Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо музди вакили қозӣҳалол бувад – ба шарти он ки вакилии касе накунад, донад, ки донад, ки он мубтил аст, балки бояд ки вакил муҳиқ бошад, ки донад, ки ҳақ аст ё надонад, ки ботил аст, ба шарти он ки дурӯғ нагӯяд ва талбис накунад ва қасди пӯшидани ҳақ накунад, балки қасди дафъи ботил кунад. Пас чун ҳақ пайдо ояд, хомӯш биистад. Аммо инкори чизе, ки агар иқрор диҳанд, ҳаққе ботил хоҳад шуд, раво бувад.
Аммо мутавассит, ки дар миёни ду кас миёнҷӣ кунад, раво набувад, ки аз ҳар ду ҷониб чизе биситонад, ки дар як хусумат кори ҳар ду шахс на-
1 Навъи порчаи абрешимии мавҷдори сода.
2 Ҳукмнома, васиқа.
тавон кард. Аммо агар аз ҷониби як шахс ҷаҳд кунад ва дар он миёнҷӣ кунад, ки онро қимате бувад, муздурӣҳалол бувад, ба шарти он ки дурӯғе, ки ҳаром бувад, нагӯяд; ва талбис накунад; ва ҳеч, чиз, ки ҳақ бувад, аз ҳар ду ҷониб пӯшида надорад; ва ҳар якеро ба ботил биме надиҳад, ки бад-он сабаб сулҳ кунад – ва агар ҳақиқати ҳол бидонистӣ, сулҳ накардӣ – ва бад-ин тавассут сулҳ барнаёяд бар ғолиб. Пас ғолиб тавассут он бувад, ки аз майлу зулм ва дурӯғу талбис холӣ бувад ва музди он ҳаром набувад. Ва чун мутавассит донист, ки ҳақ аз кадом ҷониб аст, раво набошад, ки ба ҳила соҳиби ҳақро бар он дорад, ки сулҳ кунад – ба кам аз ҳаққи хеш, аммо агар донад, ки зулм хоҳад кард ба ҳила, варо бим кунад, то аз қасди зулм даст бидорад – дар ин рухсате ҳаст. Ва ҳар ки диёнат бар вай ғолиб бувад, донад, ки ҳисоби ҳар сухане, ки бар забони вай биравад, бархоҳанд гирифт, ки чаро гуфт; ва рост гуфт ё дурӯғ; ва қасде дуруст дошт дар ин ё ботил; мумкин набувад, ки тавассут аз вай биёяд ва ваколату ҳукм аз вай биёяд.
Аммо шафеъ, ки наздики меҳтарон шуғли касе бигузорад – агар ранҷе кашад ва бар он музде ситонад, раво бувад, ба шарти он ки коре кунад, ки дар вай душворӣ бувад; ва иваз фахру ҷоҳ наситонад; ва дар коре сухан гӯяд; ки раво бувад агар дар нусрати золим гӯяд, ё дар расонидани идрор ҳаром гӯяд, ё дар пӯшидани шаҳодати ҳақ гӯяд, ё дар коре, ки он ҳаром бувад, осӣ бувад ва музди вай ҳаром бувад.
Ин ҳама аҳком дар боби иҷорат донистанӣ аст, ки диҳандаву ситонанда ҳар ду дар ин осӣ бошанд ва тафсили ин дароз аст; бад-ин миқдор омӣ маҳалли ишколи хеш бишиносад ва бидонад, ки мебояд пурсид.
Шарти чаҳорум – Он ки он кор бар вай воҷиб набувад ва андар вай ниёбат наравад – чи агар ғозиро ба иҷорат гирад бар ғазо раво набувад ва чун дар саф ҳозир шуд, воҷиб гашт бар вай. Ва музди қозӣ ва гувоҳҳам бад-ин сабаб раво набувад ва музди касеро додан, то аз барои вай намоз кунад ва рӯза дорад, раво набувад, ки дар ин ниёбат наравад. Ва музд бар ҳаҷ раво бувад касеро, ки барҷоймонда бувад, ки умед ба шудан набувад.
