бикунад, чунон ки хоҳад ва аз ин гуфтаанд, ки: ихлоси як соат наҷоти абадист, валекин ихлос азиз аст ва гуфтаанд, ки: илм тухм аст ва амал заръ ва ихлос оби он.
Ва дар бани Исроил обиде буд, вайро гуфтанд: фулон ҷой дарахте аст ва қавме онро мепарастанд ва ба Худоӣ гирифтаанд, хашмнок шуд ва бархост ва табар бар дӯш ниҳод, то он дарахт бияфканад, иблис дар сурати пире дар роҳи вай омад ва гуфт: «Куҷо меравӣ?» Гуфт: «Он дарахт биканам, то Худойро парастанд». Гуфт: «Ман нагузорам» ва бо вай дар ҷанг истод, обид вайро бар замин зад ва бар синаи вай нишаст, иблис гуфт даст бидор, то як сухан бигӯям, даст бидошт. Гуфт: «Ё обид, Худойро пайғомбарон ҳастанд, агар мебоистӣ кандан эшонро фиристодӣ, туро бад-ин нафармудаанд, макан». Гуфт: «Лобуд биканам». Гуфт:
«Нагузорам», дар ҷанг омаданд, дигарбора вайро бияфканд, гуфт:
«Бигузор, то як сухани дигар бигӯям, агар писандида наёяд, пас ҳар чӣ хоҳӣ бикун». Гуфт: ту марди дарвешӣ ва обид ва маунати ту мардумон мекашанд; агар туро чизе бошад, ки ба кор барӣ ва бар обидони дигар нафақа кунӣ, беҳтар аз он дарахт кандан, ки агар он биканӣ, эшон дигаре бикоранд ва эшонро ҳеч зиён набувад, даст бидор, то ҳар рӯз ду динор дар зери болиши ту ниҳам, обид гуфт: «Рост мегӯяд, яке аз он ба садақа диҳам ва яке ба кор барам, беҳтар аз он ки ин дарахт бибуррам ва маро бад-ин нафармудаанд ва ман на паёмбарам ва ё бар ман воҷиб аст», пас бар ин бозгашт, дигар рӯз бомдод ду динор дид, баргирифт, рӯзи дигар ду динор дид, баргирифт, гуфт: «Нек омад, ки ман ин дарахт накандам», рӯзи саввум ҳеч надид, хашмгин шуд ва табар баргирифт, иблис пеш омад ва гуфт куҷо? Гуфт: «Он дарахт биканам». Гуфт: «Дурӯғ гӯӣ ва ба Худой, ки ҳаргиз натавонӣ канд», дар ҷанг омаданд, обидро бияфканд, чунон ки дар дасти вай чун гунҷишке буд, гуфт: «Бозгард, вагарна ҳамакнун сарат бибурам, чун гӯспанд», гуфт: «Даст бидор, то биравам, валекин бигӯй, то он ду бор чаро ман беҳтар омадам ва ин бор ту?» Гуфт:
«Он вақт барои Худои азза ва ҷалла хашмгин будӣ, маро мусаххари ту кард, ки ҳар кӣ коре барои Худой кунад, моро бар вай даст набувад, ин бор барои хештан ва барои дунё хашмгин шудӣ ва ҳар кӣ табаъи ҳавои хеш бувад бо мо барнаёяд».
(Ҳақиқати ихлос)
Бидон, ки чун ният бишинохтӣ, ки боис бар амали вай аст ва мутақозии вай аст, он мутақозӣ, агар яке бувад онро холис гӯянд ва чун ду бошад, омехта бошад ва холис набувад, масалан ҳар кӣ рӯза дорад барои Худои таъоло, валекин парҳез аз хӯрдан низ мақсуд бувад барои тандурустӣ, ё каммауннатӣ мақсуд бувад низ, ё он ки ӯро дар табах ва таом сохтан ранҷ нарасад, ё он ки коре, то бад-он пардозад: ё хобаш нагирад ва коре битавонад кард; ё бандае озод кунад, то аз нафақаи вай бираҳад, ё аз хӯи бади вай бираҳад; ё ҳаҷ кунад, то дар роҳқавӣ ва тандуруст шавад, ё тамошо кунад ва шаҳрҳо бинад, ё асбоб ва зиёъ нигоҳ тавонад дошт, то азиз ва мӯҳташам бошад, ё дарс ва маҷлис кунад, то аз ранҷи хомӯшӣ бираҳад ва дилтанг нашавад, ё мусҳаф нависад, то хаташ мустақим шавад, ё ҳаҷ пиёда кунад, то киро1 суд бошад, ё таҳорат кунад, то хунук шавад ва покиза гардад, ё ғусл кунад, то хушбӯй шавад, ё дар масҷид эътикоф гирад, то киро ҷояш набояд дод, ё соилро садақа диҳад, то аз иброми вай бираҳад, ё дарвешеро чизе диҳад, ки аз манъи вай шарм медорад, ё ба аёдати бемор шавад, то чун вай бемор шавад, ба аёдати вай оянд ва бо вай итоб накунанд ва озор нагиранд, ё хайре кунад, ки ба салоҳ маъруф шавад, ин риё бошад ва ҳукми риё гуфтаем, аммо ин ҳама андешаҳо ихлосро ботил кунад, агар андак бувад ё бисёр, балки холис он бувад, ки дар вай нафсро ҳеч насиб набувад, балки барои Худои таъоло буваду бас, чунон ки аз расул салавотуллоҳу алайҳи пурсиданд, ки ихлос чист? Гуфт он ки гӯӣ: «Раббийаллоҳу сумма тастақиму камо умирта — гӯӣ Худову бас ва роҳи рост гирӣ, чунон ки фармудаанд». Ва аз ин гуфтаанд, ки: ҳеч чиз саъбтар ва душхортар аз ихлос нест ва агар ҳама умр як хутва ба ихлос дуруст шавад, умеди наҷот бувад? Ва ба ҳақиқат коре софӣ ва халос аз миёни ағроз ва сифоти башарият берун овардан, ҳамчун берун овардани шер аст аз миёни фарсу дам2, чунон ки гуфт: «Мин байни фарсин ва даммин лабанан холисан сойиған ли-ш-шорибина», пас илоҷ ин аст, ки дил аз дунё гусаста кунад, то дӯстии Ҳақ таъоло ғолиб шавад ва чун ошиқе шавад, ки ҳар чӣ хоҳад, барои маъшуқ хоҳад: ин кас, агар таом хӯрад ё ба қазои ҳоҷат шавад, масалан мумкин бувад, ки ихлос тавонад кард андар он ва он ки дӯстии дунё бар вай ғолиб бувад дар намозу рӯза ихлос душхор тавонад кард, ки ҳама аъмоли сифати дил гирад ва бад-он ҷониб майл кунад, ки дил бад-он майл дорад ва ҳар кӣҷоҳ бар вай ғолиб шуд, ҳама ковҳои вай рӯй дар халқ оварад, то бомдод, ки рӯй бишӯяд ва ҷома дарпӯшад, барои халқ бошад ва ихлос дар ҳеч кор душхортар аз он нест, ки дар маҷлису дарс ва ривояти ҳадис ва он чи рӯй дар халқ дорад, ки бештар он бувад, ки боиси он қабули халқ бувад, ё бад-он омехта
1 Кироя.
2 Фарс ва дам: саргин ва хун.
бувад, он ки қасди қабул чун қасди тақарруб бувад, ё қавитар бувад, ё заифтар, аммо аз он андеша софӣ доштан, бештари уламо оҷизанд, илло аблаҳон, ки пиндоранд, ки мухлисанд ва бад-он фирефта мешаванд ва айби хеш нашиносанд, балки бисёрии зиракон аз ин оҷиз бошанд: яке аз пирон мегӯяд: сесола намоз қазо кардам, ки ҳама дар сафи пешин карда будам. Лекин як рӯз дертар расидам, дар сафи бозпасин бимондам, дар ботини худ хиҷлате ёфтам аз мардумон, ки гӯянд, ки дер омадааст, бидонистам, ки шурби ман ҳама аз назари мардумон будаст, ки маро дар сафи пешин. Пас, ихлос он аст, ки бидонистани он душхор аст ва кардани он душхортар ва ҳар чӣ ба ширкат аст, бе ихлос аст ва нопазируфта аст.
– ФАСЛ –
(Ғаш дар ибодат чаҳор дараҷа дорад) Бидон, ки гуфтаанд зиракон, ки: ду ракъат намоз аз олиме фозилтар аз ибодати яксолаи ҷоҳил, барои он ки ҷоҳил офоти амал надонад ва омехтагии вай ба ағроз надонад ва ҳамаро холис пиндорад, ки ғаш дар ибодат ҳамчун ғаш аст дар зар, ки баъзе бошад, ки сайрафе низ дар ғалат афтад, илло сайрафии устод, аммо ҳама ҷоҳилон худ пиндоранд, ки зар он бошад, ки зард бувад ва сурати зар дорад.
Ва ғаш дар ибодат, ки ихлосро бибарад, баъзе пӯшидатар ва ғомизтар аст ва ин дар риё сурат кунем, то пайдо шавад: дараҷаи аввал он ки банда намоз ҳамекунад, қавме фаро расанд, шайтон гӯяд некӯтар кун, то маломат накунанд ва ин худ зоҳир аст, дараҷаи дуввум он ки ин бишиносад ва аз ин ҳазар кунад, шайтон гӯяд некӯтар кун, то ба ту иқтидо кунанд ва туро савоб бошад ба иқтидо кардани эшон: ва бошад, ки ин ишва бихӯрад ва надонад, ки савоби иқтидо он вақт бошад, ки нури хушуъи вай ба дигарон сироят кунад, аммо чун хошеъ набошад ва дигарон чунон пиндоранд, эшонро савоб бувад ва вай ба нифоқи хеш маъхуз бувад, дараҷаи саввум он ки бидониста бошад, ки дар хилват бар хилофи мало намоз кардан нифоқ аст, хештанро дар хилват бар он рост биниҳад, ки намоз некӯ кунад, то дар мало ҳамчунон тавонад кард ва ин ғомизтар аст ва ҳам риёст, валекин ин рӯйу риё вайро дар хештан мебояд, ки аз хештан шарм медорад, ки дар танҳоӣ мухолифи ҷамъ бошад, барои он ки дар мало некӯ кунад, дар танҳоӣ низ чунон мекунад ва пиндорад, ки аз риёи мало бираст ва ба ҳақиқати худ дар танҳоӣ низ муроъӣ бошад, дараҷаи чаҳорум ва ин пӯшидатар аст он ки: бидонад, ки хушуъ дар хало ва мало барои халқ ба кор наёяд. Шайтон вайро гӯяд аз азамати Ҳақтаъоло бозандеш, магар намедонӣ, ки куҷо истодаӣ, то бозандешад ва хошеъ шавад ва дар чашми мардумон ороста шавад, агар чунон аст, ки дар хилват инчунин хотир бар дили вай ба одат медарнаёяд сабаби ин риёст, валекин шайтон вайро бад-ин даст берун оварад, то пӯшида бимонад, чун аз азамати он вақт ёд оварад, ки халқро бинад, ба кор наёяд, балки бояд ки назари ҳама халқ ва назари сутуре наздики вай баробар бошад, агар ҳеч фарқ ёбад, ҳанӯз аз риё холӣ нест. Ин мисол дар риё бигуфтем, дар ағрози дигар, ки пеш аз ин бигуфтаем, ҳамчунин талбиси бисёр аст, ҳар кӣ ин дақоиқ нашиносад, муздури бе музд бувад, ҷон меканад ва он чи мекунад, зоеъ аст ва дар ҳаққи вай аст ин: «Ва бадолаҳум миналлоҳи мо лам йакуну йаҳтасибуна»1
.
– ФАСЛ –
(Нияти омехтае аз савоб холӣ набошад) Бидон, ки чун ният омехта шуд, агар риё ё ғаразе дигар ғолиб бар бувад аз нияти ибодат, ин сабаби уқубат бувад ва агар бо вай баробар бувад, на сабаби уқубат бувад на сабаби савоб ва агар заифтар бувад, амал аз савоб холӣ набошад ва ҳарчанд, ки ахбор ишорат бад-он мекунад, ки чун ширкат ояд, гӯянд бирав ва музд аз он кас талаб кун, ки барои вай кардӣ, валекин зоҳир наздики мо он аст, ки бад-ин он мехоҳад, ки чун ҳар ду қасд баробар бувад, музд набувад, чун талаб кунад, гӯянд аз он кас талаб кун ва он ҷо, ки хабар далели уқубат аст, мурод он бошад, ки ҳама қасди риё бошад, ё он ғолибтар бошад, аммо чун боиси асле қасди тақарруб бошад ва он дигар заиф бувад, набояд, ки бе савоб бувад, агарчи савоб ба дараҷаи он ки холис бошад, нарасад. Ва ин ихтиёр ба ду далел мекунем, яке он ки моро ба бурҳон маълум шудааст, ки маънии уқубат дурии дил аст аз шоистагии ҳазрати Илоҳият ва он аст сабаби он ки бо оташи ҳиҷоб сӯхта шавад ва қасди тақарруби тухми саодат аст ва қасди дунё тухми шақоват аст ва иҷобати ин ду қасди мадад додани эшон аст ва яке вайро дур ҳамекунад ва яке наздик, чун баробар бошад? Ва ба яке ба бадасте2 дур гардад аз он ва ба он дигар наздик гардад, боз он ҷой шавад, ки бувад ва агар бинем, бадаст наздик гардад, хусроне ва буъде ҳосил ояд ва агар ним бадаст дур гардад, наздикӣ намонад: чун бемор, ки ҳарорате бихӯрад ва буруддат ҳам чандон бихӯрад, баробар шавад ва агар камтар хӯрад, чизе аз ҳарорат бияфзояд ва агар на чизе аз ҳарорат камтар шавад. Ва ин маъсият ва тоат дар
1 Ошкор шуд эшонро аз Худо чизҳое, ки ҳеч гумони онро намекарданд.

пешина
аз 176
навбатӣ