Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гар зарурат бувад, раво бошад!
ХАР ВА СОЯАШ

Мусофире сафари дарозе дар пеш дошт. Тобистон буду офтоб бошиддат метобид. Мусофир хареро аз як нафар кироя кард ва ба роҳ афтод. ҳанўз фосилаеро тай накарда буданд, ки мусофир шиддати офтобро тоб наёварда, хост лаҳзае истироҳат кунад, вале дар он ноҳия на дарахте буд ва на деворе, ки зери сояи он биосояд.
Ночор аз сояи хар истифода кард. Аммо сояи хар кўтоҳ буду метавонист барои як нафар кифоят кунад. Бо ин ният байни мусофир ва соҳиби хар муноқиша рух дод.
Соҳиби хар гуфт: «Дуруст аст, ман хари худро ба ту кироя додам, аммо сояи он ба ман тааллуқ дорад, ки молики аслии он ҳастам». Аммо мусофир мегуфт: «Вақте ман харро кироя кардам, сояи он иловаи он аст».
Бо ин тартиб муноқиша ба муҷодила кашид. Вақте ҳарду баҳам дасту гиребон буданд, хар мавридро ғанимат дониста, аз он ҷо фирор кард.

ХАРГЎШҲО ВА БАҚҚАҲО

Гўянд, харгўшҳо аз буздилии худ мутаассир гардида, бо худ қарор доданд, ки беҳтар аст худро аз як баландии зиёде ба ҳавз андохта, ба ҳаёти худ хотима диҳанд. Вақте ба баландии наздики ҳавз расиданд, то худро ба ҳавз бияндозанд, дидаанд, баққаҳои ҳавз аз овози онҳо тарсида ба ҳар тараф пинҳон шуданд. Дар ҳамин вақт яке аз харгўшҳо фарёд кард:
– Таваққуф кунед ва ба ҳаёти худ хотима надиҳед, зеро намебинед, ки баъзе мавҷудоте вуҷуд доранд, ки ҳатто аз мо метарсанд!

МЎРЧА ВА КАБЎТАР

Мўрчае аз ташнагӣ ба ҷон омада буд, наздики ҳавзе рафт, то об бинўшад.

пешина
аз 231
навбатӣ