Ва иҷорат бар таълими Қуръон ва таълими илме муайян раво бувад; ва бар гӯр кандан ва мурда шустан ва ҷаноза баргирифтан раво бувад, агарчи аз фурӯзи кифоёт аст; аммо бар имоме намози таровеҳ ва бар муаззине – дар ин хилоф аст – ба мазҳаби шофеӣ раво бувад ва ҳаром набувад, ки дар муқобалаи ранҷи вай бувад, ки вақт нигоҳ дорад ва ба масҷид ҳозир ояд, на дар муқобалаи намоз ва азон бувад; валекин аз кароҳият ва шубҳат холӣ набувад.
Шарти панҷум – Он аст, ки амал бояд ки маълум бувад: агар сутуреро ба киро гирад, бояд ки бибинад ва мукорӣ бидонад, ки бори чанде бархоҳад ниҳод ва кай бархоҳад нишаст ва ҳар рӯзе чанд хоҳад ронд, магар дар он одате маъруф бувад, ки он кифоят бувад. Ва агар замине ба иҷорат ситонад, бояд ки бигӯяд, ки чӣ хоҳад кошт, ки зарари говрас беш аз зарари гандум бувад, магар, ки ба одат маълум бувад. Ва ҳамчунин ҳама иҷоратҳо бояд ки бино бар маълум бувад, то хусумат нахезад; ва ҳар чи бар ҷаҳл бувад, ки аз он хусумат хезад, ботил бувад.
Ақди панҷум
Қироз1 аст
Ва вайро се рукн аст:
Рукни аввал – Сармоя аст: бояд ки нақд бувад, зар ё сим; аммо нуқраву ҷома ва уруз2 нашояд; ва бояд ки вазн маълум бувад; ва бояд ки ба омили таслим афтад; агар молик шарт кунад, ки дар даст медорад, нашояд.
Рукни дуввум – Суд бояд ки он чи омилро хоҳад буд, маълум кунад, чун нима ва сеяк; агар гӯяд «Даҳ дирам маро ё туро ва боқӣқисмат кунем», ботил бувад.
Рукни саввум – Амал аст; ва шарт он аст, ки он амал тиҷорат бувад ва он хариду фурӯхт аст на пешаварӣ; то агар гандум ба нонбо диҳад, то нонбоӣ кунад, суд ба ду ним раво набувад ва агар катон ба ассор диҳад, ҳамчунин. Ва агар дар тиҷорат шарт кунад, ки ҷуз аз фалон чиз нафурӯшад ва ҷуз аз фалон чиз нахарад, ботил шавад; ва ҳар чи муомилатро танг кунад, шарти он раво набувад.
Ва ақд он бувад, ки гӯяд: «Ин мол ба ту додам, то тиҷорат кунӣ ва суди вай ба ду ним». Ва вай гӯяд: «Пазируфтам». Чун ақд баст, омил вакили вай бошад дар хариду фурӯхт. Ва ҳар гоҳ хоҳад фасх кунад, раво бувад; чун молик фасх кард агар ҷумлаи мол нақд бувад ва суд набувад, қисмат кунанд. Ва агар мол арз бувад ва суд набувад, ба молик диҳад, бар омил воҷиб набувад, ки бифурӯшад. Ва агар омил гӯяд, ки бифурӯшам молро, моликро раво бувад, ки манъ кунад, магар забуне3 ёфта бошад, ки ба суд бихарад, он гоҳ манъ натавон кардан. Ва чун моли арз бувад ва дар вай суд бувад, бар омил воҷиб бувад, ки бифурӯшад, бад-он нақд, ки сармоя будааст, на нақде дигар. Ва чун миқдори сармоя нақд кард, боқӣқисмат
1 Музориба, навъе ширкат.
2 Ҷамъи арз – хоста, матоъ.
3 Харидоре, ки ба рағбат чизеро мехарад.
