Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре диретори нашриёт Хоҷаев саросема аз дар даромаду гуфт, ки ягон чиз дорӣ, мурдам аз гушнагӣ, обед накардаам. Гуфтам ҳаст ва аз ҳамон консерваҳо дуто (аз яхдони қабулгоҳ) овардам. Хоҷаев бо нони гарм башавқ хўрду ниҳоят пурсид: аҷаб бомаза будааст. Аз куҷо ёфтӣ? Гуфтам: – Ин ришва аст. ҳамон консерваҳои муаллим, ки дар яхдони қабулгоҳ буд. Хоҷаев як табассум карду гуфт:
– Афсўс, ки мазаи ришваро дер фаҳмидем.
Ў бояд ҳамон сол ба нафақа мебаромад.

Дар нашриёт сари истилоҳе баҳс шуд. Хостам ба «нохун»– и «Фарҳанги забони тоҷикӣ» гиреҳи ин муаммо кушоем. Аммо «Фарҳанг» ба додамон дармон нашуд.
Холиқ Мирзозода, ки он ҷо ҳузур доштанд, гуфтанд:
– Беҳуда заҳмат кашидед. Ин китоби шуморо «фар»
рафтаасту «ҳанг» мондааст.

Гурўҳи бинокордухтарон тасис ёфт. Дар ноҳияи Куйбишев. Пеш аз ҳама мо, кормандони рўзномаи ҷавонон ба дастгирии ин ташаббус камар бастем. Зуд саҳифае ташкил кардем. Саҳифа бе шеър зиннат надошт. Шодравон Ҳусейнӣ (Иззатулло) дарҳол ғазали мувофиқе навишт ва саҳифаро музайян намуд. Яке аз байтҳои он ғазал чунин буд:
Хона мерехт домод аз қадим баҳри арўс,
Ин арўси давр бин, ки хона бар домод кард.

пешина
аз 231
навбатӣ