Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин кулбаи ту ҷаҳони паҳнои ман аст.
Он чўби аловковаки чагдонат,
Лавҳу қаламу забони гўёи ман аст.

ҶАВОН ХОҲӢ МОНД

Модар, ту барои ман ҷавон хоҳӣ монд,
Монанди фаришта ҷовидон хоҳӣ монд.
Ман ҳайкали ту ба қалб мебигзорам,
Чун олиҳаи давру замон хоҳӣ монд.

ДАР ЁДИ МОДАРАМ

Ҳастам зи саҳар ба ёди рўят, оча,
Дар кўчаи дил ба ёди бўят, оча.
Бо кӣ биравам, дарди ҷудоӣ гўям,
Ку лаҳни хушу ҳусни накўят, оча?
Аз рафтани ту гузашт бас соли дароз,
Ҳастам ба хумори рўю мўят, оча.
Дар ёди ту бар хонаи хоҳар биравам,
Рўзам гузарад ба ҷустуҷўят, оча.
Дар пуштаки хона менишастӣ ба умед,
К-ояд писарат шод ба сўят, оча.
Хоҳам, ки равам сари мазорат ба алам,
Пазмон шудаам ман ба руфўят, оча.
Бар содагиву ба хориҳоят гирям,
Ман хоки раҳу фидои кўят, оча.

ВАТАН

Ҳамватан, ҳамватан,
Шуҳрату шони ман.
Ҳамватан, ҳамватан,
Ҷисми ман, ҷони ман!

пешина
аз 73
навбатӣ