кунад; ва ба вай воҷиб набувад фурӯхтани он. Ва чун як сол бигузарад, воҷиб бувад, ки қимати мол бидонад – барои закот ва закоти насиби омил бар омил бувад. Ва нашояд ки бе дастурии молик сафар кунад – агар бикунад, дар замони мол бувад, агар ба дастурӣ кунад, нафақаи роҳ бар моли қироз бувад, чунон ки нафақаи кайёл ва ваззон ва ҳаммолу кирои дукон бар мол бувад. Ва чун боз ояд, суфраву митҳара ва он чи аз моли қироз харида бошад, дар миён ниҳад, ки муштарак бувад.
Ақди шашум
Ақди ширкат аст
Чун мол муштарак бувад, ширкат он бувад, ки якдигарро дар тасарруф дастурӣ диҳанд; он гоҳ суд ба ду ним бувад, агар моли ҳар ду баробар аст ва агар мутафовит аст, ҳамчунон бувад. Ва бо шарт раво набувад, ки бигардонанд, магар он ки яке кор хоҳад кард; он гоҳ раво бувад, ки вайро ба сабаби кори зиёдатӣ шарт кунанд; ва ин чун қироз бувад, бо ширкат ба ҳам.
Аммо се ширкати дигар одат аст ва он ботил бувад.
Яке ширкати ҳаммолон ва пешаварон, ки шарт кунанд, ки ҳар чи касб кунанд, муштарак бувад. Ва ин ботил бувад, ки музди ҳар касе хоси мулки вай бувад.
Ва дигар ширкати муфоваза гӯянд, ки ҳар чи доранд, дар миён ниҳанд ва гӯянд: «Ҳар суду зиёне, ки бувад ба ҳам бувад». Он низ ботил бувад.
Дигар он, ки якеро мол бувад ва якеро ҷоҳ ва мол мефурӯшад ба қавли соҳиби ҷоҳ, то суд муштарак бувад, ин низ ботил бувад.
Ин миқдор аз илми муомилот омӯхтан воҷиб бувад, ки ҳоҷат ба ин илм аст. Аммо он чи берун аз ин аст, нодир афтад. Ва чун ин бидонад, ҳар чи биюфтад, тавонад пурсид. Ва чун ин надонад, дар ҳаром афтад ва надонад – он гоҳ маъзур набувад.
БОБИ СЕЮМ
Дар адлу инсоф нигоҳ доштан дар муомилат Бидон, ки он чи гуфтем, шарти дурустии муомилат буд – дар зоҳири шаръ – ва бисёр муомилат бувад, ки фатво диҳем, ки дуруст аст, валекин он кас, ки дар лаънат бувад. Ва он муомилате бувад, ки дар он ранҷу зиёни мусалмонон бувад; ва он ду қисм аст: яке омму яке хос.
Аммо он чи ранҷи ом бувад ва он ду навъ аст:
Навъи аввал эҳтикор аст. Ва мӯҳтакир малъун аст. Ва мӯҳтакир он бувад, ки таом бихарад ва биниҳад, то гарон шавад, он гоҳ бифурӯшад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки чиҳил рӯз таом нигоҳ дорад, то гарон шавад, он гоҳҳама ба садақа диҳад, каффорати ин набувад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки таом нигоҳ дорад, Худои таъоло аз вай безор аст ва вай аз Худои таъоло безор аст». Ва расул гуфт алайҳиссалом:
«Ҳар ки таоме харад ва ба шаҳре барад ва ба нархи рӯз бифурӯшад, ҳамчунон бувад, ки ба садақа дода бошад»; ва дар яке ривоят: «Ҳамчунон бувад, ки бандае озод карда бувад». Ва Алӣ мегӯяд разийаллоҳу анҳу:
«Ҳар ки чиҳил рӯз таоме биниҳад, дили вай сиёҳ гардад». Ва вайро хабар доданд аз таоми мӯҳтакаре, бифармуд, то оташ андар заданд андар он таом.
Ва баъзе аз салаф ба дасти вакили хеш таоме аз Восит ба Басра фиристод, то бифурӯшанд. Чун даррасид, сахт арзон буд, як ҳафта сабр кард, то ба азъоф бифурӯшад ва бифурӯхт ва набишт, ки: «Чунин кардам».
Ҷавоб набишт, ки: «Мо қаноат карда будем ба суди андак бо саломати дин, набоистӣ ки ту дини мо дар ивази суди бисёр додӣ. Ин ки кардӣ, ҷинояте азим аст; бояд ки ҷумлаи он мол ба садақа диҳӣ каффорати инро ва на ҳамоно, ки ҳанӯз аз шумии ин сар ба сар бираҳем»1
.
Ва бидон, ки сабаби ин таҳрим зарари халқ аст, ки қут қавоми одамӣ аст, чун мефурӯшад, мубоҳ аст ҳама халқро харидан. Ва чун яке бихарад ва дар банд кунад, дасти ҳама аз он кутоҳ бошад, чунон бошад, ки оби мубоҳ дар банд кунад, то халқ ташна шаванд ва ба зиёдат бихаранд. Ва ин маъсият дар харидани таом аст бад-ин ният. Аммо деҳқон, ки вайро таом бошад, он худ хоси вай аст, ҳар гоҳ ки хоҳад бифурӯшад ва бар вай воҷиб набувад, ки зуд бифурӯшад, лекин агар таъхир накунад авлотар ва агар дар ботин рағбате бувад бад-он ки гарон шавад, ин рағбат мазмум бошад.
Ва бидон, ки эҳтикор дар доруҳо ва чизҳо, ки на қут бошад ва на ҳоҷат бад-он ом бувад, ҳаром нест. Аммо дар қут ҳаром аст, аммо он чи ба вай наздик бувад, чун гӯшту равған ва амсоли ин, хилоф аст; ва дуруст он аст, ки аз кароҳат холӣ набувад, аммо ба дараҷаи қут нарасад. Ва нигоҳ доштани қут низ он вақт ҳаром бувад, ки таом танг бувад. Аммо вақте ки ҳар вақт, ки хоҳад харид, осон биёяд, нофурӯхтан ҳаром набошад, ки дар он зараре набошад. Ва гурӯҳе гуфтаанд, ки дар ин вақт низ ҳаром бувад; ва
1 Мақсуд ин аст – Ва шояд бо ин кор ҳам ҳанӯз аз шумии ин гуноҳ комилан нараста бошем.
дуруст он аст, ки макрӯҳ бувад, ки дар ҷумла интизори гаронӣ мекунад.
Ва ранҷи мардумонро мунтазир будан мазмуму макрӯҳ бувад.
Ва салаф макрӯҳ доштаанд ду навъ тиҷоратро: яке таом фурӯхтан, дигаре кафан фурӯхтан, ки дар интизори марг ва ранҷи мардумон будан мазмум аст. Ва ду навъ пеша мазмум доштаанд: қассобӣ, ки дилро сахт кунад ва заргарӣ, ки ороиши дунё кунад.
Навъи дуввум аз ранҷи ом набаҳра (пули қалб, носара) додан аст дар муомилат – чи агар бидонад он кас, ки меситонад, худ зулм карда бошад бар вай ва агар донад, бошад ки вай бар дигаре талбис кунад; ва он дигар бар дигаре; ва ҳамчунин то рӯзгори дароз дар дастҳо бимонад ва мазлимати он ба вай бозгардад. Ва барои ин гуфтааст яке аз бузургон, ки: «Як дирам набаҳра додан, батар аз он, ки сад дирам дуздидан, барои он ки он маъсияти дуздӣ бирасад дар вақт ва ин бошад, ки пас аз марг меравад; ва бадбахт он бошад, ки вай бимирад ва маъсияти вай намирад ва меравад ва бошад ки сад солу дувист сол бимонад ва вайро дар гӯр бадон азоб мекунанд, ки асли он аз дасти вай рафта бошад».

пешина
аз 176
навбатӣ