Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар шаб ман дар тавилаи худ рафтам ва туро дар он навоҳӣ дидам, як халта ҷавро ҳам ба ту мебахшам.
Хар дар ҷавоб гуфт:
– Ташаккур, ман тасаввур намекрадам, ки касе акнун аз як мусоидати бисёр ночизе дареғ мекунад, рўзе ба ман кўмаки бузург мекунад.

ШЕР ВА ШУБОН

Шере дар ҷангале роҳ мерафт. Ногоҳ хори бузурге ба пои ў дохил шуд. Шер аз дард бисёр ба танг омада, назди шубоне рафт ва аз ў ёрӣ хост. Шубон пои ўро баланд карда, хорро аз пои ў берун кард. Шер аз дард раҳоӣ ёфт ва ба тарафи ҷангал рафт. Дере нагузашта, ки шубон ба ҷурме мутаҳам гардид. Ҳукм шуд, то шубонро ба назди шер бигзоранд. Дар ин вақт шере, ки шубон ба ў эҳсон карда буд, уро диду ба тарафи ў омад ва пои худро ба асари дўстиву муҳаббат ба сари зонуи шубон гузошт.
ҳоким аз дидани ин вазъ ҳам шерро озод кард ва ҳам аз зулми шубон даргузашт.

САРВАТМАНД ВА РАНГМОЛ

Сарватманде дар ҳамсоягии рангмоле сукунат дошт.
Сарватманд аз бўи тези рангҳо ба сутўҳ омада, болои рангмол фишор овард, то хонаи худро тарк бигўяд. Рангмол ба баҳонаи имрўзу фардо сарватмандро ваъда медод, вале то муддати зиёде аз хона берун нашуд. Сарватманд оҳиста– оҳиста ба бўи ранг одат кард ва дигар аз бўи бад шикоят намекард.

УЛОF (ХАР) ВА СОҲИБАШ

Улоғеро соҳибаш болои кўҳе ба роҳ андохта буд.
Улоғ дафъатан ба наздикии парришгоҳи кўҳ рафта ва хост худашро поин андозад. Соҳибаш аз думи ў гирифта кашид, то ўро аз афтидан наҷот диҳад, вале улоғ мекўшид худро поин бисозад.

пешина
аз 231
навбатӣ