Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

г) Аз исмҳое, ки синну сол ва калонию хурдӣ ва ё ягон давраи зиндагиро ифода мекунанд, бо суффикси -ӣ исми абстракт сохта мешавад. Баъзеи онҳо аслан сифат буда, ба исм гузаштаанд: кӯдакӣ, ҷавонӣ, пирӣ, арӯсӣ, келинчакӣ.

Дил боз дар ҳавои ту парвоз мекунад,
Пирест ёди кӯдакӣ оғоз мекунад.
(П. Сулаймонӣ, Маҷ. шеърҳо)

Айни духтарии худам, келинчакии худам барин! (С. Улуғзода, Калтақдорони сурх).

  1. Аз сифат. Сифатҳо барои ба амал омадани исмҳои абстракт заминаи асосӣ ба шумор мераванд. Ба воситаи суффикси -ӣ аз сифатҳои содда, сохта ва мураккаб исми абстракт сохта мешавад, ки онҳо аломат, хосият ва ҳолатро ҳамчун предмет номбар мекунанд:

Ӯ як одами сафедчеҳраи чашму абрӯсиёҳи кулӯтариши хушкадубаст буд, ки бо зебоии ҳайкали ӯ одам кам дида мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аспи ин фидоии қаҳрамон, ки саманди ёлудумсиёҳ буда, дар ҳаракат ва чолокӣ аз соҳиби худ монданӣ надошт, дар шолипояҳои обпахшкарда, ки то зонуяш ба лой фурӯ мерафт, монанди ин ки дар роҳи ҳамворе мерафта бошад, бо тезӣ ва осонӣ пой мепартофт (С. Айнӣ, Куллиёт). Саводнокии бародарамро дида, эҳтироми ман ба вай зиёдтар мешуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳанӯз бадан ва дарунам аз шиддати ҳарорат месӯхтанд, аммо беҳушӣ монанди дишаба бисёр рӯй намедод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Писанд омад ӯро қаландаршавӣ,
Шабу рӯз машғули айшу хушӣ...
(С. Айнӣ, Куллиёт)

  1. Аз феъл. Аз феълҳои ҳаст ва нест ба воситаи суффикси -ӣ исми абстракт сохта мешавад:

Кори нав, ҷои нав, шароити нав,
Ҳастию нестии хонаи нав...
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

Суффикси -гӣ

Суффикси -гӣ варианти суффикси -ӣ мебошад:

Дар баробари мардонагию диловарии онҳо густохии ман ҳеҷ аст (С. Улуғзода, Пьесаҳо). ...акнун хуб кӯшиш карда хон, ки мондагиҳояшро гирӣ ва бо ҳамсолонат, ки дар чорсолагӣ ба мактаб рафтанд, баробар шавӣ (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ аз қозигӣ маъзул шуда, чанд гоҳ бекор хобид (С. Айнӣ,

пешина
аз 457
навбатӣ