Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Аз феълҳои таркибӣ ба воситаи суффикси -ӣ сохтани исмҳои абстракт дар забони тоҷикӣ басо серистеъмол аст: коркунӣ, азхудкунӣ, ҷамъоварӣ, ҳосилшавӣ ва ғ.
Исмҳо, ки аз се ҷузъ иборатанд
Исмҳо, ки аз се ҷузъи мустақилмаъно иборатанд, дар забони адабии ҳозираи тоҷик ба таври фаровон истеъмол меёбанд. Ин гурӯҳи исмҳо аз ҳиссаҳои мухталифи нутқ бо роҳҳои гуногун таркиб меёбанд. Исмҳои сеҷузъа асосан аз ибораҳо таркиб ёфта, суффиксҳо баъзан ҳамчун воситаи асосӣ хизмат мекунанд.
Исмҳои сеҷузъа бештар макон ва мафҳумҳои абстрактро ифода мекунанд, номи предметҳо ва ҷонварон бо ин роҳ хеле кам сохта мешавад.
- Исмҳои абстракт аз ибораҳо ва ҳиссаҳои гуногуни нутқ ба воситаи суффикси -ӣ таркиб меёбанд:
а) аз исмҳои мураккаб ва асоси замони ҳозираи феъл, ки машғулиятро ифода мекунанд. Ин гурӯҳи исмҳои сеҷузъа дар қолиби исмҳои дуҷузъа таркиб ёфтаанд, ки аз ҳиссаҳои номии нутқу асоси замони ҳозираи феъл ба воситаи суффикси -ӣ сохта мешаванд: шашмақомхонӣ, чаҳормағзбозӣ, зиёратномахонӣ, саломномахонӣ, нахӯдшӯракфурӯшӣ, донашӯракпазӣ ва ғайра:
Дар кӯчаҳо бачаҳо чаҳормағзбозӣ мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дар аснои зиёратномахонӣ вай афту башараи худро каҷу килебкунон мегирист (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Баъд аз маросими никоҳ ва саломномахонӣ ӯро ба пеши арӯс дароварданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзе исмҳои сеҷузъа бо ҳамин қолаб сохта шуда бошанд ҳам, ҷузъи дуюму сеюм феъли таркибӣ буда, бо ҷузъи якум ҳамчун муносибати амал ба объект воқеъ шудааст:
...У шабе бо мо базм рафта, дар бозгашти он базм базмковӣ, базмъёбӣ ва базмтамошокунии моро дар қитъае тасвир карда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ғайр аз инҳо барои мурғибрҷёнкунӣ, равғандоғкунӣ деҳҳои калони чӯянӣ шинонда шуда буд (С. Айнӣ, Ғуломон);
б) аз ибораи изофӣ ва асоси замони ҳозираи феъл, ки машғулияту касбро далолат мекунанд: мактабинавкушой, мардикоргирӣ, ҳалвоисобунпазӣ, обихомнӯшӣ, обичӯшфурӯшӣ, занбӯриасалпарварӣ, ҳакимардумхӯрӣ ва ғайра:
Самоворхонаи тузар чойхона набуд ва қобили нишастан ҳам набуд, балки як хонаи сиёҳи дудолуди ифлос буд, ки вазифаи соҳиби он танҳо обичӯшфурӯшӣ буд, на чойи тайёр (С. Айнӣ, Куллиёт). Мулло Рӯзӣ аз обихомнӯшӣ ҳам маро манъ кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳалвоисобунпазии Мирзо Абдулвоҳид (С. Айнӣ, Куллиёт);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё