Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Куллиёт). Дар ин айём яке аз амакҳои модарам мурд ва занаш, ки камтар саводе дошт, барои муаллимагии ман муносиб афтод (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
Исмҳои абстракт, ки аз сифатҳои феълӣ ва сифатҳои феълии исмшуда сохта шудаанд, ҳолат ва машғулиятро номбар мекунанд: кӯфтагӣ, дилшикастагӣ, ресандагӣ, даррандагӣ, нависандагӣ, ронандагӣ ва ғайра.
Пас аз кӯфтагӣ, хунукӣ ва гуруснагии роҳ он хоначаи пасти сиёҳ ва пурдуд ба мо дорулроҳати ҳақиқӣ намуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба шумо ин хел ноумедӣ, дилшикастагӣ намезебад, шумо ҳоло ҷавон ҳастед (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх). Раҳимбек душмани саҳл не, вай ба зиракӣ мисли гурги пир, ба маккорӣ мисли рӯбоҳ, ба даррандагӣ мисли паланг аст (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).
Суффикси -гарӣ
Суффикси -гарӣ сермаҳсул буда, асосан барои сохтани исмҳои абстракт хизмат мекунад. Бо суффикси -гарӣ хосияти доимӣ ва давомнокию такрори амалу ҳолат низ ифода меёбад: одамгарӣ, сахтигарӣ, софигарӣ, сипоҳигарӣ, навигарӣ, мардигарӣ, калонигарӣ, зӯригарӣ, босмачигарӣ, боигарӣ, ваҳшигарӣ, боронгарӣ ва ғайра.
Бо дидани шумо ман ҳама чизро фаромӯш кардаам, ҳатто одамгариро! (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо ҳунари зироатгарӣ ва муҳаббатеро, ки ба замин доранд, бо худ оварданд (С. Улуғзода, Навобод). Ману Азизхон бошем, бисёр шод шудем, зеро ки дер боз ягон дигаргунӣ ва навигариро орзӯ мекардем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Инҳо дар мардигарӣ хеле олиҷаноб буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ана, гиред ва ин сафсатаю гочигариро бас кунед («Садои Шарқ»). Николаев сипоҳигарӣ накарда, бо ман ҳамту, монандӣ ошно муомила кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бойҳо, кулакҳо, муллоҳо, ки босмачигарӣ аз худи ҳамонҳо сар зада буд, дар байни инҳо «ғапчинӣ» карда мегаштанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). ... истодагарӣ карда муқобиламат намуда бошанд ҳам, дар охир маҷбур шуданд, ки таблҳо, таблкӯбҳо ва сербандаҳоро партофта гурезанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Қозӣ Дониёлҳоҷа, ки аз тарафи модар ба ман хешигарӣ дорад ва худаш одами хуби дониндӯст аст, аҳволи маро ба қозикалон фаҳмонда, дар як мадрасаи бедарсхона маро мударрис кунонид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзе калимаҳо аввал суффикси -ӣ ва баъд суффикси
-гарӣ қабул менамоянд: мард-марДӣ-мардигарӣ, зӯр-зӯрӣ-зӯригарӣ. Аммо баъзе исму сифатҳо бе суффикси -ӣ ҳам суффикси -гарӣ-ро қабул карда метавонанд: одамгарӣ-одамигарӣ, калонгарӣ-калонигарӣ.
Падарамро ин накӯкории хомӯшона ва ин одамгарии беминнат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё