Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баръакс, агар нифоқу шиқоқ дар байни шумо роҳ ёфт, он вақт заифтарин душмане шуморо монанди ин тирҳо, ки шикастам, хоҳад шикаст.
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт!

ШИКОРИ МАЛАХ

Писаре малахҳоро шикор мекард. Дар ҳоле ки теъдоди зиёди малахҳоро шикор карда буд, ногаҳон ба каҷдуме бархўрд кард. Писар инро ҳам малах тасаввур карда, дасти худро дароз кард, то ўро бигирад. Каҷдум дар муқобил неши худро нишон дода, гуфт:
– Писарам, беҳтар аст аз шикори ман сарфи назар кунӣ, вагарна на танҳо маро, балки ҳамаи малахҳоро, ки ба заҳмат ҷамъ кардаӣ, низ аз даст хоҳӣ дод.

МОДАШЕР

Рўзе байни ҳайвонот муноқиша рўй дод. Муноқиша рўи ин мавзўъ рух дод, ки кадом яке аз ҳайвонот ҳақ дорад аз тавлиди фарзандони зиёд ифтихор кунад. Билохира тамоми ҳайвонот ба тарафи модашере, ки дар он навоҳӣ буд, рафта, аз ў пурсиданд, ки ў солона чанд фарзанде ба дунё меоварад.
Модашер аз ин савол хандаи баланде сар дод ва гуфт:
– Ман солона як фарзанд ба дунё меоварам, аммо фаромўш накунед, ки ин фарзанд ба тамоми маънӣ шербача аст.
Яке марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор!

КЎҲИ ПУРИЗТИРОБ

Кўҳбачаеро ҳикоят кунанд, ки бисёр ба ғазаб омада
буд. Ва оҳу фарёди зиёд аз он бармеомад. Мардуми дуру
наздик рафтанд, то бубинанд чӣ воқиа рух додааст. Дар ҳоле ки ҳама мардум интизор буданд, ки шояд мусибати бузурге рух дода бошад, бо тааҷҷуб мутаваҷҷеҳ шуданд, ки аз миёни сангҳо як мушкўҳе бадар шуд.

пешина
аз 231
навбатӣ