Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
маданият»). Аз рӯи маънидоди ӯ чангу гард ва арақ омехта шуда, ба чашм даромада сӯзиш мекунанд (Б. Ортиқов, Гу-ли сурх).
V. Исмҳои мураккабе, ки аз исму сифати феълӣ таркиб ёфтаанд. Бо ин қолаб таркиб ёфтани исмҳои мураккаб каммаҳсул мебошад. Исмҳое, ки аз исму сифати феълӣ таркиб ёфтаанд, шахс ва предметро мефаҳмонанд: бастакор, шикастапора, мурдахона ва ғайра:
Модари пуршафқати ояндаавлодон туй (М. Турсунзода, Ас. мунт). Фирӯза аз пеши дари мурдахона гузашт (Ҷ. Ик-ромӣ, Духтари оташ).
VI. Исмҳои мураккабе, ки аз ду сифат бевосита ва ё бавосита таркиб ёфтаанд: навобод, пастхамӣ ва ғайра.
VII. Исмҳои мураккабе, ки аз сифату асоси замони ҳозираи феъл таркиб ёфта, исмҳои конкретро бевосита, вале мафҳумҳои абстрактро ба воситаи суффикси -ӣ ифода менамоянд: якканавоз, яккатоз, дурбин, яккабанд, хамгашт, ростой, калонгирӣ:
Баъзе «корнома»-ҳои ин яккатозон дар қисмҳои ояндаи «Ёддоштҳо» зикр хоҳад шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ яккабандро аз сараш кушода, арақи рӯю гарданашро пок кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ин ростой бисёр дер накашид (С. Айнӣ, Куллиёт).
VIII. Исмҳои мураккабе, ки аз такрори ҷонишини шахсии ман, инчунин аз ҷонишини нафсияш худ ва асоси замони ҳозираӣ феъл ба воситаи суффикси -ӣ таркиб ёфта, амал ва аромату ҳолатро мефаҳмонанд: манманӣ, худзанӣ, худдонамӣ, худдорӣ ва ғайра:
Моҳрӯй! Худро бой мадеҳ, худдорӣ кун (С. Айнӣ, Куллиёт). Лекин дар табиати ӯ ҳамон хислати «худдонамӣ» ҳанӯз вуҷуд дошт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳазор гирьяву қасам, худдонию рӯйхарошии модарам як пула суд надошт (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
IX. Исмҳои мураккабе, ки аз сифати феълии исмшуда ва асоси замони ҳозираи феъл бевосита таркиб ёфта, шахс ва номи амалро далолат мекунад: мурдашӯ, шикастабанд, шикастапайванд:
Ӯ дар вақти хурдсолиаш аз дарахт ғалтида, як пояш шикаста будааст ва дар натиҷаи нодуруст бастани шикастабанд пои чапаш аз пои росташ ду ангушт кӯтоҳ шуда монда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Х. Исмҳои мураккабе, ки аз калимаҳои тақлидӣ ва асоси замони ҳозираи феъл, ки чун феъли таркибӣ омадаанд, ба воситаи суффикси -ӣ таркиб ёфтаанд:
Бисёр дер накашид, ба шиппасзании поҳои нозук хишшосзании куртаи шоҳии бухории нав ҳамроҳ шуд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё