Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Оё намедонӣ, ки одати ман он аст, то аз дигаре чизе барои худ биситонам, бидуни ин ки аз худ чизе ба дигаре диҳам.
ШЕР, ҶУПИТЕР ВА ФИЛ
Шереро ҳикоят кунанд, ки аз шикоятҳои зиёд Чупитерро хаста сохт. Ў ҳамеша шикоят карда мегуфт:
– Дуруст аст, ки ман қавитарин ва мақбултарини ҳайвонот ҳастам. Ҳеҷ ҳайвоне тоби дандонҳои тезу чанголҳои пурқуввати маро надорад. Вале мусибате бештар аз ин аст, ки ман бо тамоми ин ҳама қуввату қудрат боз ҳам аз овози хурўсе ҳаросон мешавам.
Чупитер ҷавоб дод:
– Эй шер, шикояти беҷо хуб нест. Ту бояд ба ҳама ҳайбюате, ки ба ту дода шудааст, шукр кунӣ, на ин ки аз танқисии кўчаке шикоят кунӣ.
Бо вуҷуди он, шер аз шикоят даст накашид. Худро буздил ҳисоб карда, аз чунин зиндагӣ маргро беҳтар медонист. Баъд аз чанде дид филе аз навоҳӣ мегузарад. Шер назди ў рафт, то бо ў суҳбат кунад. Вале дид, ки фил гўшҳои худро қат карда, ҳаракат мекунад. Вақте шер аз ў ҳаракат додани гушҳояшро пурсид, фил ҷавоб дод:
– Оё ин ҳайвони кўчакеро, ки пашша ном дорад, мебинӣ? Агар ин пашша ба гўши ман дохил шавад, ҷуз мурдан чора надорам.
Дар ин вақт шер ба худ гуфт:
– Вақте чунин як ҳайвони бузурге аз як пашшаи кўчаку нотавон битарсад, дигар шикояти ман бемаврид аст. Зеро хурўс бузургтар ва қавитар аз пашша аст!
ХАР ВА АСП
Харе аз як асп хоҳиш кард, ки ба ў каме коҳ бидиҳад.
Асп гуфт:
– Бисёр хуб, баъд аз он ки ман сер шудам, агар чизе боқӣ монад, барои он ки олиҳиммат ҳастам, онро хоҳам дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё