Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Ман дар ин ҷо ҳеҷ рўбоҳе надидаам.
Ва дар айни замон чанд маротиба ба тарафи хонаи худ ишора мекард, то бо ишора ба онҳо бифаҳмонад, ки рўбоҳ дар он ҷо пинҳон шудааст. Марди шикорӣ ба ишораи ў мутаваҷҷеҳ нашуд ва гуфтаи ўро қабул карда, аз он ҷо рафт.
Вақте шикорӣ дур шуд, рўбоҳ аз камингоҳ баромаду бидуни ин, ки ба чўбшикан эътимод кунад, ба роҳи худ идома дод. Чўбшикан ба рўбоҳ гуфт:
– Эй ноинсон, ман ҳаёти туро харидам, аммо ту бидуни изҳори як ташаккури мухтасар бо беэътиноӣ аз ман дур мешавӣ?
Рўбоҳ, дар ҳоле ки ба рафтани худ идома медод, гуфт:
– Яқинан ман аз ту самимона ташаккур мекардам, агар гуфтор ва кирдори ту ягона мебуд!
ШИКОРӢ, КАБК ВА ХУРЎС
Шикориро гўянд, ки барои паррандагон дом мениҳод. Рўзе, ки ҳеҷ шикоре насибаш нашуда буд, барои нони чошт хост аз сабзавот истифода кунад. Дар ҳамин вақт чанд нафар аз дўстон ғайрчашмдошт ба хонаи ў омаданд. Шикорӣ барои он ки мизбони хуб бошад, хост кабки худро бикушад. Кабк ба ў узру илтиҷо кард гуфт:
– Агар ту маро бикушӣ, рўзи дигар чӣ гуна бидуни овози ман шикоре ба даст хоҳӣ овард?
Шикорӣ ҳаёти ўро бахшида, ба тарафи хурўси худ рафт то ўро бикушад. Хурўс ҳам ба нолаву зорӣ даромада гуфт:
– Агар ту маро бикушӣ, кӣ туро аз омадани субҳ хабар хоҳад дод ва кӣ туро барои корҳои рўзона бедор хоҳад кард?
Шикорӣ гуфт:
– Гуфтаҳои шумо дуруст аст. Шумо ба ман бисёр муфид ҳастед, аммо рафиқони ман омадаанд ва ман чун як мизбони хуб бояд барояшон ғизо муҳайё кунам!. .

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё