Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи паси марги ту хорӣ дидам,
Ҳарфи бад аз дигарон бишнидам.
Гунаҳи бегунаҳам борам шуд,
Аз худу зиндагиям ранҷидам.

Ту куҷоӣ, ки сарам сила кунӣ,
Қуввату пушту паноҳам, падарам.
Гирӣ оғўшаму бўсӣ бо меҳр,
Падарам, тоҷи сарам, болу парам.

Ҷои ту дар дили ман холӣ монд,
Ҳавасат дар дили ман нашкаста.
Падарам, дарди ятимӣ зўр аст,
Ман чӣ созам ба дили бишкаста?

НАЁБӢ

Ба шабеҳи офтобӣ, ба сарам чу моҳтобӣ,
Ба баҳори синаи ман, ту чу тобиши саробӣ.
Зи ҷаҳони ошиқиҳо чӣ ҷавон гузаштам охир,
Ки ҳазор соли дигар чу манат дигар наёбӣ!

Ту маҷў дигар нишонам, ки ҳамеша масти хобӣ,
Чу нишони бенишонам, ту маро чаро бикобӣ?
Ба забони шеър гуфтам ғазали ҷудоиямро,
Ки ҳазор соли дигар чу манат дигар наёбӣ!

Ту маё ба хонаи ман, ки зи худ фирор кардам,
Ба ҷароҳатам мазан даст, ки дилам фигор кардам,
Аҷабо, ки дер кардӣ, чу ситорае бирафтам,
Ки ҳазор соли дигар чу манат дигар наёбӣ!

МОДАР

Модар, ғами ту сархати ғамҳои ман аст,

пешина
аз 73
навбатӣ