Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Суффикси -ӣ

Суффикси -ӣ дар сохтани исмҳои абстракт суффикси сермаҳсултарин ба шумор меравад. Ба воситаи вай аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва неологизмҳо исмҳои абстракт сохта мешавад.

  1. Аз исм. Аз гурӯҳи муайяни исм бо суффикси -ӣ исми абстракт сохтан мумкин аст.

а) Аз исмҳое, ки шахсро аз рӯи касбу кор, ихтисос ва машғулият мефаҳмонанд, ба воситаи суффикси -ӣ исмҳои абстракт сохта мешавад, ки онҳо касбу кор, ихтисос ва машғулиятро ба таври умумӣ, ҷудо аз шахс ифода менамоянд. Асоси ин гуна исмҳо дар шакли содда, сохта ва мураккаб меояд. Мисол: деҳқонӣ, косибӣ, шофёрӣ, инженерӣ, савдогарӣ, коргарӣ, кирмакпарварӣ, боғдорӣ ва ғайра.

... Чорум Қорӣ Шариф ном дошт, ки падараш кордгарӣ мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар деҳқонӣ ва чорводории амалдорон ва молдорони калон ғуломон ҳам бисёр кор мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Машғулияти асосии оммаи мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Хоразм дар деҳот кишту кор, боғдорӣ, кирмакпарварӣ буда, дар шаҳрҳо ва дар марказҳои аҳолинишин майдаҳунармандӣ (пешаварии), бофанддагӣ, дӯзандагӣ, меъморӣ, наққошӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, оҳангарӣ ва монанди инҳо буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

б) Баъзе исмҳо хусусият ва ё хислатро ифода намуда, маҷозан ба сифат мегузаранд. Дар чунин маврид аз онҳо бо суффикси -ӣ исми абстракт сохта мешавад. Исми абстракте, ки аз ин гуна исмҳо сохта мешавад, аломату хосият ва хусусияти предметро дар истисноӣ аз предмет ифода менамояд:

— Бале, бале, сабук мешавад, — гуфта монд беихтиёр мӯйсафед, вай ҳоло ба рӯбоҳӣ ва фиребгарии бой ҳайрон шуда чӣ гуфтанашро намедонист (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Агар марди мардон бимирад ё ягон кори хилофи мардӣ карда, аз миён ронда шавад, аз тайёрон якеро, ки дар мардӣ мумтоз, дар зӯрӣ беҳамто, ба дуздӣ ва шӯрапуштӣ тӯҳматзада нашуда бошад, интихоб мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

в) Аз исмҳое исми абстракт сохта мешавад, ки онҳо муносибати гуногунро мефаҳмонанд. Дар исмҳои абстракт на предмет, балки ҳамон муносибат ба таври умумӣ ифода карда мешавад: бародарӣ, модарӣ, падарӣ, хоҳарӣ, дӯстӣ, душманӣ.

Агар дар байни ду нафаре, ки ҳар ду ҳам дар мардӣ бонумус бошанд, душманӣ афтад, масъала ба тарзи дуэли европагиҳо бо ҷанги тан ба тан ҳал мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

пешина
аз 457
навбатӣ