Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Тасодуфан пои мўрча лағжиду дар об афтод. Наздик буд мўрчаи бечора ғарқ шавад, ки кабўтаре аз болои дарахте, ки рўи ҳавз соя меандохт, мутаваҷҷеҳи ў шуд. Кабўтар баргеро аз дарахт ба минқор канду наздики мўрча андохт. Мўрча ба рўи барг боло шуд ва ба ин тартиб аз марг наҷот ёфт.
Ҳанўз лаҳзае нагузашта буд, ки як шикорӣ кабўтарро диду хост ўро ҳадафи тири худ созад. Мўрча матлаби шикориро дарёфта, ба ў наздик шуда, пои ўро чунон сахт газид, ки тири ў ба хато рафт ва бо ин тартиб кабўтар парвоз карду ҷон ба саломат бурд.
Накўӣ аз байн намеравад!
ШОДӢ (МАЙМУН) ВА МОҲИГИР
Моҳигире аз моҳигирӣ хаста шуда ва дар ҳоле ки ҷоли (тўр) худро дар соҳил гузошта буд, худаш ба хона рафт. Шодӣ дар он навоҳӣ болои дарахте нишаста, ҳаракати моҳигирро таъқиб мекард. Вақте дид моҳигир дур шуд, аз дарахт поин омада, ҷолро ба дарё андохт.
Вале шодӣ ҳам ба ҷол банд шуда, ба дарё рафт. Шодӣ дар он лаҳзаҳои охири зиндагӣ ба худ гуфт:
– Сазои худро ёфтам. Ман чӣ ҳақ доштам, дар ҳоле ки ҳеҷ гоҳ ҷолеро дар даст нагирифтаам ба шавқи моҳигирӣ биафтам!
ГУРГ ВА РЎБОҲ
Гургеро гўянд, ки қуввати бузургиву суръати рафтори ў аз дигар гургон зиёдтар буд. Гургони дигар ин гурги қавиро бо номи «Шер» ёд мекарданд. Гург, ки ҷуссаи бузург, вале ақли бисёр кам дошт, бо худ фикр кард, ки ў воқиан Шер аст. Ба асоси ин фикр аз ҳалқаи гургони ҳамнавъ ҷудо шуду хост ба шерон якҷоя зиндагӣ кунад.
Рўбоҳи пире аз дидани ин воқиа сари худро ҳаракат дода, ба ў гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё