Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
мутаассир мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман ҳам ба ҳамин амал карда, ба калонгариҳои Қорӣ-Ну- рулло чизе намегӯям (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Канӣ, ҳавлии на- ве, ки калонигарӣ карда, ваъда карда буд (Р. Ҷалил, Ҳи- кояҳо).
Боиси қайд аст, ки суффикси -гарӣ мансуби нутқи гуф- тугӯ буда, дар забони адабии ҳозираи тоҷик фаровон истеъ- мол меёбад. Вай аз суффиксҳои -ӣ (-гӣ) тафовут дошта бо- шад ҳам, баъзан ҳамвазифагиашон мушоҳида мешавад:
Босмачигӣ сар шуда буд... (С. Айнӣ, Ғуломон). — Дина шаб аз сари хирман гашта омада ба ҷоғаҳ даромадам ва дар ҳамин вақт ба хотирам расид, ки дар замони босмачигарӣ он ҷо кӯрхонаи босмачиҳо буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Суффикси -иш
Суффикси -иш сермаҳсул аст. Вай бо асоси замони ҳо- зираи феъл омада, исмҳои абстракт месозад, ки амалу ҳо- латро мефаҳмонанд: хониш, хориш, таркиш, ситоиш, сабзиш, сӯзиш, вазиш, бахшиш, бахшоиш, бориш, нолиш, осоиш, на- возиш ва ғайра.
Дар бештарин исмҳои абстракте, ки бо суффикси -иш сох- та шудаанд, процесси амалу ҳолат ва бардавомии онҳо низ ифода меёбад:
Ҳуҷуми ваҳшиёнаи сагон, тозиши девонавири асп барои савор як ҳолати пурхавферо пайдо кунонда буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Лекин кӯшишҳои ман бедарак буд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Кӯбиши дар ҳанӯз давом мекард... (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо чӯби дарози мактабдор ба ҳама гӯшаҳои мак- таб расо расида, сари халифаро молиш медод (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзе исмҳое, ки бо суффикси -иш сохта шудаанд, ҳам- чун натиҷаи амал воқеъ мегарданд: дониш, шӯриш, созиш.
Чароғи ақли инсон аст дониш,
Калиди бахти инсон аст дониш.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)
Он деҳа обшор ва хушҳаво буда, одамонаш ҳам бо ӯ хуб созиш кардаанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Фитнаву шӯриши Баҳ- ром аз ҷон гузаронд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). ...дар тамоми рӯи пӯсти бадан хориши сахте пайдо шуд... (С. Айнӣ, Куллиёт).
Бо суффикси -иш аз калимаҳои тақлиди овозӣ низ исми абстракт сохта мешавад: таппиш, ғурриш.
Шилдир-шилдири як ҷӯйча бо шарроси новаҳои осиё ва ғурриши оби Зарафшон ба ҳам омехта ба гӯшатон як мусиқаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё